ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Бинанда: 17 | Санаи нашр: 24 Июн 2025

«Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва Ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

 Ваҳдати миллӣ ягонагии сартосарии тамоми қишрҳои ҷомеа буда, оромию осоиштагӣ ва шукуфоии Ватанро таъмин менамояд, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, мисли гулҳои баҳорӣ рӯз то рӯз шукуфта, иқтисодиёташ рушд ва аз ҷиҳати фарҳангию сиёсӣ пеш меравад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 таъкид намуданд ки: «Воқеияти муҳиме, ки мардуми тоҷик, тамоми шаҳрвандони кишвар, дӯстони мо дар саросари ҷаҳон дер боз интизори он буданд, ин ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон буд, аслан як давраи томи таърихиро фаро мегирад. Тамоми талошҳои панҷ-шаш соли охир, орзую умеди мардум барои ҳифзи давлати миллӣ амалӣ гашта, дар ин рӯзи муборак самари дилхоҳ доданд. Вале, агар ба роҳе, ки мо барои расидан ба ин мақсад пеш гирифтем, ба ақиб назар андозем, мебинем, ки роҳ чӣ қадар душвору пурмашаққат буд, чӣ қадар монеаҳоро паси сар кардан лозим буд. То он даме, ки мо ба марҳилаи азизи таърихӣ расидем, халқи мо давраи хеле душворро аз сар гузаронд. Санади сарнавиштсоз, ки сулҳи кишварамонро эълон намуд, дар андуҳи миллати тоҷик ба дунё омода, дар ҷараёни ҷустуҷӯву баҳсҳо, мулоқоту баҳсу мунозираҳо қавитар гардид».

 Ваҳдати миллӣ барои тоҷикону тоҷикистониён рӯзи бузургу муқаддас ба ҳисоб рафта, на танҳо барои ба хотир овардани воқеаҳои муҳими таърихии ҷумҳурӣ, балки ба таваҷҷуҳи тамоми шаҳрвандони кишвар расонидани аҳамияти ваҳдату иттиҳод мебошад. Зеро танҳо дар дӯстӣ ва ҳамфикрӣ метавон тамоми мусибатҳоро паси cap карда, ба ояндаи дурахшон умед баст.

 Ваҳдати миллӣ заминаи шукуфоиву ободкорӣ, сулҳу амонӣ, дӯстиву якдигарфаҳмӣ ва ояндаи дурахшони Ватан буда, ҳифзи арзишҳою дастовардҳои ин неъмати бебаҳо вазифаи ҳар як ҷавони худогоҳу худшинос аст. Пас, якояки мо ҷавонони ин Ватани ободу шукуфонро зарур аст, ки дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, дар татбиқи сиёсати оқилонаву хирадмандонаи ин абармарди дунёи сиёсат ҳиссагузор бошем.

 Мо ҷавонони соҳибистиқлолро зарур аст, ки шукронаи ватани обод, халқу миллати таърихан ва табиатан сулҳдӯсту фарҳангпарвар намоем. Ватандӯстии мо дар тӯли тамоми таърихи чандинҳазорсолаамон нишондиҳандаи ақлу хирад ва сабру таҳаммули гузаштагонамон аст, ки мо ҷавонон инро бояд омӯзем, дар сиришти худ ҷой диҳем ва дар зиндагии ҳамарӯзаамон истифода намоем.

Исмоилзода Фирӯз Маҳмадалӣ - доктори PhD, дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити ДДТТ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top