Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои бузурги ҳар як давлату миллат ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдати миллӣ мафҳуми хеле муҳим ва тақдирсоз мебошад, зеро пас аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997, маҳз ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ боиси бозгашт ба зиндагии осоишта ва оғози марҳилаи нави давлатсозӣ гардид.
Ваҳдати миллӣ маънои иттифоқу якдилии тамоми қишрҳои ҷомеаро новобаста аз миллат, забон, мазҳаб ё минтақа дорад. Ин як навъ якдигарфаҳмии умумимиллӣ мебошад, ки дар он манфиатҳои миллӣ аз ҳама болотар гузошта мешаванд ва мардум барои рушду ободии ватан якҷоя талош мекунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки бо дарназардошти он ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад.
Таърих гувоҳ аст, ки 28 сол қабл, 27 июни соли 1997 фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ, бо меҳри ватандӯстию сулҳхоҳӣ, баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин кашмакашҳо хотима гузоштанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши беназир ва таърихӣ дар таҳкими сулҳу субот ва расидат ба ваҳдати миллӣ доранд. Бо сиёсати оқилона ва иродаи қавӣ, Пешвои миллат тавонистанд ҳамаи тарафҳои даргирро ба сари як миз биёранд ва бо имзои Созишномаи сулҳ 27 июли соли 1997 кишварро ба роҳи созандагӣ ворид намоянд.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санад ифодакунандаи қатъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва оғози ҳаёти осоиштаи Тоҷикистонро инъикос менамуд.
Маҳз, бо кӯшишҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ гардид, мамлакат обод шуду пеш рафт. Барои бунёди рӯзгори ободу осудаи ҷомеа заминаи воқеӣ гузошта шуд. Сулҳу ваҳдати тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавон умедро ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастанӣ зинда намуд.
Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашт, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ буд ва ҳаст.
Таърих гувоҳ аст, ки меъмори Ваҳдати миллӣ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Алимов Комилҷон Кассирович, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории ДДТТ