ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ ОИД БА НАҚШИ ЗАБОН ДАР ТАШАККУЛИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Бинанда: 10 | Санаи нашр: 03 Октябр 2025

Кулли аҳли назар ва ҷомеаи фарҳангиро равшан аст, ки яке аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол забони миллии он аст ва он дар пойдорӣ ва таҳкиму рушди устувори қудрати сиёсӣ,иқтисодӣ ва фарҳангии он нақши меҳварӣ мебозад, аз ин рӯ дар паноҳи забон будани давлат ва дар паноҳи давлат будани забон ба нафъи ҳардуст.

Дар асари ҷомеи хеш - “Забони миллат- ҳастии миллат” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоштаанд: “то даме ки башарият ҳаст ва забонҳо вуҷуд доранд, доду ситад ва таъсири мутақобилаи забонҳо низ идома пайдо мекунад” ва муҳимтар аз ҳама забони тоҷикӣ “дари хазинаи дороиҳои худро барои забонҳои дигар боз мегузорад”.

Барои истиқлолияти комил забони миллӣ бояд сараввал ба сифати забони муоширати байни тамоми миллатҳои сокинони ҷумҳурӣ хизмат намуда, аз чорчӯбаи танги маҳалливу миллии хеш берун ояд ва дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, илмӣ, иқтисодӣ, фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон тасаллут пайдо кунад.

Забони тоҷикии мо тавону зарфияти онро дорад, ки рисолати хешро дар заминаи тақозо ва талаботи даврони шадиди ҷаҳонишавӣ чун пайваста зери таваҷҷуҳи хосаи Сарвари маърифатдӯсту илму адабпарвари миллати мо қарор дорад, тафаккури миллиро ба миён оварда, ба таври аҳсан анҷом диҳад.

Забон, ки арзиши ҷовидонӣ мебошад, чун гавҳари бебаҳо эҳтиёт кардани он қарзи ҳар кадоми мост.”Барои он, ки номи миллат дар саҳифаҳои таърихи башарӣ ҷовидон бошад, миллат бояд чароғи роҳнамои худшиносиву худафрӯзии худ, яъне забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин арзиши миллӣ ба наслҳои оянда поку беолоиш ва равону ширин ба мерос гузорад”

Барҳақ, офарандаи забони миллӣ худи миллат буда, дар баробари ташаккул ёфтани он пайдо мешавад ва баъдтар ҳамчун ҳадди ниҳоии тафаккури миллӣ хизмат мекунад. Қисми зиёди ҷанбаҳои ҳаёт, ки моро ҳамроҳӣ мекунанд-зиндагӣ, иқлим, дин, шакли давлатдорӣ ва қонунҳо, расму анъанаҳои миллӣ аз худи миллат метавонанд то дараҷае дур бошанд, аммо танҳо забон аст, ки дар шакли зинда дар мафкураи миллат вуҷуд дорад. Тамоми хусусият ва хулқу атвори миллат маҳз дар забон бозтоби худро меёбад, ин аст, ки ҳангоми муошират фардият аз байн меравад. Ягонагии забон ва инкишофи бемайлони он яке аз аломатҳои асосии миллат мебошад.Танҳо забони адабӣ, ки ҳамчун воситаи мухобираи як ҷомеаи мустақили забонӣ мебошад, мардумро дар таркиби як воҳиди маъмурӣ, як кишвар муттаҳид месозад.

Донишмандон ба чунин натиҷа расидаанд ва ҳақиқати бебаҳс ҳам ҳаст, ки забон на танҳо ҳамчун василаи баёни фикру андеша ва муоширати байниҳамдигарии одамон аст, балки дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва бедории фикрии соҳибзабонон низ нақши калидӣ дорад.

Ҳеҷ ҷойи шак нест, тафаккур аст, ки забонро месозад ва мондагориву рушд ва ё аз равнақ мондани забон низ аз будан ё набудани тафаккур вобаста аст.

Эй бародар, ту ҳамон андешаӣ,

Мобақӣ ту устухону решаӣ.

Гар гул аст андешаи ту, гулшанӣ,

В-ар бувад хоре, ту ҳима гулханӣ!

Ҳадафи Мавлавӣ тафаккури созандаву эҷодгар аст, тафаккури миллист, ки худшиносию худогоҳии маърифатию маънавии миллӣ, ғояи миллӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳангу муқаддасоти миллиро ба бор орад.

Аҳли фазлро пӯшида нест, ки замони зиндагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ руҳи миллӣ бинобар нобасомониҳои замон то ба ҳадде рӯ ба костагӣ дошт, аз ин рӯ тарғибу ташвиқи худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар мисоли фаъолият ва зиндагии шахсӣ, новобаста аз он ки дар куҷо иқомату ҳаёт ба сар мебарем, манзаллати воло касб карда буд, то руҳи коҳишёфтаи ҳамқавму ҳаммиллатон пушту паноҳ ва умедворие пайдо кунад. Мавлоно, ки дар Қунияи Рум мезист, тамоми осорашро бо забони модарияш-тоҷикии форсӣ меофарид, ин эҳсос-шӯр дар байти зераш чунин буруз карда:

Балхиям ман, балхиям ман, балхиям,

Шӯр орад оламе аз талхиям.

Ин бурҳонест қотеъ, ки Мавлоно бо таъкиди ватани аслии хеш руҳи миллӣ ва садоқати хешро, на танҳо аз ёдкарди ватан ва корбурди забони миллӣ изҳор менамояд, балки ҳифзу густариш ва сари забонҳо афтодани онҳоро шарафу имони инсонӣ медонад. Ё дар байти дигаре аз ғазали худ таъкидан мегӯяд:

Наъраи ҳойу ҳӯйи ман аз дари Рум то ба Балх,

Асл куҷо хато кунад, Шамси ману Худои ман.

Ҳине ки сухан аз ишқ меравад, муҳим нест, ки онро бо кадом забон баён мекунӣ, дар ҳар ду ҳолат-чи ишқи заминӣ бошад, чи самоӣ (Худо). Вале

Форсӣ гӯ, гарчӣ тозӣ хуштар аст,

Ишқро худ сад забони дигар аст”.

ё

Ҳамзабонӣ хешию пайвандӣ аст,

Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.

Ҷои дигар:

Ҳар кӣ ӯ аз ҳамзабоне шуд ҷудо,

Безабон шуд, гарчи дорад сад наво – мегӯяд.

Ҳувияти миллӣ магар аз ин болотар мешавад, ки дар ишқи ватан мегӯяд:

То зи Қуния битобад нури ишқ,

То Самарқанду Бухоро соате.

Дар ин маврид аз шоирони муосири мо ҳам яке  мефармояд:

Беватан нест, ғарибе, ки кунад ёди ватан,

Дар ватанбудаи бе ёди ватан беватан аст.

Мадракоти зиёдест, ки аз корбурди вожаи “тоҷик”(хамчун миллат) шаҳодат додаанд ва дар осори гаронмояаш Мавлоно низ сареҳан аз нармтабиатӣ ва таҳаммулпазирии тоҷикона сухан дар миён оварда, ки мегӯяд:

Як ҳамлаву як ҳамла, к-омад шабу торикӣ,

Чустӣ куну туркӣ кун, на нармию тоҷикӣ.

Ё

Худ чи ҷойи турку тоҷик асту занг?

Фаҳм кардаст ин нидоро чубу санг.

Чуноне ки дар байте болотар ёдрас шуда будем, ӯ дар осори ҷовидонааш аз макону мавзеъ ва сарзаминҳои точикнишин, иду ҷашнҳои миллию мазҳабӣ, номи осору қаҳрамонҳои муваффақи адибони классикамон ифтихормандона ёд мекунад, ки шаҳодат аз ҳувият ва руҳи баланди миллии ӯст ва ҳамин номусу шарафро аз ҳамасрон ва пасовандони хеш хоҳон аст. Бо овардани як далел, ки боиси сарфарозии мост, иктифо мекунем, ки фармуда:

“Шоҳнома” ё “Калила ” пеши ту,

Ҳамчунон бошад, ки Қуръон аз уту.

Ҳақиқати бебаҳс аст, ки дар офаридани сухани зебову шевои тоҷикона мақом ӯро ба ҳаддест, ки тибқи баъзе ривоёт муҳақақтарин устодони забони модарии мо чун шайх Саъдӣ дар замони зиндагияш (ҳамзамонанд) шефтаву шайдои сурудаҳои ӯ гаштаанд.Ҳасани Султон истинод бар “Маноқибу-л-орифин”-и Шамсиддин Аҳмади Афлокӣ дар бораи сухани баланди тобнокаш, ки бо гузашти садсолаҳо низ ҷиҳати ҳифзи шевоию асолат ва пойдорию устувории забони тоҷикии имрӯзу фардо хидмат мекунад,ин ривоят меорад:

“Шайх Саъдӣ бо хоҳиши ҳокими Шероз як ғазали Мавлоноро бо матлаъи

Ҳар нафас овози ишқ мерасад аз чапу рост.

Мо ба фалак меравем азми тамошо кирост?- ро фиристода, дар зимн афзудааст, ки “дар иқлими Рум подшоҳе муборакқадам зуҳӯр кардааст ва ин нафоҳот мар ӯрост. Аз ин беҳтар ғазале нагуфтаанд ва нахоҳанд гуфтан. Маро ҳаваси он аст, ки ба зиёрати он султон ба диёри Рум равам ва рӯмро ба хоки пойи ӯ бимолам...”

Забон чун падидаи иҷтимоӣ аст, табиист, ки бо ҷомеа алоқаи ногусастанӣ дорад ва ҳамчун муҳимтарин воситаи тараққии ҷамъият хизмат мекунад.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ оид ба ҳодисаи ҷамъиятӣ будани забон ва дар андарз ба соҳибзабонон оид ба расидан ба қадри сухан, арҷ гузотан ба сухани воло, то мантиқӣ сухан гуфтан омӯзем, дар абёти зер ин гуна ибрози назар кардааст:

Кӯдак аввал чун бизояд ширнӯш,

Муддате хомуш буд ӯ ҷумла гӯш.

Муддате мебоядаш лаб дӯхтан,

Аз сухангӯён сухан омӯхтан.

То наёмӯзад, нагӯяд сад яке.

В-ар бигӯяд, ҳашв гӯяд, бешаке

В-ар набошад гӯш тӣ-тӣ мекунад,

Хештанро гунги гетӣ мекунад.

Карри аслӣ, к-аш набуд оғоз гӯш,

Лол бошад, кай кунад дар нутқ ҷӯш.

З-он ки аввал самъ бояд нутқро,

Сӯи мантиқ аз раҳи самъ андаро!

Таъбири “гӯши суханшунав” аз ҳамин ҷо манша мегирад. Мавлоно тамъи сухани баландро аз чашиши қанди забони модарӣ дарёфтааст ва ҷаззобияти онро дар ҳамин лаззат медонад, ки мегӯяд:

Порсӣ гӯем, яъне ин кашиш,

З-он тараф ояд, ки омад он чашиш,

Шоири муосири тавонои мо устод Бозор Собир (руҳаш шод бод) ҳам ин кашишро бо чор узви зотии хеш дарк карда, шояд таъсир аз Мавлоно гирифта, ки мегӯяд:

Нест қонуни кашише дар ҷаҳон,

Дар кашидан ҳамчу қонуни забон.

Ин хувият ва руҳи баланди миллӣ ва ватандорист, ки Мавлоно аз офаридаҳои уламову удабои кабл аз худ ва ҳамзамонони саршинос ба некӣ ёд мекунад, ки шаҳодат аз сермутолеъа будани ӯст ва далели таъсирпазирӣ ҳам ҳаст. Инро гувоҳ пайдо кардани шабоҳатҳои маъноӣ, забонӣ, мавзуӣ ва суварӣ дар “Маснавии маънавӣ”, “Девони Шамс” ва осори дигари ӯст.

Ранҷи як ҷузве зи тан ранҷи ҳам аст,

Гар дами сулҳ аст, ё худ малҳам аст.

Ҷалолуддини Балхӣ

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд...

Саъдӣ

Ҳеҷ ҷойи шакку тардид нест, ки офаридаҳои зебову шевои тоҷикона сухани баланди тобнокаш бо гузашти садсолаҳо низ ҷиҳати ҳифзи шевоию асолат ва пойдорию устувории забони тоҷикӣ ҳам хидмат мекунад. Чуноне ки Муҳаммад Иқбол мегӯяд: “Ҷаҳони имрӯз муҳтоҷи як Мавлавист, ки умедро бар мардум барангезад ва оташи шавқро барои зиндагӣ тезонад”

 

Насриддиниён Бобишоҳи Ҳасанпур, н.и.ф., дотсенти кафедраи забонҳо

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top