Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
(Абдураҳмони Ҷомӣ)
Омӯзгор афрӯзандаи чароғи маърифат, меъёри одаму одамгарӣ ва таҳкурсии иморати бошукӯҳи маданият дар ҷаҳон аст.
Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои сабз гаштани таманнои инсон омӯзгор рамзи баҳор аст, оре бе омӯзгор кас наметавонад аз доираи фаҳмишу тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одам, асрори нуҳуфтаи коинот, арзишҳои маънавӣ, иқтисоду иҷтимоиёт ва сиёсату маданиятро дарк намояд. Дар ин маврид шоир гуфтааст.
Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маъни рафиқе беҳтар аз устод нест.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, омӯзгорӣ аз истилоҳи пазируфташудаи юнонӣ «педагогика» сарчашма гирифтааст. Дар гузашта истилоҳи «пейдагогос» маънои «пейда» - тифл, кӯдак ва «гогос» - раҳнамои атфол, яъне он ғуломони соҳибистеъдод буданд, аз ҷониби соҳибони хеш барои фарзандонашон ҷалб карда шудаанд ва онҳоро, «пейдагогос» ном бурдаанд. Ин истилоҳ бо мурури замон маънои қаблиашро тағйир дода, маънои педагогика – раванди тарбият ва таълим ҳамчунин соҳибкасбе, ки дар мактаб таълиму тарбият медиҳад, педагог (муродифи тоҷикиаш – омӯзгор) номида мешавад.
Омӯзгорӣ дар ҷомеа пешаи басо зарурӣ дониста мешавад. Саромад ва бунёдгузори назарияи илми педагогикаи Ғарб – Ян Амос Коменский ихтисоси омӯзгориро дар сатҳи баланд гузоштааст: «Ба муаллимон вазифаи авлое супорида шудааст, ки аз он баланд дар зери хуршед чизи дигаре буда наметавонад».
Омӯзгор - тарбиятгар ва роҳнамое ҳаст, ки инсонро илму дониш, одобу ахлоқ, касбу ҳунар омӯзонда, дар баробари волидайн ӯро ба камол мерасонад. Яке аз масъалаҳои муҳими даврони истиқлолият омода намудани мутахассисон барои фаъолият дар соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани мавқеи касби омӯзгорӣ мебошад.
Имрӯзу фардои ҳар як халқу миллат вобаста ба пешаи омӯзгорӣ мебошад. Ҳама бузургон, ки кашфиёти оламгир кардаву ба роҳи илму маърифат расидаанд, сабақ аз тарбиятгар гирифтаанд. Омӯзгор дастҳоро рост, чашмҳоро бино, пойҳоро босуръат, дилҳоро пок, ақлҳоро тоза ва дар маҷмуъ инсонро тавоно месозад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сиёсат қадам гузоштанашон ба мақоми омӯзгор дар таълиму тарбияи ҷавонон, ки ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста аст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Дар ин росто иброз медоранд, ки «Давлату Ҳукумат аз шумо, устодону омӯзгорони арҷманд, умед ва ба шумо эътимоди комил дорад, зеро инсоният ба омӯзгор ҳамеша ниёз дошту дорад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Омӯзгори дилсӯзу бомаърифат ва ба тарбияи инсон содиқ чароғи маърифат ва бойигарии миллат аст.
Табиист, ки касби омӯзгорӣ дар баробари дигар касбҳо дорои мақоми хосса буда, ба хотири арҷ гузоштан ба шахсияти омӯзгор ҳар сол якшанбеи аввали моҳи октябр чун иди касбии омӯзгорон қайд карда мешавад. Ин ҳама тадбирандешиҳо аз баланд шудани мавқеи омӯзгор дар ҷамъият гувоҳӣ медиҳад.
Аз сачашмаҳои таърихӣ бармеояд ки бузургони илму адаб ба омӯзгор эҳтирому самимияти хоса дошта, дар холати зарурат ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои устод шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд, ки ана ҳамин диди муборак то ба имрӯз боқӣ мондааст.
Ҳазрати Муҳаммад (с) дар аксари ҳадисҳои хеш мардумонро аз фазилату мартабаи илм огоҳ намуда, эшонро ба омӯзиши ин неъмати бебаҳо даъват кардааст: «Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй. Талаби илм ба ҳар зан ва марди мусалмон фарз аст».
Модоме, ки талаби омӯхтани илм ва ҷустани дониш фарз аст, пас саволе ба миён меояд:
Кӣ роҳи омӯхтану аз бар намудани илму донишро ба башарият нишон медиҳад? Ин фақат як ҷавоб дорад, ки он ҳам омӯзгор аст.
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Омӯзгори асил шахсияти бузург ва нотакрорест ки бо чароғи ақл олами фикрии моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифӣ мекунад. Аз ин рӯ, эҳтироми омӯзгор вазифаи муқаддаси ҳар инсон аст. Ҳаёт бошад давоми мантиқии дарси муаллим аст.
Дар урфият чунин мақоле ҳаст: «Агар худро яксола таъмин карданӣ бошӣ - шолӣ кор, худро даҳсола таъмин карданӣ бошӣ - дарахт шинон, дарахти пурсамар ва агар, худро садсола таъмин карданӣ бошӣ - инсон тарбия намо». Тарбияи инсони комил бештар ба дӯши муаллим аст ва ӯ бояд, бо меҳру ғамҳорӣ шогирдоне бипарварад, ки онон дар рӯзгори ободу осудаву фаровони хеш аз машаққатҳои устоди худ бо некиҳо ёдовар шаванд.
Дар васфи муаллим, роҳнамо, роҳкушо, тарбиятгар, маслиҳатчиву машваратдеҳи инсоният шоири маҳбуби мо, Камол Насрулло мақому манзалати муаллимро хеле одилона ба қалам додааст:
Баланд аст аз фалак шони муаллим,
Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим.
Набошад неъмате дар ҳар ду олам,
Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Бидон инро, ки виҷдони ҳама халқ,
Бувад аз рӯйи виҷдони муаллим.
Агар фардои меҳанро биҷӯйӣ,
Биёб аз файзи эҳсони муаллим.
Агар армони меҳанро бихоҳӣ,
Бидон аввал ту армони муаллим.
Каму беши замонро рост кардан,
Тавон танҳо ба мизони муаллим.
Куҷо ояндаи рӯшан тавон дид,
Набошад нури чашмони муаллим.
Ягон ҳосил ба хоки мазраи таб,
Магар рӯйида бе дони муаллим?
Бидон парвозгоҳи миллати мо,
Бувад дар рӯйи дастони муаллим.
Мирзоалиев А.А. - д.и.и., и.в профессори кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат