ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ТОҶИКОНРО БОРИ ДИГАР МИЛЛАТИ СУЛҲОФАР МУАРРИФӢ КАРД

Бинанда: 22 | Санаи нашр: 26 Июн 2025

Имсол дар Тоҷикистони соҳибистиқлол 28 - умин солгарди Ваҳдати миллиро ҷашн мегирем, аз ин рӯ хостем аз сулҳофар будани миллати тоҷик, ки ҳанӯз аз замони Куруши Кабир ба ҷаҳониён маълум буд равшанӣ андозем. Агар ба таърихи аксарияти халқу миллатҳо назар андозем, мо шоҳиди он мегардем, ки онҳо ба давлатҳои дигар амалиётҳои забткорона бурда, хунрезиҳои зиёд кардаанд, ба ҷузъ тоҷикон. Таърихи халқи тоҷик пур аз муборизаҳову қаҳрамонист, вале фақат ба хотири ҳимояи марзу буми хеш аз аҷнабиён. Масалан, корнамоии Спитамен, Катан ва Авастан бар зидди юнониҳо ё ин ки Деваштич, Ғурак, Муқаннаъ бар зидди арабҳо ва ё бар зидди муғулҳо Темурмалик, Маҳмуди Торобӣ ва амсоли инҳо ки ба хотири халқу миллат ҷоннисориҳо намудаанд ва асрҳои аср барои мо мояи ифтихор буданд, ҳастанд ва мемонанд!  

Асри 20 барои аксарият қавму миллатҳо хотираҳои хубу баъдро доро мебошад, аз ҷумла барои мо тоҷикон хубиҳои ин аср барои таъсиси давлат бо номи Тоҷикистон, ки зина ба зина ба истиқлолият расидем, вале хотираҳои баъд дар қатори аз даст додани минтақаҳои таърихии тамаддунофарамон ин ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аст, ки ба амал омада буд. Бояд қайд намуд, ки аксарият давлатҳои ҷаҳон дар таърих ҷанги шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидаанд (Ба мисоли ИМА, Фаронса, Англия ). Мутаассифона дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ, бояд қайд намуд, ки як гурӯҳи  ифротиҳо аз дину мазҳаб истифода бурда, як гурӯҳи мардуми ба хурофотзадаро ба майдоннишинӯ даъват карданд ва фазои давлатро ноором гардонида, бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ даст ба миллаткушӣ заданд.

Сарнавишти миллати тоҷик дар тули асрҳо баробари дигар мардуми эронинажод басо печида ва пуршебу фароз аст. Тоҷикон бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ, бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст.

Дар тули асрҳо шахсиятҳои бузурги миллат ба ҳар роҳу восита ҳуввияти миллиро тарғиб мекарданду тавассути он руҳияи хештаншиносии тамоми қишри ҷомеа, алалхусус ҷавононро ташаккул медоданд. Ҷаҳониён ҳар як миллату халқро бо шарофати фарзандони баруманду ватанпарвараш мешиносанду баҳо медиҳанд. Чунки ин категорияи ҷавонон чароғи фурӯзонанд ва роҳи пешрафти миллат ва ояндаи ӯро рушанӣ медиҳанд.

Яке аз ин фарзонафарзандон миллат Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Хушбахтона, баъди ба мансаби раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани Пешвои миллат, фазои сиёсии кишвар ранги дигар гирифта, фаъолияти кории худро аз сулҳу ваҳдат шуруъ намуданд. Масалан, рӯзи 24-уми ноябри соли 1992 дар назди парчами Тоҷикистон сари таъзим овардани ҳарду тарафҳо ё 26 ноябр оши оштӣ додани тарафҳо аз аввалин қадамҳои мубораки ин абармарди миллат мебошад.

Умуман, баъди 40 моҳи гуфтушунидҳо бо талошҳои фидокоронаи Роҳбарияти кишвар бо гурӯҳҳои мухолиф, рӯзи 27 июни соли 1997 дар Москва Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин рӯйдод на танҳо поёни ҷангро нишон дод, балки оғози як давраи нави таърихиро барои Тоҷикистон муайян намуд.

Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон маънои барқарорсозии сулҳ, оромиш ва эътимод байни ҳамаи табақаҳои ҷомеаро дорад. Ин раванд боис шуд, ки кишвар аз як ҳолати нооромӣ ба сӯи рушди устувор гузарад. Ваҳдати миллӣ ҳамчунин маънои ҳамгироии ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ ва иҷтимоии кишварро дар бар мегирад, ки боиси тақвияти ягонагӣ ва субот дар ҷомеа мегардад.

Барои таъмини ваҳдати миллӣ Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ як қатор тадбирҳо андешиданд. Аз ҷумла:

 - Қабули сиёсати ҳамгироӣ: Ҳамгироии гурӯҳҳои мухталифи қавмӣ ва мазҳабӣ ба раванди қабули қарорҳо ва фаъолияти ҷамъиятӣ;

 - Барномаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ: Интихоби сиёсати рушди устувор, ки ба беҳбудии шароити зиндагии мардум ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат мекунад.

Ваҳдати миллӣ барои рушди устувори Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозид. Бо барқарор шудани сулҳ, имкониятҳои нав барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фароҳам омаданд. Мисолҳои зиёде метавон овард, ки нишон медиҳанд, чӣ гуна Ваҳдати миллӣ ба пешрафти кишвар мусоидат кардааст:

 - Барқароршавии инфрасохтор: Баъд аз ҷанг, таваҷҷуҳи хосса ба сохтмон ва барқарорсозии роҳҳо, пулҳо, мактабҳо ва беморхонаҳо дода шуд;

 - Рушди иқтисодиёт: Бо шарофати сулҳ ва субот, сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҷалб шуданд. Ин раванд боиси рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ гардид;

 - Беҳтаршавии шароити зиндагӣ: Дар натиҷаи амалӣ гардонидани барномаҳои давлатии рушди иҷтимоӣ сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфта, сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардид.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас дар самти ваҳдати миллӣ ноил гардид. Иштироки фаъолонаи ҷомеа дар раванди сулҳ ва ҳамгироӣ нишон дод, ки имкониятҳои бузург барои пешрафт вуҷуд доранд. Аз ҷумла:

 - Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ваҳдати миллӣ: Ин рӯйдод ҳамасола 27 июн таҷлил мегардад ва ҳамчун рамзи сулҳ ва ҳамдилӣ ба ҳисоб меравад;

 - Нақш дар сиёсати байналмилалӣ: Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як намунаи муваффақи сулҳоварӣ ва ваҳдати миллӣ эътироф гардидааст.

Хулоса, ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон як дастоварди бузург ва муҳим маҳсуб ёфта, бо шарофати он кишвар тавонист аз як ҳолати ҷанг ва нооромиҳо ба сӯи сулҳ ва рушди устувор гузарад. Ин раванд на танҳо ба беҳбудии шароити зиндагии мардум мусоидат кард, балки ҳамчун як намунаи муваффақи сулҳоварӣ ва ҳамдилӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардид.

 

Маҳсудинова Раҳёнби Ғоибовна, котиби шурои олимони донишгоҳ

 

Муҳаммадсафои Исматулло, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top