ТОҶИКИСТОН ЁФТ АЗ ВАҲДАТ ЗАФАР

Бинанда: 15 | Санаи нашр: 26 Июн 2025

Ҷумҳурии Тоҷикистон — сарзамини куҳанбунёд ва дорои таърихи бою пурғановат аст, ки дар он мардумони зиёд бо фарҳангу маданияти худ зиндагӣ мекарданд. Аммо асри ХХ барои мардуми тоҷик на танҳо замони истиқлол, балки инчунин ба имтиҳони сахти таърих рӯ ба рӯ шуд, яъне  ба ҷанги дохилӣ, ки дар натиҷаи он ҳазорҳо нафар ҷони худро аз даст доданд ва кишвар дар ҳолати буҳронӣ қарор гирифт. Маҳз Ваҳдати миллӣ буд, ки миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ наҷот дод ва роҳи зафару ободиро пеши роҳи миллат боз намуд.

Ваҳдат асоси ҳар гуна пешрафт ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ҳар давлат аст. Миллате, ки бо ҳам нест, ҳаргиз пеш намеравад. Миллате, ки якпорчагӣ ва дӯстиву бародариро ҳамчун арзиши олии миллӣ мешуморад, қодир аст ҳар душвориро паси сар кунад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон яке аз намунаҳои камназири таърихӣ дар миқёси ҷаҳонӣ арзёбӣ мешавад.

Пас аз имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997, Тоҷикистон вориди марҳилаи нави сиёсати созандагӣ ва эҳёи миллӣ гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки маҳз Ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини суботи сиёсии кишвар ва шарти калидии пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад.

Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои зиёди назаррас ноил гардид, ки ҳамаи онҳо самараи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошанд. Аз ҷумла:

  • Таҳкими пояҳои давлатдорӣ: Низоми сиёсии мамлакат мустаҳкам гардид ва сохторҳои давлатӣ фаъолияти устуворро ба роҳ монданд;
  • Рушди инфрасохтор: Роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳо ва дигар иншоотҳои муҳими миллӣ сохта шуданд, ки ба беҳтар гардидани зиндагии мардум мусоидат мекунанд;
  • Пешравии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ: Кишвар аз иқтисоди пошхӯрда ба иқтисоди бозори рушдёбанда табдил ёфт.
  • Тақвияти ҳувияти миллӣ: Забони давлатӣ, фарҳанги миллӣ ва суннатҳои миллии тоҷикон мавқеи худро боз ҳам мустаҳкамтар намуданд.

            Ҳамаи ин дастовардҳо дар шароити нооромии ҷаҳонӣ ва буҳронҳои гуногун ба даст омаданд, ки худ далели қавии зарурати ваҳдат ва ҳамдилии миллӣ мебошанд.

Ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа бояд ҳамеша ҳушёр ва бедор бошанд, зеро ояндаи кишвар дар дасти онҳо мебошад. Ваҳдат танҳо як воқеаи таърихӣ нест, балки равандест, ки ҳар рӯз бояд онро эҳё ва нигоҳдорӣ кард. Дар шароити муосир, вақте ки ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯ аст, аз ҷумла экстремизм, терроризм ва ҷангҳои иттилоотӣ — насли ҷавон бояд таҳти таъсири ғояҳои бузурги ваҳдат тарбия ёбад.

Баргузории ҳамоишҳо, озмунҳо, барномаҳои тарбиявӣ, ва иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ метавонад заминаи мусоид барои таҳкими ваҳдат ва пешгирии нооромиҳо бошад.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди ватандӯст бояд хуб дарк намояд, ки Ваҳдати миллӣ дастоварди муқаддас ва бебаҳои миллати мост. Тоҷикистон маҳз бо шарофати ваҳдат ба зафар ноил гардид, истиқлолашро нигоҳ дошт ва ба сӯи ояндаи дурахшон қадам ниҳод. Пас моро лозим аст, ки ин неъмати бузургро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, барои пойдории он талош варзем ва ба наслҳои оянда як кишвари ободу озод ва муттаҳид ба мерос гузорем.

 

Асадуллозода Самиаъло Асадулло, мудири шуъбаи кор ба ҷавонон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top