ШУКРИ ИСТИҚЛОЛУ САРВАР МЕКУНЕМ!

Бинанда: 18 | Санаи нашр: 06 Сентябр 2025

(БАХШИДА БА 34 –СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН)

 

Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳими ҳифзи асолати миллӣ ва нишонаи возеҳи ҳастии миллат аст.”

                                                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият неъмати бузургу муқаддасест, ки ҳар як миллат барои ба даст овардани он талош мекунад. Он барои ҳар як миллат ва ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос дастоварди бузург, неъмати бебаҳо ва асоси ҳастии миллати озод мебошад. Барои мардуми тоҷик низ ба даст овардани истиқлолият натиҷаи садсолаҳо орзуву ормон ва муборизаҳои шадиди таърихӣ буд.

Муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавиштсоз, волотарин ва пурарзиштарин дастовард, ки онро сиву чаҳор сол муқаддам рамзи пойдорию ҳастӣ, шаъну шараф ва эътибори давлат ва миллати тоҷдори тоҷик номидаанд, бешак Истиқлолият аст. Ин ҳодисаи фараҳбахш, ки минбаъд барои миллати шарафманди тоҷик иди бузург, ҷашни муқаддаси Истиқлолият ном гирифт, аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9-уми сентябр расман ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси як давлати соҳибихтиёр вориди саҳифаи нави таърих шуд.  Ин руйдоди бузург на танҳо рамзи озодӣ, балки оғози бунёди давлатдории навини миллӣ гардид.

Пас аз Истиқлолият, ватани азизамон - Тоҷикистон бо мушкилоти зиёд, аз ҷумла ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд. Буҳрони нави мураккаби иҷтимой-иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат Президенти аз тариқи интихоботи умумихалқӣ интихобшударо аз сари қудрат дур сохта, боиси чанд муддат бекор кардани ин падидаи конститутсионӣ ва ба ҷойи он ҷорӣ намудани идоракунии парлумонӣ шуд. 

Маълум гардид, ки танҳо бо қабули Эъломияи соҳибихтиёрӣ ва ё дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ Истиқлолияти давлатӣ ба анҷом намерасад. Барои пойдории истиқлолият ва ташкили давлати мустақил, ки он тавонад халқи шарифи Тоҷикистонро ҳамчун як иттиҳоди устувори сиёсӣ ва бофарҳангу унсурҳои миллиаш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад, инчунин ҳаққи таърихӣ ва замонавии ӯро ҷиҳати мавҷудияти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ эътироф намояд, аз ҷониби масъулин тадбирандешӣ нагардид, балки ба саҳлангорӣ роҳ дода шуд. Инчунин корҳои муҳими ташкилӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ, ки барои шаклгирии Истиқлолияти давлатӣ зарур  будан,  амалӣ нагардиданд.

Дар ин марҳилаи сарнавиштсоз, дар давраи эълони соҳибистиқлолӣ роҳбарон ва масъулони Ҷумҳурӣ имкониятҳои мавҷудбударо аз даст дода, вазифаю мундариҷаи давлатро дуруст муайян карда натавонистанд ва ин ҳама боиси буҳрони ҳокимият, муносибатҳои иҷтимоӣ ва таҳмил гардидани ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) дар кишвар гардид. Тоифаи мансабталошон давлати Тоҷикистонро, ки баъди ҳазору сад сол арзи ҳастӣ намуда буд, ба ҳолати нестшавӣ оварданд. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба як давраи бисёр вазнини таърихӣ ворид гашт. Ҷанги шаҳрвандӣ, фурӯпошии иқтисод, таҳдиди парокандашавии кишвар ва буҳрони сиёсиву иҷтимоӣ кишварро ба вартаи ҳалокат расонида буд.

Ҳама медонем, ки амалишавии Истиқлолияти давлатӣ аз Иҷлосияи тақдирсоз маншаъ мегирад. Пас аз як соли эълони Истиқлолияти давлатӣ, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи ХУ1 - уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз моро аз ҳолати номуайянӣ, беҳокимиятӣ ва аз ҳама муҳимтар, аз вартаи фано раҳо кард. Он ба арсаи сиёсат шахсияти беназир - Эмомалӣ Раҳмонро овард, ки дастоварҳои минбаъдаи кишварамон ба номи ӯ алоқамандии ҳамаҷониба дорад. Дар он давраи сангину нангин ӯ ягона шахсе буд, ки наҳаросида, шуҷоатмандона зимоми идораи давлатро ба дӯши худ гирифта, Истиқлолияти аздастрафтаро ҳифз намуд. Иҷлосияи ХУ1 - уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо боварии комил масъулияти давлатсозӣ ва давлатдориро ба зиммаи Роҳбари нав муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии нахустини худ гуфта буд: “Ман ба шумо сулҳ меорам!” – ва воқеан, ин ваъдаро бо амалу тадбирҳои хирадмандона иҷро намуд.

Хизматҳои муҳими Пешвои миллат дар таҳкими  Истиқлолият бузург мебошанд.

Сулҳ ва ваҳдати миллиро дар Тоҷикистон барқарор намуд. Бо  кӯшиши устувори ӯ Созишномаи умумии сулҳ (27 – уми июни соли 1997) ба имзо расид. Ин воқеа пояи воқеии Истиқлолият ва сарҷамъии  миллӣ гардид. Кишвари ҷангзадаро ба роҳи ваҳдат ва пешрафт овард.

  • Соҳиби ҳокимияти сиёсӣ ва мустакқил гардидем. Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатӣ, Конститутсия, парчам, нишон ва суруди миллии худ гардид.
  • Замин, захираҳо ва сарватҳои табии моликияти халқи Тоҷикистон эътироф гардид.
  • Имкони таҳкими фарҳанг, забон, таърих ва ҳувияти миллӣ фароҳам омад.
  • Сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ мустақилона амалӣ карда мешавад. Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва  бо даҳҳо кишвар муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд.
  • Таъсис ва рушди сохторҳои давлатӣ, иқтисод ва маориф оғоз ёфт.
  • Таъмини суботи сиёсӣ ва ваҳдати шаҳрвандӣ ба номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт алоқаманд аст.
  • Бо ибтикори ӯ иқтисодиёти миллӣ рушду нумуи тоза ёфт.Дар шароити душвор рушди инфрасохтор, ободонии деҳот, мактабҳо, бемористонҳо, бунёди неругоҳҳо (сохтмони иншооти бузурги аср НБО “Роғун”), роҳҳо, нақбҳо ва пулҳо (купрук) оғоз ёфт, ки кишварро ба марҳилаи нави рушд ворид кард.
  • Баҳри тақвияти ҳувияти миллӣ ва эҳёи фарҳанг, забони тоҷикӣ, анъанаҳо ва арзишҳои миллӣ аз нав эҳё шуда, дар сиёсати давлатӣ мақоми асосӣ пайдо карданд.

Пас аз сулҳ, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  кишварро  аз нав созмон дод, сохторҳои давлатиро таҳким бахшид ва мардумро сарҷамъ кард. Бо ташаббуси ин марди кору сухан, сулҳофару фарҳангофар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи эҷоди барномаҳои миллӣ қудрат ва нуфузи давлатамон ба маъраз гузошта шуд, ки ин тамоюл дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ саҳми бориз дорад. 

Маҳз бо дарки масъулият ва ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи тадбирандешиҳо баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва тақвият бахшидан ба ҳуввияти миллӣ руҳияи миллӣ ба вуҷуд омад. Муҳим он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идеяҳои пурмоҳият ва беназирро амалӣ намуда, шаҳрвандонро дар атрофи хеш муттаҳидтар карданд.

Умуман, ҳар тасмиме, ки ин абармард, фарзанди ҷонфидои Тоҷикистон барои пешрафти давлат ва миллат гирифтаанд, амале мебошад, ки ба идеяи миллӣ омезиш ёфта, исиқлолияти давлатиро таҳким бахшида, мисли дурнамои накуӣ давлатсозӣ ва давлатдориро таъмин намудааст. Дар асарҳо, паёмҳо ва суханрониҳояшон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар масъалаҳои марбут ба назария ва амалияи Истиқлолияти давлатӣ мазмуну моҳияти соҳибихтиёриро бозгӯӣ кардаанд.

Хулоса, Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таърихиест, ки нақши ӯ дар таҳким ва ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ беназир аст. Бе роҳбарии оқилонаву ватандӯстонаи ӯ эҳтимол имрӯз Тоҷикистони азиз чунин обод, ором ва муттаҳид намебуд. Тоҷикистон имрӯз таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як кишвари озоду соҳибобрӯ табдил ёфт.

Шукри истиқлолу сарвар мекунем,

Шукри ободии кишвар мекунем.

Шукри он зоте, ки моро ҳаст кард,

Шукри бому хонаву дар мекунем!

Истиқлолият на танҳо озодӣ, балки масъулияти бузург, ҳифзи сулҳ, ваҳдат ва ободии кишвар, оғози саҳифаи нави давлатдорӣ, эҳёи суннату арзишҳои миллӣ  ва барқароррии суботу ваҳдати миллӣ  мебошад. Маҳз дар партави истиқлолият мо тавонистем давлат ва миллати худро аз вартаи нобудӣ раҳонида, ба сӯи ободӣ ва пешрафт қадам гузорем. Пас бояд ҳар як фарди боору номус дар таҳкими пояҳои давлати миллӣ саҳмгузор бошад.

 

Сангова Фирӯза Холмуродовна, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top