Ҳамасола рӯзи якшанбеи якуми моҳи октябр дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи омӯзгор ботантана таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн рамзи эҳтиром ва қадршиносии халқи тоҷик нисбат ба заҳмати омӯзгорон, устодон ва ҳамаи шахсоне мебошад, ки дар роҳи паҳн намудани нури дониш ва парвариши насли наврас заҳмат мекашанд.
Касби омӯзгорӣ, бе муболиға, яке аз муҳимтарин ва пойдортарин касбу ҳунарҳои дунё ба шумор меравад. Омӯзгор на танҳо донандаи илму дониш, балки раҳнамо, тарбиятгар ва бунёдгузори шахсияти инсон аст. Ҳар як муваффақият ва комёбии фарзандон – ин бозгӯкунандаи заҳмати шабонарӯзии устодон мебошад.
Касби омӯзгорӣ яке аз касбҳои қадимӣ ва пуршарафи инсонӣ ба ҳисоб меравад. Омӯзгорон асосгузорони маърифатанд, ки бо заҳмати шабонарӯзии худ на танҳо дониш меомӯзонанд, балки инсонро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунанд.
Маҳз омӯзгор аст, ки дар қалби шогирдон тухми меҳру муҳаббат ба Ватан, арзишҳои миллӣ, донишандӯзӣ ва эҳтиром ба инсонро мекорад. Омӯзгорон насли наврасро ба инсонҳои комил, ватандӯст ва соҳибмаърифат тарбия мекунанд, ки ояндаи дурахшони миллат аз онҳо вобаста аст.
Дар даврони истиқлолият, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф ва беҳтар намудани шароити омӯзгорон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Баланд бардоштани маош, такмили ихтисос, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ ва беҳтар кардани шароити таълиму тарбия аз ҷумлаи иқдомоти муҳим ба шумор мераванд.
Рӯзи омӯзгор – рӯзи шукргузорӣ ва изҳори арҷгузорӣ аст. Шогирдон ва падару модарон кӯшиш мекунанд, ки дар ин рӯз бо як гули табассум, як калимаи ширин, ё тӯҳфаи рамзӣ заҳмати омӯзгоронро қадр намоянд. Зеро муаллимон инсонҳоеанд, ки ба таълиму тарбияи наслҳои оянда масъуланд ва ояндаи миллат маҳз дар дасти онҳо ташаккул меёбад. Дар фарҳанги тоҷикон аз давраҳои қадим эҳтиром ба устод ҳамчун арзиши муқаддас пазируфта мешуд. Калимаҳои пандомӯзи “Омӯзгорро чун падар гиромӣ дор” ва “Ҳар кӣ моро калимае ёд дод, моро ғуломи хеш кард” аз анъанаи устодпарварии халқ дарак медиҳанд.
Имрӯз низ, дар даврони истиқлолияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва беҳтар сохтани шароити кори онҳо тадбирҳои зиёдро амалӣ менамояд.
Сохтмони муассисаҳои таълимии замонавӣ, таҳияи барномаҳои муосири таълим, таъминот бо китобу воситаҳои дидактикӣ, гузаронидани курсҳои бозомӯзӣ ва баланд бардоштани маоши омӯзгорон аз ҷумлаи иқдомҳои мушаххас мебошанд, ки арзиши меҳнати омӯзгорро дар ҷомеа боз ҳам боло мебарад.
Рӯзи омӯзгор – ин рӯзи шодиву нишоти маънавист, ки дар он шогирдон, волидайн ва ҷомеа изҳори сипос ва арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгор мекунанд. Дар ин рӯз чорабиниҳои фарҳангиву тарбиявӣ, барномаҳои ҷолиби консертӣ, суҳбату мулоқотҳо ва табрикоти расмӣ баргузор мешаванд, ки ҳама ба хотири эҳтиром ва қадршиносӣ аз омӯзгор аст.
Рӯзи омӯзгор – ин танҳо як сана дар тақвим нест, балки рӯзи бедории виҷдони ҷомеа нисбат ба онҳое мебошад, ки дар рушду пешрафти миллат саҳми бузург доранд. Омӯзгорон ҳамчун роҳнамоёни ҳақиқии роҳи илму маърифат сазовори эҳтироми ҷовидонаанд.
Бо истифода аз фурсат, тамоми омӯзгорони кишварро бо ин рӯзи фархунда табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, хонаободӣ, комёбиҳои нав ба нав ва шогирдони бофарҳангу соҳибмаърифат орзу менамоем!
Маҳмадализода Б.М., мудири кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ