ҶОЙГОҲИ ДӮСТӢ ДАР МУНОСИБАТИ БАЙНИ МИЛЛАТҲО

Бинанда: 227 | Санаи нашр: 02 Апрел 2025

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо

Дӯстӣ мафҳуми муқаддас аст, он завол надорад, фанонопазир аст, шояд дар марҳилае камранг гардад, вале бо пайдо шудани шароити муносиб дубора таҳкиму тақвият меёбад ва дӯстӣ ба мардум бахту саодат меорад, аз самараи он коми башарият ширин мешавад, зиндагонӣ пурфараҳ ва ҳаёт осуда мегардад.

Мусаллам аст, ки дӯстии халқҳо, дар ҳақиқат, музаффарияти бузургтарини давлату давлатдорист. Қувваи тавоно ва файзу баракати дӯстию бародарӣ бар хусумату низоъ, ҷангу ҷидолҳо, қатлу кушторҳо ғолиб омада, сулҳу амонӣ, зиндагии осоиштаю бофароғатро барқарор мекунад. Аз ин ҷост, ки дӯстиро олитарин эҳсосу хиради башар номидаанд. Ин ҳисси азалии инсон ҳамеша дар ҳар асру замон ҳамчун ҷавҳари аслии инсон абадӣ  хоҳад монд. Аз ин бармеояд, ки дӯстию рафоқати байни халқҳои ба ҳам наздик аз ҳазорсолаҳо маншаъ гирифта, идома ёфта, ҷовидон хоҳад монд. Чунонки Ҳофизи Шерозӣ гуфтааст:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Бо ташаббуси сиёсати оқилонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳёи муҷаддади робитаҳои дӯстонаи байни мардуми тоҷику узбек ва қирғиз, Сарварони кишварҳои ҳамсоя Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба шаҳри бостонии Хуҷанд даъват шуданд.

Вохӯрию мулоқотҳои сарони давлатҳо ва иштироки онҳо дар тантанаҳои бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд иқдоми нодиртарин ва падидаи беназири фарҳангист, ки дар роҳи ҳамкорӣ ва расидан ба зиндагонии шоистаи сокинони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон боиси дастгириву таҳсин аст ва бояд ҳамагон онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Зеро дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ва қирғиз амсоли партави хуршеди тобон аст, ки ҳеҷ абри тирае пеши онро гирифта наметавонад.

Тавре, ки шоири маҳбуби халқи тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода чун мунодии сулҳу дӯстии халқҳои олам фармудаанд:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

 

Маҳмадулло Шарипов, Эшонқул Бойназаров, дотсентони кафедраи фанҳои гуманитарӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top