РӮДАКИВОР СУХАН БОЯД ГУФТ

Бинанда: 518 | Санаи нашр: 23 Сентябр 2025

Рӯдакӣ дар воқеъ вассоф ва тараннумгари беҳамтои арзишҳои воло ва абадии маънавӣ - ватанпарастӣ, одамият, адолатхоҳӣ, дӯстиву рафоқат, саховат ва накӯкориву хайрандешӣ буд. Гиромидошти Рӯдакӣ гиромидошти забон, фарҳанг ва таърихи мост.

                                                               Эмомалӣ Раҳмон

Ба бахти миллати мо дар асри IX шоҳони Сомонӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон ба сари қудрат омаданд ва бо омехтани фарҳанги гузаштагону навҷӯйиҳои адибони замони худ ба фарҳангу тамаддуни исломӣ забону адабиёти наверо ба майдон оварданд, ки сабаби бақои миллати тоҷик гашт. Дар ин давра дар шакли комил адабиёте ба вуҷуд омад, ки дар садаҳои баъдӣ тамоми мардумони ҳамсояро, ки дар Мовароуннаҳру Хуросон зиндагӣ мекарданд, зери таъсири худ қарор дод.

         Аз ин ду қудрати тавоно яке (манзур ба майдони сиёсату фарҳанги миллӣ ворид гардидани яке аз сулолаҳои покрою муқтадир Сомониён (875-1005) тавонист давлати муқтадиру марказонидаву мутамаддини дорои марзи ягонаи ҷуғрофӣ офарад ва дигаре (ба меъёр даромадани забони модарии мардумони он-форсии дарии тоҷикист) дар паноҳи аввалӣ тавонист ба устувор намудани мавқеи сиёсӣ, таърихӣ ва фарҳангии он ҳиссаи вофир гузорад ва зиёда аз ин, марзҳои сиёсию фарҳангии берунаро қарнҳои зиёди минбаъда тасхир намояд, муддати тӯлоние забони давлатдории аҷнабиёни фармонфармои Хуросону Мовароуннаҳр, Эрону Ҳинд ва Ироқу Аҷам ҳам гардад.

Замони зиндагии Рӯдакӣ марҳилаи наве барои забони тоҷикист, ки дар ин давра аввалин силсилаи навбунёди тоҷикон - Сомониён баъди истилои араб ба арсаи сиёсат омад ва бори дигар забони ниёгони худ - тоҷикиро дар шакли сифатан нав ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Бунёди бегазанди забони нави тоҷик, ки имрӯз ҳам дарёи бузурги он шодоб аст, дар асрҳои IX-X-и мелодӣ гузошта шудааст.

Ӯ дар Самарқанд дар аҳди ҳукумронии Насри I ибни Аҳмад (ҳукумрониаш солҳои 865-892 м.) ба хидмати дарбор даъват карда мешавад. Шоири дар Арабу Аҷам шӯҳратёфта баъди се соли бо зодгоҳаш баргаштан, соли 941 м. аз олам мегузарад.

Яке аз шоирони гумноми ҳамзамони устод Рӯдакӣ дар марсияи ба ӯ бахшидааш бо ҳазор дарду алам гуфтааст:

                       Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй,

                        Май бирезад, нарезад аз май бӯй

                        Шоират ку кунун, ки шоир рафт,

                        Набувад низ ҷовидона чун уй.

                        Чанд ҷӯйӣ чу ӯ? Наёбӣ боз,

                        Аз чун ӯ дар замона даст бишӯй!

Бори аввал ба таҳқиқу омӯзиши Рӯдакӣ ва осори ӯ дар асри XIX шарқшиносони Аврупо шуруъ намуданд. Яке аз онҳо шарқшиноси олмонӣ Ҳерман Эте буд, ки дар соли 1873 китобе дар шарҳи рӯзгори устод Рӯдакӣ навишта, аввалин маротиба шеърҳои ӯро гирд овард. Аммо ин донишманд дуруст таваҷҷуҳ накард, ки дар маъхазҳои ашъори зиёде саҳван ба номи Рӯдакӣ сабт шудааст. Саҳву хатоҳои маъхазҳои шарқӣ ва донишмандони Ғарбро муҳаққиқи англис Дениссон Рос бори аввал ислоҳ намуд ва дар Рӯдакишиносӣ донишмандонро огоҳӣ дод, ки ҳар чи ба номи Рӯдакӣ дар маъхазҳо сабт шудааст на ҳама аз Рӯдакӣ аст.

         Суханвари маъруфи асри XIII Рашидии Самарқандӣ, ки зоҳиран бо девони комили шоир шиносоӣ дошт, чунин менависад:

                       Гар сарӣ ёбад ба олам кас бо некӯшоирӣ,

                        Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

                        Шеъри ӯро баршумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор,

                        Ҳам фузун ояд, агар чунон-к бояд бишмарӣ.

Осори бадеиву таърихии суханвари тоҷикро Муҳаммад Авфи Бухороӣ дар «Лубобу-л-албоб» сад дафтар ва Асадии Тӯсӣ (тав. 1005-1010-ваф. 1073) дар қасидаи мунозиравии худ «Арабу Аҷам» яксаду ҳаштод ҳазор байт баршумурданд. Шояд дар ин гуфтаҳо муболиға роҳ ёфта бошад, аммо ҳамаи ин далели он аст, ки мероси бузурги устод Рӯдакӣ на танҳо бо муҳтавои баланду ҳунари шоирӣ, инчунин бо ҳаҷму андозааш ҳанӯз дар асрҳои XII-XIII суханварони баъдиро дар ҳайрат гузошта будааст. Тасодуфӣ нест, ки Рашидии Самарқандӣ устод Рӯдакро сарвари шоирони забардаст номида, пеш аз ҳама, ҳаҷми мероси адабии ӯро баршумурдааст. Мутаассифона, аз осори шоир то имрӯз зиёда аз 1100 байт ба мо расидааст.

Нахустмуҳаққиқи устод Рӯдакӣ аллома Садриддин Айнист, ки дар “Намунаи адабиёти тоҷик”- аш дар саҳифаи аввал шарҳи ҳоли Рӯдакӣ ва намунае аз осори ӯро овардааст.

Олимону муҳаққиқони зиёде дар бораи устод Рӯдакӣ ва ҳаёту эҷодиёти ӯ китобҳо навиштаанд ва рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанд. Гуфтаҳои аҳли адаб, дӯстдорони адабиёт ва ашхоси дигар дар мадҳу тавсифи устод Рӯдакӣ саршор аз меҳру муҳаббатанд ва далели равшани эътиқоду эҳтиром ва ифтихори ҳамагон ба шоири маҳбуби миллат мебошанд.

Сардафтари адабиёти навини тоҷик, аллома Садриддин Айнӣ ба осору омоли устод Рӯдакӣ таваҷҷуҳи махсус доштаасту дар навиштаҳои худ борҳо руҷӯъ ба эҷодиёти ин шоири барҷаста кардааст. Рисолаи устод Айнӣ бо номи «Устод Рӯдакӣ» сухани тозае дар Рӯдакишиносӣ буда, дар бораи Одамушшуаро маълумоти ҷолиб ва нав пешниҳод мекунад. Дар ин рисолаи пурмазмун, аз ҷумла, омадааст: «Шеърҳои Рӯдакӣ бисёр сода ва табиист ва бар болои ин, бисёр лаззатбахш ва ҳаяҷоновар аст... Агар мо шеърҳои Рӯдакиро «саҳли мумтанеъ» гӯем, мувофиқ меояд».

Дар мавриди дигар устод Айнӣ оид ба хусусиятҳои умдатарини шеъри Одамушшуаро мулоҳиза ронда, зимнан иброз медорад: «Забони шеъри Рӯдакӣ бисёр сода ва ҳамафаҳм аст, ӯ калимаҳои арабиро бисёр кам кор мефармояд ва аз суханҳои форсӣ-тоҷикӣ ҳам бештар содатарин ва оммафаҳмтаринашонро чида гирифта, ба кор мебарад». Воқеан ҳам, ашъори устод Рӯдакӣ равону самимист ва андешаро ба таҳрик меораду зуд ба дилҳо мерасад ва ба хотирҳо нақш мебандад.

Донишманди мумтози тоҷик, адабиётшиноси варзида Абдулғанӣ Мирзоев яке аз муҳаққиқони муваффақи ҳаёт ва эҷодиёти устод Рӯдакианд, рисолаашон «Абӯ Абдулло Рӯдакӣ» яке аз таҳқиқотҳои асосӣ оид ба қофиласолори адабиёти тоҷик мебошад. Ин олими номвар дар ситоиши султони шоирон, аз ҷумла, овардааст: «Умуман, мақоми Рӯдакӣ дар таърихи назми тоҷик аз ҷиҳати азамати худ бемонанд аст. Рӯдакӣ нафақат шаклҳо ва навъҳои назмро такмил дод, балки дар тамоми қисматҳои назми асри худ намунаҳои беҳтарини аввалин сабки шеърӣ – сабки туркистониро эҷод намуда, онҳоро аз ҷиҳати талаботи ғоявӣ ва бадеӣ ниҳоятдараҷа баланд бардошт».

Соли 1956 аз рӯйи тадқиқотҳои устод Садриддин Айнӣ бо роҳбарии профессор М.М. Герасимов ковишҳои махсуси илмӣ гузаронида шуда, қабри устод Рӯдакӣ пайдо гардид. М.М. Герасимов аз рӯйи косаи сари шоир симо ва пайкари вайро ба вуҷуд овард. Акнун халқи тоҷик ва тамоми мардуми эронитабор имкон пайдо карданд, ки пас аз асрҳои зиёди сипаришуда симои поягузори адабиёти худро бо ҳисси ифтихори бузург бубинанд.

Осори устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро ҳанӯз муосирони ӯ, амсоли Шаҳиди Балхӣ, Маъруфии Балхӣ, Мухаллидии Гургонӣ, Дақиқӣ, Абӯзироъаи Гургонӣ арзёбӣ намуда, муҳимтарин ҷанбаҳои ашъору шахсияти ӯро зикр кардаанд. Худи Рӯдакӣ низ ба сифатҳои шеъраш ишораҳо кардааст, ки барои шинохти осори ӯ мусоидат менамоянд.

То асри ХIХ сарчашмаи асосӣ дар шинохти Рӯдакӣ тазкираҳо буданд, вале маълумоти онҳо бештар ҷанбаи ривоятӣ дошта, такрорӣ мебошанд. Баррасии илмии аҳволу осори шоир тавре ки Саид Нафисӣ ва А.Мирзоев таъкид кардаанд, аз асарҳои Ҳ. Эте, Ч. Пикеринг, П. Ҳорн, Э. Браун, Р.Левӣ, Шиблии Нӯъмонӣ ва амсоли онҳо шурӯъ шуда, сипас дар кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Тоҷикистон густариш пайдо мекунад. Ҷамъоварӣ ва интишори осори бозмондаи Рӯдакӣ тақрибан аз асри ХVII шурӯъ шудааст.

Дар Тоҷикистон Рӯдакишиносӣ чандин марҳиларо тай кардааст, ки давраи Истиқлол аз муҳимтарин ва дурахшонтарин марҳилаҳо ба шумор меравад. Дар ин давра на танҳо нашри ашъори «Одамушшуаро» хеле афзуд, балки таҳқиқи амиқу ҳамаҷонибаи рӯзгору осори боқимондаи ӯ низ вусъат пайдо карда, як зумра асарҳои илмӣ ба табъ расиданд.

Асари устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Субҳони Амир, ки соли 1999 таҳти унвони «Рӯдакӣ – падидаи нодир ва ҷаҳонии тамаддуни аҳди Сомониён» нашр шуд, иқдоми муҳиме дар шинохти осору андешаҳои «Одамушшуаро» буда, бо диди тозаи замони Истиқлол ба моҳияту арзишҳои осори шоир ва мақоми ӯ дар адабиёти ҷаҳон таълиф шудааст.

Омилҳои шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани шоирро аксари муҳаққиқин дар иртиботи ӯ бо давлати Сомониён ва ифодаи ормонҳои озодихоҳиву истиқлолталабӣ медонанд.

Нашри 2 ҷилди «Донишномаи Рӯдакӣ» нахустин донишнома роҷеъ ба адибони тоҷику форс мебошад. Дар ин асари ҷамъбастиву дастҷамъӣ, ки беш аз бист ҳазор мақоларо дар бар мегирад, навтарин иттилоот дар бораи замон, рӯзгор, осор, андешаву афкор, забону сабк, тарҷумаву таҳқиқи ашъори шоир ва умуман ҳар чӣ марбут ба Рӯдакист, дарҷ ёфтаанд.

Дар давраи Истиқлол нашри ашъори устод Рӯдакӣ низ хеле афзуда, матншиносии осори ӯ рушд пайдо кард. Ба муносибати ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён дар соли 1999 ду маҷмуаи осори Рӯдакӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба нашр расид. Дар пешгуфтори муфассали маҷмуаи «Насими Мӯлиён» мураттиби он Асрори Раҳмонфар «тартибу танзими мероси манзуми Рӯдакиро ба чаҳор марҳалаи шартӣ» ҷудо мукунад ва роҷеъ ба ҳусну қубҳи корҳои дар ин замина анҷомёфта изҳори андеша менамояд.

Аз соли 2002 инҷониб дар Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 22-юми сентябр бо номи Рӯзи Рӯдакӣ маъмулан бо баргузории конфронсҳо ва суҳбатҳои мизи гирд ва мулоқот бо аҳли фарҳангу адаб ҷашн гирифта мешавад.

Бо қарор ва пуштибонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри осори 50-ҷилдаи суханварони гузаштаву муосири тоҷик дар силсилаи «Ахтарони адаб» шуруъ шуд, ки ҳодисаи муҳиме дар ҳаёти фарҳангии кишвар маҳсуб мешавад. Ин силсила бо нашри «Ашъор»-и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз ёфт. Дар пешгуфтори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ганҷинаи бегазанд» ба арзишҳои адабиву маънавии мероси фарҳангии мардуми тоҷик ишора шуда, зарурати таҳқиқу нашри онҳо таъкид гардидааст. Ба муносибати ҷашни мазкур ду туҳфаи зебо – китоби мусаввари «Шеърҳо»-и Рӯдакӣ бо сифати хеле хуб ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, русӣ ва англисӣ чоп шуданд, ки барои тарғиби осори шоир судманданд.

18 июни соли 2008 дар толори СММ бо ширкати намояндагони беш аз 190 кишвари ҷаҳон таҷлили 1150-солагии Рӯдакӣ сурат гирифт, ки дар он Дабири кулли СММ Пан Ги Мун сухан кард.

Мукофоти давлатии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт ва санъат номи Рӯдакиро дорад. Бо қарори Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин ҳама таҷассуми эҳтироми бузург ва муҳаббати бепоёни халқи мо ба соҳибқирони шоирон, устод Рӯдакист.

Ин абёти ифтихории устод Гулрухсорро ҳусни хотимаи ин гуфтор медонем:

                            “Атри “Ҷӯйи мулиён”-у накҳаташ,

                        Мо зи шеъри Рӯдакӣ бӯйидаем.

                        Мо ҳама аз оби Рӯдак хӯрдаем,

                        Мо зи дарди Рӯдакӣ рӯйидаем!...”

 

Насриддиниён Бобишоҳи Ҳасанпур, н.и.ф., и.в. дотсенти кафедраи забонҳои ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top