ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАМЗИ САРҶАМЪӢ ВА ЯГОНАГИСТ

Бинанда: 19 | Санаи нашр: 25 Июн 2025

Ваҳдати миллат бақои миллат аст,

Устувор аз муддаои миллат аст.

Ваҳдати миллӣ рамзи сарҷамъӣ ва ягонагист. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад»

Ваҳдати миллӣ ба саҳифаи таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гаштааст. Агар мо ба фарҳанг назар афканем, мебинем, ки вожаи ваҳдат дар онҷо ба маънои «ягонагӣ» омадааст. Аз ин рӯ, мо инсонҳо бояд ягона бошем – яъне муттаҳиду ҳамбаста чун як тан. Вақте муттаҳид мегардем, пуриқтидору бузург ва ба ҳама амали некӯю шоиста дастёб мегардем. Ваҳдат ё ягонагӣ аз рукнҳои дӯстӣ, тартибу низом, рафоқат, ҳамбастагӣ, эҳтироми ҳамдигар ва арзиши олӣ доштани инсон иборат аст. Халқу миллати мо таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда аст. Сулҳдӯстии мо дар тули тамоми таърихи чандинҳазорсолаамон нишондиҳандаи ақлу хирад ва сабру таҳаммули гузаштагонамон аст.

Ваҳдат омили муҳими рушди устувори ҷомеа мебошад. Сулҳу ваҳдат ду омили ба ҳамдигар пайваст мебошад. Дар ҷое, ки сулҳ пойдор аст, ваҳдату ягонагӣ низ бевосита ҳукмрон аст:

Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон, баргардонидани садҳо ҳазор нафар гурезагон ба Ватан аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва давлатҳои алоҳида падидаи нодир эътироф шуда, мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Дар муддати кӯтоҳ Тоҷикистонро зиёда аз 130 мамлакатҳои дунё расман шинохтанд. Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои муҳимтарини байналхалқӣ ва бо ташаббуси ӯ эълон шудани «Даӽсолаи байналмилали об барои рушди устувор» ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯзи Аҷам ва ба монанди инӽо чандин пешниӽодӽо ба арсаи кишварҳои ҷаҳон далолат менамояд.

Дар ҳар суханронии хеш бо аҳли зиё ва ҷавонони фаъоли мамлакат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки «Ояндаи давлат дар дасти ҷавонон мебошад». Имрӯз дар шароити ҷаҳони муосир, ки хатарҳои террористиву ифротгароӣ, ҷудоандозиву маҳалгароӣ ба сари миллатҳо таҳдид мекунанд, нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ на танҳо вазифаи давлат, балки рисолати ҳар шаҳрванди ватандӯст аст.

Худшиносии ҷавонон ва ҳар як фарди бо нангу номус омили ягонаи инкишофи минбаъдаи давлату миллати мутамаддини тоҷик хоҳад буд. Дар ин бобат беэътиноӣ нишонаи бетараф будан ба тақдири хеш аст. Аз ин рӯ, зарур аст ёдгори пешинро ҳифз намуда, дар меъмори тозабунёди давлати демократӣ ҳиссагузор бошем.

 

Мухторзода Саидмухтори Саидахрор, н.и.и., дотсент, сардори маркази инноватсионӣ ва парки технологӣ.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top