ОМӮЗГОР - РАВШАНГАРИ ХИРАДИ БАШАР

Бинанда: 175 | Санаи нашр: 30 Сентябр 2025

Муаллим, омӯзгор – вожаҳои барои инсоният ошною муқаддас буда, шахсест, ки равшангари шоми шогирдон буда, чашмони онҳоро равшан ва оламро барои онҳо мунаввар месозад. Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, баркамолу бузург гардидани ҳамаи шогирдон, маҳз ба заҳмати омӯзгорон вобастагӣ дорад.

Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма дошта, дар зиндагии пур аз розу ниёз инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзонанд, ки чандон кори осон нест. Ба қавли бузургон муаллим муҳандиси рӯҳи одамон аст. Муаллимро оинаи халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста, камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Омӯзгор ақлҳоро пурра, чашми дилро пурнур, оинаи хирадро равшан, роҳи пуршебу фарозро равон, забони лолро гӯё месозад. Агар аз дидгоҳи фалсафӣ ба шаъну шахсиятмандии омӯзгор андешаронӣ бинмоем, маҷозан омӯзгор табиби ақли инсон аст!

Омӯзгор шахси бузургест, ки дар баробари волидони мунису ғамхор касро олами маънӣ меомӯзонад. Маҳз бо талошу заҳмати омӯзгор одамӣ аз ҷаҳлу нодонӣ раҳида, хубиро аз бадӣ, ростро аз дурӯғ ва сафедро аз сиёҳ фарқ мекунаду ҳаёти шоистаеро барои худу наздиконаш муҳайё месозад.

Муаллим ҳаст, ки имрӯз ҳар яки мо аз илму дониш бархӯрдорем ва баҳри ҳаёти маърифатнок доштан, саъю талош намуда истодаем.

                Ҳар киро устод набвад кор бар бунёд нест,

                Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.

Боиси сарфарозию ифтихор аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои қадрдонии заҳмати омӯзгорон ва ёдоварӣ намудан аз фаъолияти содиқонаву самимонаи онҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон, ҳамасола дар кишвар якшанбеи аввали моҳи октябр Рӯзи омӯзгор, яъне рӯзи арҷгузорӣ ба хидматҳову ранҷбурдаҳои муаллим таҷлил мегардад.

Доир ба нақши омӯзгорон ва рисолати муҳими касбии онҳо, ҷиҳати ба роҳи дуруст раҳнамун намудани насли ҷавон ва соҳибдониш намудани онҳо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша зимни вохӯриҳояшон бо намояндагони соҳаи маориф ибрози назар менамоянду касби омӯзгориро пешаи бузург номида, ба соҳаи маориф ва омӯзгор таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Чунончи, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи шахсияти муаллим чунин иброз намудаанд: «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад».

Маҳз омӯзгор дар тарбияи насли худогоҳу худшинос ва ватандӯст нақши муассир дошта, калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлоли зеҳнӣ, хазинаи маънавию илмии башарият маҳсуб меёбад.

                Садои ҷонфидо дорӣ, муаллим!

                Чу най дар худ наво дорӣ, муаллим!

                Мақомат аз ҳама болост, боло,

                Ки ҳарфи бехато дорӣ, муаллим!

 

Сафарова Муборак Бобохоновна, омӯзгори кафедраи фаъолияти бонкӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top