ИСТИҚЛОЛИЯТ – БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРД ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ

Бинанда: 147 | Санаи нашр: 04 Сентябр 2025

Тоҷикистон ба шарофати истиқлол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёри демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф гардид ва ба узвияти кулли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд. Истиқлол барои мо иззату шарафи инсонӣ, нангу номуси миллӣ ва гузашта аз ин, бузургтарин дастовард ва муқаддастарин неъмат мебошад.

                                                                       Эмомалӣ Раҳмон

Дар таърихии ҳар як миллату давлат Истиқлолият яке аз бузургтарин неъмат ва дастовард ба шумор меравад. Барои мардуми сарбаланди тоҷик, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 ба даст оварда шудааст, оғози марҳилаи нави таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миллати тоҷик имконият фароҳам овард, ки роҳи рушди мустақилона, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва сохтмони давлатдории муосирро мустақилона муайян намояд.

Таърих борҳо исбот намудааст, ки давлатҳое, ки Истиқлолият надоранд, дар он бисёре аз арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг ва таърихи миллӣ таҳти таъсири идеологияи бегона қарор доштанд. Баъди ба даст овардани истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр эътироф шавад ва сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян ва интихоб намояд.

Истиқлолият на танҳо озодии сиёсӣ ва ҳудудӣ, балки масъулияти бузург низ ба шумор меравад. Дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият дар мамлакат ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардида буд, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи сангину душвор шуморида мешуд. Дар раванди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар мамлакат, ки солҳои 1992–1997 идома ёфт, ба иқтисод, фарҳанг ва ҷомеа зарбаи сахт расонида шуд. Аммо бо шарофати талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу субот барқарор гардид ва марҳилаи созандагиву ободкорӣ оғоз ёфт.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ як мамлакати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ мешиносанд ва эътирофаш менамоянд. Дар тӯли солҳои истиқлолият ҳазорҳо мактаб, беморхона, роҳҳо, нерӯгоҳҳо ва инфрасохтори муосир бунёд гардиданд, сатҳи зиндагии мардум беҳтару хубтар гардид. Забон ва фарҳанги тоҷикӣ рушд ёфта, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, қаҳрамонони миллӣ ва таърихи бойи тоҷикон боз ҳам афзудааст.

Ҳама сола 9 сентябр - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни миллӣ дар саросари мамлакат бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ин ҷашн на танҳо рӯзи хотирмон, балки лаҳзаи андешаронӣ аз гузашта ва тарҳрезии фардои дурахшони миллат баҳисоб меравад. Сокинони мамлакат дар ин рӯзи таърихӣ ифтихор менамоянд, ки соҳиби давлат ва истиқлол мебошанд.

Истиқлолият барои тоҷикон рамзи озодӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ба ҳисоб рафта, ҳар як шаҳрвандро вазифадор менамояд, ки дар ҳифзу таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ободии Ватан ва рушду нумӯи ҷомеа саҳми арзанда хешро гузошта бошад.

 

Рустамзода Фитрат Музафар, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ,

Ҳомидзода Ғулом, н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ,

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top