РУШД ВА ДАСТОВАРДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Бинанда: 16 | Санаи нашр: 08 Сентябр 2025

Ба даст овардани истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ барои халқи тоҷик воқеаи муҳимми таърихӣ гардид. Маҳз аз ҳамин сана таърихи нави давлати мо оғоз ёфт. Дар давоми ин солҳо мамлакат мушкилотҳои зиёдеро аз cap гузаронд, аз қабили ҷанги шаҳрвандӣ, гуруснагӣ, якчанд бӯҳронҳои иктисодӣ. Сарфи назар аз ибтидои душвор, ба ҷумҳурӣ муяссар шуд, ки аз нав барқарор шавад ва муваффақият ба даст оварад.

 Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш қайд намуданд: «Мардуми мо пас аз расидан ба ин рӯзи дурахшон, яъне истиқлолият ва озодӣ ба имтиҳони хеле душвори таърихӣ – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, вале ба шарофати хирадмандии хеш собит намуд, ки дар назди сарвари давлату миллати соҳибистиқлол ва соҳибистиқлоли Ватани азизу башарият тавоноанд, сохибихтиёрӣ, соҳиби давлати худ шудан ва бо меҳнати якҷоя Ватани худро ободу бо роҳи тараққиёт пеш бурдан».

 Имсол ҷумҳурии мо 34-солагии истиқлолияти худро ҷашн мегирад. Имрӯз ба Тоҷикистони рушдёбанда нигоҳ карда, метавон гуфт, ки мардуми тоҷик чи гуна мушкилоту машаққатҳоро аз сар гузаронидааст. Дар солҳои истиқлолият натиҷаҳои назаррас, аз ҷумла дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба даст оварда шуданд. Дар ин солҳо сохти нави ҷамъиятӣ ташаккул ёфт, ки ба руҳияи демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мувофик аст, иқтисоди бозорӣ рушд меёбад, натиҷаҳои он дар тарзи ҳаёти аъзоёни ҷамъият ба таври мусбат инъикос меёбанд.

 «Сиёсати дарҳои боз», ки Роҳбарияти олии кишвар эълон намудааст, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо бисёр кишварҳои ҷаҳон, Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ ба роҳ монда, бомуваффақият рушд диҳад. Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ ба як субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ва узви эътирофшудаи бисёр созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ табдил ёфт, ки айни замон дар доираи онҳо дар ҳалли мушкилоти ҳаётан муҳимми ҷаҳонӣ ва минтақавӣ фаъолона иштирок мекунад.

 Тараққиёти ҷумҳуриро дар давоми 34 соли истиклолияти давлатӣ ҷамъбаст намуда, метавон гуфт, ки дар ин давраи кутоҳи таърихӣ пояҳои давлати нави ҷавони соҳибистиқлолро мустаҳкам намуда, самтхои асосии сиёсати дохилию берунии давлатро дар асоси манфиатҳои миллии мамлакат ва халкҳои сокини он муайян кардан мумкин аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари муваффақиятҳои ба даст овардашуда, бо роҳи созандагӣ ва боз ҳам навсозии тамоми соҳаҳои ҳаёт, рушди озоду демократӣ ва бунёди ҷомеаи муосиру пешрафта пеш меравад.

 Азизова Назира Аҳмадовна, муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top