Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як ормон, балки натиҷаи талошҳои фарзонафарзандони миллати тоҷик, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини субот ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ мебошад. Ин раванд, ки дар заминаи озмоишҳои сангин ва мушкилоти сиёсӣ гузашт, имрӯз ҳамчун пояи асосии рушди устувор ва амнияти миллӣ хизмат мекунад.
Фаромӯш набояд кард, ки пояи аслии ваҳдат худшиносии миллӣ ва мафкураи ягонаи миллат мебошад, ки мардумро бо ҳам муттаҳид месозад ва неруи созандагӣ мебахшад. Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ яке аз омилҳои муҳимтарини таъмини ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа мебошад”. Ин суханон таъкиди амиқ бар онанд, ки ваҳдат танҳо тавассути як ҳодисаи таърихӣ ба даст намеояд, балки он дар андешаи мардум ва шуури миллӣ нигоҳ дошта мешавад.
Мафкураи миллӣ маҷмӯи арзишҳо, боварҳо ва ҳадафҳое мебошад, ки як миллатро муттаҳид месозад. Мафкураи солим, устувор ва бедор ҷомеаро аз ҳар гуна таъсири беруна эмин нигоҳ медорад ва ҳамчун заминаи асосии истиқлоли пойдор хидмат мекунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид иброз доштаанд: “Мо бояд барои рушду такомули шуури миллӣ ва худшиносии ҳар як шаҳрванди мамлакат, бахусус, ҷавонон шароити мусоиду заминаи устувор муҳайё созем”.
Дар айни замон, ки давлатҳои ҷаҳон бо шиддат ба сӯйи ҷаҳонишавӣ ва муҳити арзишҳои бетараф рӯ ба рӯянд, ҳифзи тафаккури миллӣ на танҳо як иқдом, балки зарурати пойдорӣ барои ҳар миллат мебошад. Зеро танҳо шахсоне, ки аз таърих, забон ва фарҳанги миллии худ, ҳамчунин аз қаҳрамониҳои халқи худ огоҳанд, метавонанд ҳисси муттаҳидиро дар худ нигоҳ доранд.
Миллати тоҷик маҳз дар лаҳзаҳои ҳассос тавонист асолати миллӣ ва ҳувияти хешро бозшиносад ва аз гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун ояд. Чуноне Сарвари давлат таъкид намудаанд: «Мо, тоҷикон, бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки ваҳдати миллӣ маҳз бар асари худогоҳиву худшиносӣ ва дарки масъулияти таърихии фарзандони фарзонаи миллат барқарор гардид».
Худшиносии миллӣ агар дар амал таҷассум наёбад, ба як шиори холӣ табдил мешавад. Дар ҷаҳони имрӯза, ки пур аз рақобати арзишҳост, худшиносии миллӣ бояд дар ҳар ҷабҳаи зиндагии мо таҷассум кунад. Мо бояд аз забони гуфтор то рафтор, аз интихоби либос то шакли муошират, аз мутолиаи китобҳои арзишманд то тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинии худ худшиносии хешро баҳри ваҳдату якдилӣ такмилу равнақ диҳем. Яъне, ҳар шахсияти бедор бояд на танҳо худшинос бошад, балки онро зинда нигоҳ дорад ва интиқол диҳад.
Мафкураи миллӣ ва худшиносии амиқ бояд ҳамчун сипари неруманд барои ҳимоя ва таҳкими ваҳдати миллӣ хизмат намояд. Вақте ки ҳар як шаҳрванди кишвар худро дар ҳифзи арзишҳои миллӣ масъул шуморад, бешак суботи кишвар ва ваҳдати комил пойдор боқӣ мемонад. Худшиносӣ маънои онро дорад, ки шахс ба таърих ва фарҳанги худ арҷ гузорад, худро ҷузъи миллат ҳисобад ва фаҳм кунад, ки сулҳ ва ваҳдат арзишҳое ҳастанд, ки худ ба худ ба даст намеоняд. Онҳо самараи ҷонбозиҳо ва талошҳои бемисли фарзандони миллатанд. Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намудаанд: “Мо ҳама бояд масъули таъмини сулҳу субот, ваҳдат ва пешрафти ҷомеа бошем ва инро на ба хотири имрӯз, балки барои фардои миллат анҷом диҳем”.
Имрӯз, дар шароите, ки ҷаҳон шоҳиди ноамниҳои пайваста, низоъҳои мазҳабӣ, ифротгароӣ ва рақобатҳои мафкуравии идеологӣ аст, ҳифзи ваҳдати миллӣ барои ҳар як миллат, аз ҷумла мо, тоҷикон, амри ногузир мебошад. Дар ин росто, бояд таъкид дошт, ки Ваҳдати миллӣ танҳо дар сурате устувор мемонад ва ба рушду суботи ҷомеа замина мегузорад, ки бар пояи худшиносии амиқ, шинохти таърих, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва бедории фикрии ҷомеа бунёд ёфта бошад. Мафкураи солими миллӣ, ки дар меҳвари он инсони бедордил, соҳибмаърифат ва ватандӯст қарор дорад, метавонад ҷомеаро аз хатарҳои муосир, ба монанди таассуб, ҷаҳолат, фасоди ахлоқӣ ва таҳдидҳои беруна, аз қабили бегонашавии фарҳангӣ ва иттилооти иғвоангез ва ғайра муҳофизат кунад.
Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: “Ваҳдати миллӣ неъмати бузург аст ва барои ҳифзи он ҳар як фарди бедордили ҷомеа бояд ҳисси баланди масъулият дошта бошад, зеро сарнавишти фардои кишвар маҳз ба амали имрӯзии мо вобаста аст”. Ҳамин тавр, мафкурае, ки ба худшиносии воқеӣ такя дорад, метавонад миллатро аз хатарҳои дохиливу беруна ҳифз намояд ва онро ба сӯйи пешрафти устувор раҳнамоӣ кунад. Ваҳдати миллӣ агар бар шинохти таърих, эҳтироми арзишҳо ва бедории фикрӣ поягузорӣ шавад, бешак абадӣ хоҳад буд. Ин рисолати таърихӣ имрӯз ба дӯши мо, фарзандони худогоҳу худшиноси миллат вогузор шудааст ва масъулияти ҳаррӯзаи мост, ки онро ҳифз кунем, тавсеа бахшем ва барои наслҳои оянда ҳамчун муқаддастарин дастовард ба мерос гузорем.
Каримова Зарафшон Ҳафизовна, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ