9 сентябри соли 1991 барои мардуми Тоҷикистон рӯзи таърихӣ ва фаромӯшнашаванда мебошад. Дар ин рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва роҳи озодӣ ва соҳибихтиёриро интихоб намуд. Имрӯз, пас аз 34 сол, мо бо камоли ифтихор ва эҳтиром аз ин рӯзи муҳим ёд мекунем ва дастовардҳои миллатамонро қадр менамоем.
Истиқлоли Тоҷикистон рамзи озодӣ, сулҳ ва фароҳамсозии зиндагии арзанда барои ҳар шаҳрванди кишвар мебошад. Бо ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон тавонист худшиносӣ ва фарҳанги миллиро эҳё намуда, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо намояд. Ин рӯйдод ба кишвар имконият дод, ки низоми сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии худро бар асоси арзишҳои миллӣ ва ҳуқуқҳои башар ташкил намояд.
Пас аз истиқлолият Тоҷикистон бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ ва вазъи ноустувори сиёсӣ дар солҳои аввали истиқлолият сабаби ниҳоят душвор гаштани рушди кишвар гардид. Бо вуҷуди ин, бо иродаи қавии фарзонафарзанди миллати тоҷик, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми заҳматкаши Тоҷикистон сулҳ барқарор шуд ва давлат дар роҳи рушди бемайлон қадамҳои устувор гузошт.
Имрӯз Тоҷикистон дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва саноат ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, нақши худро дар минтақа ва ҷаҳон мустаҳкам мекунад.
Ҷашни 34-солагии Истиқлоли Тоҷикистон таҷлили ваҳдати миллӣ, талошҳои созанда ва ҳусни иродаи миллати тоҷик мебошад. Ин рӯз намунаи эҳтиром ба гузаштаи пуршарафи миллат ва эътимод ба фардои ободу шукуфо мебошад. Мо бояд пайваста бо ҳамкории ҳамдигар ва ҳифзи сулҳу субот, барои ободии Ватан, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум кору фаъолият намоем. Истиқлолият барои ҳар як фарди Тоҷикистон дастовард ва масъулияти бузург аст.
Бо гузашти 34 сол аз рӯзи Истиқлолият, мардуми Тоҷикистон вазифадоранд, ки мероси фарзандони гузашта ва дастовардҳои имрӯзаро ҳифз намуда, барои ояндаи обод ва шукуфо кишвар мубориза баранд. Истиқлолият на танҳо рамзи озодӣ, балки кафили зиндагии арзанда ва шукуфоӣ барои наслҳои оянда мебошад. Ҳамаи мо бояд бо ифтихор ва эҳтиром аз ин рӯз гиромӣ дошта, ба хотири ободии Ватан ва рушди босуботи он саҳми худро гузорем.
Қурбонова Идимо Нуралиевна, ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ