ИСТИҚЛОЛИЯТ - РАМЗИ ОЗОДИИ МИЛЛАТ!

Бинанда: 96 | Санаи нашр: 04 Сентябр 2025

Бояд ба воқеиятҳои таърихӣ эътирофи хосса зоҳир намуд, зеро пешрафт ва таҳкими истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамон бо фаъолият ва заҳматҳои шабонарӯзии пурсамари абармарди миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи ногусастанӣ дорад. Бешубҳа истиқлолияти давлатӣ роҳи таърихии давлати моро дар самти ҷомеъаи демократӣ, эътирофи сиёсӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ муайян намуд. Сивучаҳор сол аз талошу мубориза, иқдомҳои созандаву бунёдкорона, ҷалби ҷавонон ба дуст доштан ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва дигар созандагиҳо сипарӣ мегардад, ки Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон ба неъмати бебаҳои истиқлолият, ки асли соҳибихтиёрии давлат ва рамзи хушбахтиву саодати мардуми тоҷик аст, мушарраф гардидааст. Сивучаҳор баҳори дарахти ҳамешасабзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарсабзу хуррам ва дар раванди рушдёбӣ қарор дорад.

Хизматҳои шоён ва ғайриодии Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллати тоҷикон дар он аст, ки ӯ тавонистааст дар шароити буҳрони иқтисодӣ, маънавӣ ва вазъияти бениҳоят мураккаби сиёсӣ, ҳам пояҳои давлатдориро бунёд созад ва ҳам мардуми сарсони мамлакатро зери парчами Ваҳдату ягонагӣ муттаҳид созад, дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоистаро соҳиб шуда, манфиатҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифзу пуштибонӣ намояд.

Яке аз дастовардҳои сиёсии истиқлолияти давлатӣ ин ба даст овардани давлатдорӣ мебошад. Маҳз дар сатҳи давлатдорӣ як миллат ё халқ метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми, сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро нишон диҳад ва дар навбати худ низоми ҳуқуқии миллиро таъсис диҳад. Аз ин лиҳоз, дар таърихи муосири Тоҷикистон ба даст овардани давлатдории миллӣ падидаи нодир буда, дастоварди беназири истиқлолият мебошад. Раванди ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурии мо назар ба дигар давлатҳои осиёи миёнагӣ бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки билохир ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Хушбахтона, фарҳанги бузурги тоҷикона ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз ҷурми якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт. Сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳ нуктаҳои калидие буданд, ки истиқлолияти давлатиро таҳким бахшиданд ва роҳро барои бартараф намудани рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар кушоданд. Инчунин сулҳ имкон дод, ки ихтилофҳо дар кишвар барҳам дода шуда, тамоми гурезаҳо ба Ватан баргардонда шаванд ва як заминаи воқеӣ барои ҷомеаи боамну босубот дар кишвар муҳайё карда шавад.

Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем, чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳими вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тӯли асрҳо ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзу гиромидошт ва тозагии он вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар даврони истиқлолият баҳри бедории худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ назари амиқ намудан ба таърихи миллати тоҷик ва расму оинҳои миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва амсоли инҳо корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.

Рушди иқтисодии кишвар омили муҳим барои тақвияти ваҳдати миллӣ дар даврони истиқлолият низ мебошад. Дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ корхонаҳои нав бунёд мегарданд ва ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянд, ки боиси рушди ин ё он маҳал ва баланд гардидани сатҳи иқтисодии аҳли ҷомеа мегардад.

Гуфтан ба маврид аст, ки таърих ва тамаддуни чандинҳазорсолаи миллати мо аз он шаҳодат медиҳад, ки дар радифи тамаддуну фарҳангҳои дигар миллатҳо миллати тоҷик низ дар роҳи камолоти инсонӣ хизматҳои шоиста карда, ба ҳеҷ ваҷҳ бо ғаразҳои бади абарқудратҳо ва хатарҳои геополитикӣ омехта нагардидааст.

Сиючорумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубораку фархунда бошад, ҳамватанони азиз!

 

Раҷабзода Олимхон Ҷурахон, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top