Имрӯз, ки мардуми Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз сулҳ ва субот зери парчами истиқлол зиндагии осоишта доранд, аҳамияти ваҳдати миллӣ беш аз ҳарвақта эҳсос мегардад.
Маҳз ваҳдати миллӣ буд, ки моро аз гирдоби нобоварӣ, парешонӣ ва ҷангҳои таҳмилӣ раҳоӣ бахшид. Дар як марҳалаи ҳассоси таърих, миллати мо бо роҳбарии оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист аз миёни оташи ҷанг ба фазои сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ роҳ ёбад. Ин як пирӯзии бузург ва нодир буд. Ваҳдат танҳо як калима нест, балки он дард ва умеди ҳазорҳо модар, орзӯи навҷавонон, хоби ширини кӯдакон ва меҳнати шабонарӯзии мардуми ватандӯст аст. Он замоне пойдору ҷовид мемонад, ки ҳар яки мо онро дар қалб, дар гуфтор ва дар рафтор нигаҳ дорем.
Имрӯз Ваҳдати миллӣ танҳо дар ҳифзи сулҳ нест. Ваҳдат дар ҳамзистии фарҳангҳо, эҳтиром ба ақидаҳо, дастгирии якдигар ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ифода меёбад. Он як масъулияти шаҳрвандист - барои падару модар, омӯзгор, донишҷӯ, деҳқон, равшанфикр ва ҳар фарди ҷомеа. Ҳар гоҳ ки мо дар фикри ояндаи миллатем, бояд бидонем: бе ваҳдат оянда нест. Пас биёед, ин неъмати бебаҳо - ваҳдати миллиро, ки бо ҳазорон ранҷу талош ба даст омадааст, чун гавҳараки чашм пос дорем ва наслҳои баъдиро низ ба он талқин намоем.
Ваҳдат неъмати азимест, ки имрӯз осоиштагии зиндагӣ, рушду нумӯи шаҳру деҳот, бунёди муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ маҳз ба шарофати он ба даст омадааст.
Дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта, вақте ки нофаҳмиҳо ва ҷудоиандешӣ дар кишвар доман зад, на танҳо давлат, балки тамоми миллат дар остонаи парокандагӣ қарор дошт. Ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорҳо ҷони бегуноҳро рабуд, садҳо деҳа ба хок яксон гардиданд ва ҳазорҳо ҳамватан маҷбур шуданд, ки ватани аҷдодиро тарк намоянд. Дар он рӯзҳои торик, умеди ягонаи мардум сулҳ ва ризояти миллӣ буд.
Ваҳдати миллӣ бо заҳмати шабонарӯзии фарзандони содиқи миллат ва Пешвои сарбаланди Мо ба даст омад. 27 июни соли 1997 рӯзи имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба сифати рӯйдоди тақдирсоз дар таърихи навини Тоҷикистон сабт гардид. Ин рӯз на танҳо рамзи хотимаи ҷанги дохилӣ, балки оғози бунёди як ҷомеаи нав - ҷомеаи ваҳдатпарвар ва ободгар буд.
Имрӯз мо дар фазои сулҳу субот зиндагӣ дорем. Кӯдакон бо оромӣ дар мактаб мехонанд, донишҷӯён ба донишгоҳҳо мераванд, деҳқон бо умед кишт мекунад ва тоҷир бо оромӣ тиҷорат менамояд. Ҳамаи ин ба шарофати ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагии миллӣ имконпазир шудааст. Аммо бояд бидонем, ки нигоҳ доштани ваҳдат осонтар аз ба даст овардани он нест. Ваҳдат - на танҳо як санад, балки як шеваи тафаккур ва зиндагӣ аст. Ваҳдат аз он оғоз меёбад, ки мо ба ҳамдигар эҳтиром гузорем, ба ақида ва диди якдигар гӯш диҳем, дар ободии маҳал, деҳа ва кишвари худ саҳм бигирем. Ваҳдат он аст, ки мо ба ҷойи тафриқа, талош барои якпорчагии фикр ва амал дошта бошем.
Имрӯз дар шароити ҷаҳони муосир, ки хатарҳои террористиву ифротгароӣ, ҷудоандозиву маҳалгароӣ дубора ба сари миллатҳо таҳдид мекунанд, нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ на танҳо вазифаи давлат, балки рисолати ҳар шаҳрванди ватандӯст аст. Агар мо мехоҳем, ки фарзандонамон дар фазои тинҷу осуда зиндагӣ кунанд, бояд ваҳдатро аз оила оғоз кунем — бо меҳр, бо гуфтугӯ, бо таҳаммул.
Пас биёед, аз гузашта сабақ гирем, имрӯзро бо меҳр ва масъулият созем ва фардоро бо ваҳдату иттиҳод бунёд намоем! Зеро бе ваҳдат - миллат нест, бе миллат - давлат нест!
Шоназарзода Алишер, директори литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон