ЗАБОНИ ТОҶИКӢ РУКНИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МОСТ

Бинанда: 55 | Санаи нашр: 02 Октябр 2025

Забон яке аз муҳимтарин падидаҳои фарҳангист, ки воситаи асосии муошират, пойдории тамаддун ва ҳуввияти миллӣ ба шумор меравад. Инсон фақат ба воситаи забон метавонад, ки эҳсосот ва фикру андешаи худро ибрози ақида намояд. Беҳуда нест, ки забонро неъмати бебаҳои аҳли башар номидаанд.

Забон на танҳо василаи гуфтугузор, балки ойинаи таъриху фарҳанг ва руҳу равони миллат аст. Маҳз забон аст, ки одамонро ба якдигар мепайвандад, хотираи таърихиро зинда нигоҳ медорад ва асолати миллӣ, фикр, ҷаҳонбинӣ ва орзуву ормони як халқро ифода мекунад. Аз ин рӯ, забонро ҳақ ба ҷо овардаанд, ки “ҳастии миллат” гӯянд.

Одамон аз ҳаёт, донишу маҳорати якдигар тавассути забон хабардор мешаванд. Ҳар фикре ки дар майнаи инсон пайдо мешавад, тавассути забон, ки воситаест фаъолияти андешаю тафаккури шахсро амалӣ ва поянда медорад, дар шакли калимаҳо, ибораҳо ва ҷумлаҳо иброз мегардад. Фарзанди инсон дар ҳаёт ба шунидану омӯхтан доною гӯё мешавад. Чунонки Унсурмаолии Кайковус дар насиҳат ба фарзандаш Гелоншоҳ мегӯяд: «То тавонӣ аз сухан гуфтану шунидан нуфур машав, ки мардум аз сухан шунидан сухангӯй шаванд».

Воқеан, забони миллӣ - ойинаи пурҷилои таърихи чандинҳазорсола, ҷаҳони маънавию хирад ва  маърифати ҳар як халқу миллат маҳсуб меёбад. Умуман, забони модарӣ дар таърихи фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла тоҷикон зербинои ҳуввияти миллӣ ва омили аслии ҳифзи он ба шумор меравад.

Боиси ифтихор аст, ки забони тоҷикӣ, забони модарии мо  бисёр забони ширину шево ва шоирона мебошад. Ин забон донишу маърифати чандинҳазорсола андӯхтаи халқи тоҷикро дар худ нигоҳ доштааст ва гӯётарин далели ҳастии миллат ба шумор меравад.

Забони тоҷикӣ – мероси пурифтихори миллат аст. Он аз қадимтарин ва ғанитарин забонҳои дунёст, ки реша дар тамаддуни бостон дорад ва он тӯли ҳазорсолаҳо таърихи дурахшонро пушти сар намудааст. Ба туфайли ин забон, осори безаволи устодони адабиёти классикӣ - Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Унсурмаолии Кайковус, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ Сино, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон ба мо расидаанд.

Мутафаккирон, бузургони адаб ва донишмандони классики тоҷик ҳамеша ба қудрати сухани тоҷикӣ ва покии забон таъкид кардаанд ва забонро ҳамчун гавҳари ҳастии миллат ва воситаи муҳимтарини нигаҳдории фарҳанг донистаанд:

Маликушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ забонро ганҷи бебаҳо мешуморад ва истифодаи дурусти онро нишонаи фарҳангу дониш медонад:

Зи гоҳе ба гоҳе суханронӣ омӯз,

Ки ганҷи ҷаҳон аст, ганҷе барӯз.

Одамон аз ҳаёт, донишу маҳорати якдигар тавассути забон хабардор мешаванд. Ҳар фикре ки дар майнаи инсон пайдо мешавад, тавассути забон, ки воситаест фаъолияти андешаю тафаккури шахсро амалӣ ва поянда медорад, дар шакли калимаҳо, ибораҳо ва ҷумлаҳо иброз мегардад.

Фарзанди инсон дар ҳаёт ба шунидану омӯхтан доною гӯё мешавад. Чунонки Унсурмаолии Кайковус дар насиҳат ба фарзандаш Гелоншоҳ мегӯяд: «То тавонӣ аз сухан гуфтану шунидан нуфур машав, ки мардум аз сухан шунидан сухангӯй шаванд».

Устод Абулқосим Фирдавсӣ суханро меваи ақлу дониши инсон медонад. Шоири хушкалом забонро чун воситаи ахлоқи накуӣ мебинад:

Зи дониш бидон, ки забон равшан аст,

Ки дар ӯ ганҷи нодир сухан маҳкам аст.

Ба назари Саъдии сухандон забони хуш, забони ширин воситаи ҷалби меҳру дӯстӣ маҳсуб меёбад:

Забони ширин кунӣ мардумат дӯстон шаванд,

Ба як сухан бинишон дил ба хештан бубанд.

Дар замони муосир низ бузургон, донишмандон ва адабиётшиносони муосир ва арбобони давлативу фарҳангӣ ба забони тоҷикӣ эҳтироми махсус доранд:

Аллома Бобоҷон Ғафуров чунин нигоштааст:

“Забони тоҷикӣ - ин ойинаи таърихи мост. Дар он ҳамаи рӯзгори гузаштаву имрӯзаи миллат инъикос ёфтааст”.

Шоири маҳбуби халқи тоҷик Мирзо Турсузода забонро василаи муҳаббат, нур ва маърифат медонад:

“Забони мо - забони нур,

Забони ишқ, забони фур.”

Беҳуда нест, ки Эдуард Браун адабиёти форсу тоҷикро аз ҷиҳати мазмун ва ғояҳои инсонгароӣ, санъати баланди бадеӣ доштанаш дар байни адабиёти ҷаҳон чун «арӯси бо зару зевар ороста ва пиростае» номидааст.

Шоирону нависандагони хушкалому хушбаёни тоҷик барои мухтасарбаёнӣ, пурра ва ҷозибаноктар тасвир намудани ашё ва ҳодисаҳои гуногун дар асарҳояшон аз муҳимтарин воситаи бадеӣ – санъати маҷоз моҳирона истифода бурдаанд.

Шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ забонро ҳамчун сарчашмаи эҳсосу худшиносӣ эҳтиром мекунад. Ӯ бо меҳри бузург мегӯяд:

Ман забони модарии хешро,

То дилам зинда аст, мепарварам”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муҳимияти забони тоҷикӣ чунин гуфтааст: “Забони тоҷикӣ, ки аз тӯли таърихи чандинҳазорсола гузашта, ба мо расидааст, рукни ҳастии миллат ва ҳастии давлатдории мост”.

Бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт ва имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа истифода мешавад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ”- кафолати ҳуқуқии ин забони муқаддас мебошад.

Азбаски қисме аз муқаррарот ва меъёрҳои қонуни забон (22 –юми соли 1989) қабулшуда талаботу ниёзҳои ҷомеаи кишварамонро дар даврони соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ қонеъ гардонида наметавонистанд, бинобар ин зарурат пеш омад, ки барои ҳифз ва рушд намудани забони модарии худ қонуни нави забонро қабул намоем.

Чунонки ба мо маълум аст, бо ин мақсад 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тавсиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.

Муҳиммияти Қонуни забон барои ҳар як миллат, аз ҷумла тоҷикон бисёр бузург ва сарнавиштсоз мебошад. Он вазъи ҳуқуқии ва доираи истифодаи забонро муайян карда, дурнамои рушди онро дар замони истиқлолияти давлатӣ - дар шароити дигаргуниҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба танзим медарорад. Яъне забони тоҷикӣ тавассути Қонуни забон ҳамчун забони сиёсат, қонунгузорӣ, коргузорӣ ва муошират эътироф гардид.

Дар ҳақиқат, забони адабии ҳозираи тоҷик аз ҷумлаи забонҳои қадимтарин  ва  бойтарини ҷаҳон ба шумор меравад, ки таърихан роҳи печ дар печу дурударозро тай намудааст. Баҳри беҳдошт ва рушду густариши забони зебо, шевою гуворои тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал ғамхориҳои зиёде намуда, тадбирҳои нек меандешанд. Ба ақидаи ин шахси фозилу хирадпеша: «Забон - барҷастатарин ва гӯётарин появу шиноснома ва нишони бақои ҳар як халқу миллат аст».

Хулоса, ҳам классикон ва ҳам муосирон забонро чун нури маърифат, оинаи миллат, рукни давлатдорӣ ва василаи ягонагии мардум арзёбӣ кардаанд. Онҳо ҳамеша забонро ҳамчун гавҳари ҳастии миллат ва воситаи муҳимтарини нигоҳдории фарҳанг донистаанд. Аз ин лиҳоз, ҳар як тоҷик вазифадор аст, ки забони модарии худро пок, равон ва зинда нигоҳ дорад.

Чунонки кадбону барои хуштаъму лазиз пӯхтани хӯроки тайёр намудааш аз рӯйи меъёр як миқдори муайяни намакро истифода мебарад, мо соҳибони забону суханро низ зарур аст, ки барои пуробурангӣ, мухтасарбаёнӣ, нафисию ҷаззобӣ, ширину намакин ва таъсирбахш гардидани нутқамон аз бойгарии забони миллати  хеш моҳирона истифода барем.

Забон пайванди наслҳост ва онро бояд дӯст дошт, пурра омӯхт, пок нигоҳ дошт ва ба фарзандон мерос гузошт. Ҳар шахси бедордил ва ватандӯст вазифадор аст, ки ба қадри забони модарӣ расад ва онро аз ҳама хатарҳо ҳифз намояд.

Чу шеъри Рӯдакӣ зебост, чу мусиқӣ фараҳафзост,

Ба моён аз ҳама ширин забони модарии мост!

 

Сангова Фирӯза Холмуродовна, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top