ИСТИҚЛОЛИЯТ ГАНҶИ БЕБАҲОСТ

Бинанда: 22 | Санаи нашр: 06 Сентябр 2025

Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар Ҷумҳурии азизамон 34-уми солгарди истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатӣ ҳамасола 9-уми сентябр ба монандӣ дигар ҷашнҳои давлатӣ қайд мегардад.

Истиқлолият нишонаи ҳуввият, озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат, соҳибихтиёрию соҳибдавлатии тоҷикон аст. Ин дастовард дар таърихи давлатдории тоҷикон гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд буда, дар назди насли имрӯза вазифаи пурмасъулияти таърихӣ гузошта аст, ки бунёди давлати мутамаддини ҷовобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари таърихии хеш “Тоҷикон дар оинаи таърих” қайд намудааст: “Фарзандони фидоию баномуси миллати мо дар ҳама давру замон, дар ҷое бо хираду фарҳанги воло, дар ҷое бо муросою мадоро талошҳои истиқлолхоҳӣ кардаанд, ки ин омилҳо бо ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандорӣ пайванди ногусастанӣ доранд”.

Боиси сарфарозӣ ва хушнудист, ки имрӯз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати барӯманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд. Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун пайки саодату хуҷастаҳолӣ на танҳо мояи шаъну шукӯҳи миллати таммандунофари тоҷик дар арсаи олам гардид, балки сарахбори кӯшоиши корҳои созандагӣ ва пешрафтҳои гунонгунҷабҳаи ҷомеа ҳам гашт. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстию тиҷоратиашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузургии Истиқлол мебошад.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар масири даҳ асри охир дастоварди боарзиштарин ва волотарини маллати тоҷик аст, ки имрӯз сарнавишт ва сиёсати дохиливу хориҷии худро ба дасти хеш мустақилона менависад.

Маҳз истиқлолият ҳаст, ки имрӯз мо ҷавонон дар фазои сулҳу субот, тинҷию оромӣ дар ватани азизамон, ки Тоҷикистони биҳиштосо ном дорад кору фаъолият намуда баҳри фаъолият ва пешбурди ватанамон саҳмгузор мегардем.

Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, саодатмандӣ, хонаободӣ, осмони софу беғубор, сулҳу салоҳ таманно дорем.

Фирӯз Исмоилзода, дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит

Шараф Бобоев, дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top