ОМӮЗГОР – РОҲНАМОИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ҶОМЕАИ МУОСИР

Бинанда: 343 | Санаи нашр: 29 Сентябр 2025

     Дар ҳама давру замон омӯзгор ҷойгоҳи баланд ва нақши муассир дар ташаккули тафаккури ҷомеа доштааст. Ӯ сарчашмаи дониш, ахлоқ ва фарҳанг аст, ки дар масири таълиму тарбия насли ҷавонро роҳнамоӣ мекунад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол омӯзгор на танҳо як касб, балки як шахсияти муҳими фарҳангӣ-маърифатӣ ва сиёсати иҷтимоии давлат эътироф гардидааст.

      Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ мақому манзалати омӯзгор пайваста боло рафта, муҳити мусоиди корӣ ва рушду такомули касбӣ барои ин табақаи арзандаи ҷомеа фароҳам гардидааст.

     Пешвои миллат дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш ва оғози соли таҳсили 2025-2026 зикр намуданд: «Омӯзгорон дар замони муосир на танҳо дониш медиҳанд, балки андешаронӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулиятшиносиро дар зеҳни хонандагон парвариш мекунанд. Онҳо бояд пайваста сайъ намоянд, то ҷавобгӯи талаботи замон ва тарбиятгари воқеии инсони комил бошанд.»

     Маҳз омӯзгор аст, ки насли навро барои фаҳмидани мафҳумҳои баланди инсонӣ — чун адолат, меҳнат, ватандӯстӣ ва худогоҳӣ омода месозад. Ӯ заминаи илмӣ ва маънавии донишомӯзонро мегузорад ва онҳоро ба ҷаҳони муосир, ки пур аз рақобат ва навоварист, роҳнамоӣ менамояд.

      Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии омӯзгорон, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар иқдомҳои зиёди назаррас амалӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, афзоиши музди меҳнат, додани қитъаҳои замин ба омӯзгорони ҷавон, беҳтар намудани шароити кор дар мактабҳо ва мукаммал намудани барномаҳои омӯзишӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муассир мебошанд.

     Чунонки маълум аст, аз 1 сентябри соли 2025 маоши омӯзгорон 30 фоиз зиёд карда шуд. Ин иқдом на танҳо дастгирии моддӣ, балки нишони эҳтироми давлат ба заҳмати омӯзгор аст. Инчунин, таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» далели он аст, ки муаллимон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат қарор доранд.

     Имрӯз омӯзгор бояд на танҳо донандаи фан, балки шоирони маърифат, муҳандисони зеҳн ва тарбиятгарони қалб бошад. Дар замони рушди босуръати технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ насли нав ба шахсияти устод бештар ниёз дорад, ки барояш намунаи ахлоқ, ҳикмат ва виҷдони касбӣ бошад.

    Бо истифода аз воситаҳои муосири таълим - тахтаҳои электронӣ, платформаҳои рақамӣ, интернет, методикаҳои фаъоли дарсӣ омӯзгор бояд хонандаро ба шахси босавод, бофарҳанг ва худшинос табдил диҳад. Ин вазифа масъулияти бузургро талаб мекунад ва танҳо он омӯзгоре метавонад ба ин сатҳ бирасад, ки доим дар ҷустуҷӯ ва омӯзиш аст.

      Мо бояд дарк намоем, ки бе омӯзгори боифтихор ва дорои шароити муносиби зиндагӣ, рушди илму фарҳанг номумкин аст. Омӯзгорон сармояи маънавии миллат ва поягузори ормони миллӣ мебошанд. Онҳо ҳастанд, ки заминаи пешрафти иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро мегузоранд, зеро тамоми мутахассисон, новобаста ба соҳаашон, маҳз дар домани мактаб ва таҳти ҳидояти омӯзгор парвариш ёфтаанд.

       Аз ин рӯ, Рӯзи омӯзгор танҳо як санаи ҷашнӣ нест — он рамзи эҳтиром ва қадрдонӣ аз касби пуршарафест, ки бо тамоми ҳастии инсонӣ ва меҳнати рӯҳӣ пайваст аст. Омӯзгорон ҳангоми тарбияи насли нав фақат маълумот намедиҳанд, балки зиндагӣ меомӯзанд.

       Воқеан ҳам дар замони пурпечутоби имрӯза ҷомеа ба омӯзгори бедордил ва масъулиятшинос ниёз дорад. Онҳое, ки дар остонаи илму маърифат истодаанд, бояд донанд, ки бо ҳар як калимаи омӯзишии худ метавонанд тақдири як миллатро тағйир диҳанд.

        Аз ин рӯ, эҳтиром ва дастгирии омӯзгор - ин эҳтиром ба худи миллат ва кафолати рушду пешрафти ояндаи Тоҷикистон мебошад.

 

Холаҳмади Сайалӣ, н.и.и., и.в. дотсенти кафедраи молияи ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top