Барои ҳар як мамлакат ва халқу миллат сулҳу субот яке аз арзишҳои воло ва муқаддастарин ба шумор меравад. Мардуми шарифи Тоҷикистон, ки баъд аз ба даст овардани Истиқлолият ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, чӣ қадру манзалат доштани сулҳу суботро хубтар медонад. Бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷонбозиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш карда шуда, сулҳу субот таъмин ва Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун мамлакати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шуд.
Дар шароити муосир бо шарофати сулҳу субот Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла иқтисоду иҷтимоиёт, маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст. Маҳз сулҳу субот имкон фароҳам овард, ки дар мамлакат даҳҳо иншоотҳои азим, ба монанди роҳҳо, нақбҳо, нерӯгоҳҳо, муассисаҳои таълимию тандурустӣ сохта шуда, муносибатҳои дӯстона бо аксар кишварҳои олам густариш ёбанд.
Таърих гувоҳ аст, ки фарзонафарзандони миллати тоҷик дар роҳи таъмини сулҳу субот, эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ бо эҳсоси баланди ватандорӣ, баҳамоии миллатҳо ҷонбозиҳо ва кӯшишу заҳматҳо намудаанд, ки мисоли барҷастаи он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Сулҳи тоҷикон имрӯз барои кишварҳои даргир ва ноамн дарси бузургест. Барои миллати тоҷик ифтихор ва сарбаландист, ки мамлакатҳои ҷаҳон аз таҷрибаи сулҳофаринии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифода намуда, аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ доир ба сулҳи тоҷикон ва нақши Пешвои муаззами миллат ҳарф мезананд.
Шарафу ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ – истиқлоли кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой сарфароз гардиданд.
Ин қадрдонӣ нишон аз эътирофи ҷаҳонӣ ва хизматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, тавсеаи ҳамкориҳои дӯстона миёни мамлакатҳои минтақа ва ҷаҳон баҳри пойдории сулҳи абадӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой ба шахсиятҳое дода мешавад, ки барои пешгирӣ ва барҳам додани низоъҳо, барпо намудани ҷомеаи адолатпарвар, ташаккул ва рушди фаъолияти сулҳҷӯёна саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Ин дастовард барои мардуми сарбаланди тоҷик ифтихори бузург ба шумор рафта, бори дигар аз сиёсати хирадмандонаю сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат башорат медиҳад.
Рустамзода Фитрат Музафар, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва
муносибатҳои байналмилалӣ