Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба халқу мамлакати мо қувваи тавоное бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоиду озод фароҳам овард ва имрӯз мо дилпурона метавонем гӯем, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.
Эмомалӣ Раҳмон
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол санаи 27 июн – ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳо ва мардуми шарифи Тоҷикистон чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ташкил карда, он ҳамчун иди якдилӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Ваҳдати миллӣ халқи моро ба худшиносӣ, дарк кардани мазмун, моҳият ва асолати инсонӣ дар ин арсаи бархӯрди тамаддунҳо ва муборизаҳои иттилоотӣ оварда, ҳушдорамон кард, ки танҳо сулҳу суббот, ҳуввият, шинохт, ҳамрайъӣ, муттаҳидӣ метавонад моро боз миёни миллатҳои ҷомеаи башарӣ бештар муаррифӣ кунонад.
Ваҳдати миллӣ замина, саҳифаи заррин ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик - рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дарёфт, ки 27-уми июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид ва он аз фарорасии сулҳи деринтизор пайёми ҷонбахше медод. Муҳимтар аз ҳама, нерӯҳои гуногуни сиёсӣ дар Тоҷикистон пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастоварди миллат аст ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гурӯҳӣ, маҳаллӣ ва ғайра мақоми дуввумдараҷа доранд
28 сол қабл Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба имзо расид. Санади сарнавиштсоз ифодакунандаи анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози ҳаёти осоиштаи Тоҷикистони мабубро инъикос менамуд. Маҳз, бо кӯшишҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ гардид ва ободонию шукуфоии мамлакат пеш рафт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон борҳо таъкид карданд, ки: «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид ва дар ҷараёни ҳалли масъалаи сулҳу оромӣ дар минтақаҳои даргири ҷаҳон истифода шуда истодааст».
Барои бунёди рӯзгори ободу осудаи ҷомеа заминаи воқеӣ гузошта шуд. Сулҳу ваҳдати тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умедро ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуданд. Дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ Сарвари давлатамон нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуданд.
Ҳоло мо метавонем бо ифтихору сарфарозӣ эълон кунем, ки яке аз дастовардҳои нодиртарини миллати тоҷик ин Ваҳдати миллӣ мебошад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчунин ба ҳайси омили муттаҳидсозандаи халқи Тоҷикистон имкони таърихие овард, ки мо дар кишварамон бо такя ба арзишҳои аз ҷониби умум пазируфташуда таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро гузорем.
Тавассути пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ то имруз давлати мо бо зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатиро роҳандозӣ намуда, бо онҳо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷонибаи судмандро тақвият мебахшад ва пайгирона густариш медиҳад.
Бо итминон изҳор медорем, ки мардуми сарбаланду маҳбуби кишварамон ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории навин беш аз пеш саъю талош карда, ба сӯйи дастовардҳои бузург қадамҳои устувор мегузоранд ва нуфузу эътибори мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор мегардонанд.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ фархундаву муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Баҳодур Дустматов, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи молия