Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад, яъне низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолият яке аз волотарин дастоварди миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Даврони истиқолият рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмат, нишони барҷастаи пойдории ҷамъият ва рамзи асолату ҳувият мебошад. Миллати тоҷик тавонист бо талошҳою заҳматҳо ва корнамоиҳои ҷасуронаи қаҳрамонони худ, бо вуҷуди мушкилиҳо ва монеаҳои зиёд пояи давлатро устувор гардонида, ба ин васила соҳибистиқлол гардад.
Муҳимтарин воқеаи даврони навини таърихи тоҷикон дастёбӣ ба истиқлолияти давлатист. 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи 12-уми ғайринавбатии Шурои Олӣ Эъломия дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Ин санад роҳу равиши ҷомеа ва сарнавишти халқи тоҷикро ба куллӣ дигаргун сохт. Тавлиди давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ истиқбол намуд. Бозшинохти Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ оғоз ёфт.
Маҳз бо шарофати Истиқлол мо имрӯз оромию осоиштагӣ дорем. Ҳеҷ чиз аз амнияту сулҳ гаронбаҳо нест. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ нишон доданд, ки бе сулҳ Истиқлол пойдор намемонад. Хушбахтона, бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат барқарор шуда, Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳдӯст дар ҷаҳон шинохта шуд.
Истиқлол ба мо имкон дод, ки имрӯз озодона ҳарф занем, фарҳангу суннатҳои миллиамонро эҳё кунем, бо ифтихор аз таърихамон ёд оварем ва ба сӯйи ояндаи дурахшон қадам гузорем.
Маҳз истиқлолият дар асоси тараққиёти ҳаматарафаи имрӯз ояндаи онро муайян месозад ва дар воқеъ истиқлолияти давлатӣ барои мардум шароити мусоидро фароҳам овард ва дар ҳамаи самтҳо миллатамон соҳиби дастовардҳои назаррас гардид. Тоҷикистонро дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар мешиносанд ва ин самараи неки истиқлол аст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ аст.
Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият бузургтарин, арзишмандтарин ва муқаддастарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи такконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.
Бинобар ин, моро зарур аст, ки барои пойдорӣ ва таҳкими истиқлол, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешрафту тарраққиёти кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол меҳнати софдилонаву созанда кунем ва ҳамзамон ватандӯсту хештаншинос бошем.
Тураева Муқаддам Турабойевна, н.и.и., и.в. дотсенти кафедраи
андоз ва андозбандӣ