Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Рӯзи ваҳдати миллиро, ки барои тоҷикону тоҷикистониён дастоварди муқаддасу нодир ба ҳисоб рафта, аз ҷиҳати арзиш баробар ба Истиқлолият дониста мешавад, бароятон муборакбод гуфта, ба ҳар кадоматон саломатии бардавом, рӯзгори босаодат ва дар боз ҳам мустаҳкамтар намудани ваҳдати миллӣ, ки пешрафту шукуфоии мамлакатамон аз он вобастагии зиёд дорад, барору комёбӣ орзу менамоям.
Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки имсол 28-умин солгарди он дар саросари Ватани маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад, дар натиҷаи кӯшишу заҳматҳои беандоза ва гуфтушунидҳои зиёд, оғоз аз моҳи апрели соли 1994 то 27-уми июни соли 1997, яъне то ба тасвиб расидани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба даст омадааст, ки ин санад ифодакунандаи қатъи ҷанги дохилӣ буда, ба оғози ҳаёти осоишта қадам ниҳодани мамлакатро инъикос менамояд.
Мавриди зикри хос аст, ки дар таъмини сулҳи тоҷикон хизматҳои фарзанди фарзонаи миллат, Президенти маҳбуби кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Маҳз ҷаҳду талош, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва силсилатадбирҳои андешидаи Сарвари давлат имкон фароҳам овард, ки беш аз як миллион фирорӣ ба Ватан, яъне ҷойҳои зисти муқимии худ баргашта, сулҳу субот ба тадриҷ дар кишвар таъмин карда шавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аҳаммияти беандоза доштани сулҳу ваҳдати миллӣ дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд ки “Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буд, заминаи воқеӣ гузошт”.
Дар ҳақиқат, маҳз пойдории сулҳу субот ва рӯз аз рӯз мустаҳкамтар гардидани ваҳдати миллӣ буд, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамчун мамлакати сулҳдӯсту сулҳхоҳ ва пешрафта дар саросари олам мешиносанду эътироф мекунанд. Пойтахти он - Душанбешаҳр бошад, ба макони баргузории чорабиниҳои сиёсии сатҳи минтақавию байналмилалӣ табдил ёфтааст. Пешрафти мамлакат, ободиву шукуфоии Ватан ва дастовардҳои азиме, ки тули солҳои соҳибистиқлолӣ насибамон гардидааст, ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ, иқдому ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ба даст омадаанд, ки мо тоҷикону тоҷикистониён аз он ифтихор мекунем.
Бояд гуфт, ки ин ҳама пешрафт ва ободию шукуфоии кишварро бархе аз хоинону душманони давлату миллат нодида гирифта, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки сулҳу субот ва оромиву осоиштагии кишварамонро халалдор созанд. Бадхоҳони миллат аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш менамоянд, ки ҷавонони ноогоҳу бесаводро ба гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ ҷалб намоянд.
Аз ин рӯ, ҳар як сокини мамлакат, бахусус мову шумо - омӯзгоронро зарур аст, ки ҷавонону наврасонро дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию умумибашарӣ тарбия намоем, то ин ки онҳо ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, кӯшишу ғайрат ва донишу малакаи касбиашонро танҳо баҳри пешрафт ва ободию шукуфоии Ватан, мустаҳкам намудани сулҳу ваҳдати миллӣ равона созанд.
Воқеан, ваҳдати миллӣ омили пешрафт ва шукуфоии кишвар аст. Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, “Мо ваҳдати миллиро дар баробари истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон медонем ва барои тақвият, таҳким, устуворӣ ва такомули минбаъдаи он бо дастгирии мардуми сарбаландамон ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем”.
Боварӣ дорам, ки ҳар кадоми Шумо дар таҳкими сулҳу субот, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва рушди босуботи Тоҷикистони биҳиштосо, ки Ватани азизи ҳар кадоми мост, софдилонаю содиқона заҳмат кашида, дар ободию шукуфоии он саҳми арзишманд мегузоред.
Ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва сарнавиштсози миллат ба ҳар кадоми шумо барору комёбӣ, дастовардҳои беназири касбӣ, сарбаландиву саодатмандӣ ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлол рушду шукуфоии доимиро таманно менамоям.