Ҷашни Ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистони маҳбуб дар баробари Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумлаи муқаддастарин дастовард ва арзиши миллию давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.
Дар тули таърих халқу ватани азизи мо борҳо ба номеҳрубониҳои таърих рӯ ба рӯ омада, вале бо ҷасорату шуҷоат, донишу корнамоиҳои хеш эҳёву устувор шудааст. Миллати қавирӯҳи мо дар охири асри ХХ ва ибтидои асри нав бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, баъди ҳазор сол боз аз сари нав баҳри пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ парчами Ватани азизамонро дар олам партавафшон намуд.
Дар ибтидои марҳилаи соҳибистиқлолӣ душманону бадхоҳони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо ба сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сабаб шуданд, ки дар натиҷа даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ба ҳалокат расида, модарону бонувон бесаробон ва кӯдакон ятим монданд, зиёда аз як миллион нафар гуреза шуданд, хонаҳои мардум, иншоотҳои таъиноти гуногун ба коми оташ рафтанд, ҳисороти зиёд ворид гардид. Зарари ҷанг беш аз даҳ миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.
Роҳбари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музокироти сулҳро бо мухолифини мусаллаҳ ба хотири қатъи хунрезиҳои даҳшатнок, ҳифзи ягонагии миллат ва нигоҳ доштани якпорчагии давлатамон оғоз намуда, дар раванди музокироти тӯлонӣ, ки зиёда аз чил моҳ дар кишварҳои мухталиф идома доштанд, чил санади муҳим ба имзо расид. Бо саъю талоши бевоситаи Пешвои миллат баъди мухолифати мусаллаҳонаи беш аз панҷсола 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо шуд. Дар кишвар марҳилаи барқарорсозии оқибатҳои ҷанг шурӯъ гардида, дар муддати кӯтоҳ беш аз як миллион нафар ҳамватанони иҷборан тарки диёр намуда дубора ба маҳалли зисташон баргардонида шуданд.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид доштанд “Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард”.
Бо ифтихору қаноатмандӣ зикр бояд кард, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ дар кишвар таъмину пойдор гардид, заминаҳои воқеӣ ва мустаҳкам баҳри пояҳои давлатдории муосир ва инкишофи бемайлони ҷомеа гузошта шуд, ки боиси падид омадани як давлати воҳид, рӯ ба инкишоф ва дар низоми байналмилалӣ соҳибмақом гардид.
Дар ин раванд таҳкурсии гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми дигар фароҳам омад. Бо вуҷуди мушкилоти замони гузариш аз як сохт ба сохти дигари давлатдорӣ, ҷумҳурии соҳибистиқлоламон дар ҳолати хуби рушд қарор дошта, пайванди ҷомеа ба ҷаҳони мутамаддини муосир, ки асос ва асли онро низоми демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳад, ба вуҷуд омад.
Пешвои миллат бо ташаббусу ибтикороти наҷиби ҳамарӯзаи хеш, суханони таъсирбахш ва рафтори намунавиашон тавонистанд, ки бо рақибони сиёсии Ватан дар атрофи мизи сулҳу ваҳдат нишаста, баҳри пойдории ваҳдати комил заминаи воқеӣ гузоранд.
Ҳамин буд, ки ба аҳли ватан поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ, эҳтироми хотираи гузаштагон, меҳнатдӯстӣ ва худогоҳиро талқин намуда, бо хислатҳои шоистаи худ роҳи пешрафти мардумро дар ҷодаҳои тираву тори мушкилгузари таърихӣ мунаввар сохт. Халқи азизи кишвар аз нахустин рӯзҳое, ки Ҷаноби Олӣ зимоми давлатсозиро ба дӯш гирифтанд, дар ҷодаи ваҳдатофарӣ бо Роҳбари давлат ҳамсафар шуда, ба корнома ва таърихсозии Пешвои муаззами миллат бо дили пур боварӣ доштанд. Ана ҳамин эътимоду эҳтиром ба Пешвои миллат моро ба рӯзҳои неку шоиста расонд.
Имрӯз мактаби сулҳофарии Пешвои миллат ҳамчун таҷрибаи пешқадами сулҳофарӣ дар саросари ҷаҳон миёни сиёсатмадорону ҷомеашиносон мавриди омӯзиш қарор дошта, мамлакатҳои ноамн аз он ҳамчун дастури амал истифода мебаранд, ки боиси ифтихору сарбаландии мост.
Тавре ки Пешвои муаззами миллат ҳидоят мекунанд, имрӯз тамоми шаҳрвандони огоҳу солимфикри мамлакат вазифадоранд, ки шукронаи соҳибдавлативу соҳибватаниро ба ҷо оварда, ҳар як иқдоми ободгаронаву созандаи худро ба номи Ватан ва миллат, ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории навинамон ва таҳкими нуфузу обрӯи Ватани маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ анҷом диҳанд.
Шарифӣ Фирӯза, номзади илмҳои иқтисодӣ, сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ