НАВРӮЗ – МАҲСУЛИ ТАФАККУРИ МАРДУМИ ОРИЁИНАЖОД

Бинанда: 179 | Санаи нашр: 18 Март 2025

Мо ифтихор мекунем, ки ҷашни Наврӯз маҳсули тафаккур ва андешаи мардуми ориёинажод буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Наврӯз рамзи бузурдошти инсон, пирӯзии нур бар зулмот, бедории табиат, дубора эҳё гардидани тамоми мавҷудоти олам то ба имрӯз ба тамоми ҷаҳониён хизмат намуда истодааст. Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадима башумор рафта, ба қалби хурду бузург ҳамчун умеди равшанӣ, хушбахтиву хушҳолӣ бахшида, мардумро ба якдиливу муттаҳидӣ ҳидоят менамояд.

Яке аз сабабҳои асосии кӯҳна нагардидани ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дар он мебошад, ки инсонро ба зебоӣ, дӯст доштани якдигар, ҳамдилӣ, хушҳолӣ ва пеш аз ҳама дӯст доштани табиат равона менамояд.

Агар мо ба таърих назар афканем, мебинем ки тӯли солҳои зиёд дар ҳаёти мардуми мо таҳаввулоти зиёде ба вуҷуд омаданд, ки барои таҷлил намудани ин ҷашни ниёгон монеаҳо пеш меомаданд. Лек, Наврӯз ки яке аз муқаддасоти асосии миллати тоҷик ба ҳисоб мерафт ва дар дилу дидаи мардум чунон ҷойгир гардида буд, ки ҳеҷ як монеа ва ё қуввае наметавонист ин ҷашни ниёгонро аз байн барад. Қайд намудан зарур аст, ки Наврӯз ҷашни мардумӣ ва табиат ба шумор меравад.

Инчунин, дар ҷашни Наврӯз табиат зинда гардида, дар ҷисму ҷони инсон руҳи нав бахшида, инсонро ба зиндагӣ намудан ва ободу зебо гардонидани гӯшаҳои мамлакат водор менамояд. Дар Наврӯз мардумон ба оғоз намудани кишту кори баҳорӣ ва бо нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин донаҳои умед мепошанд.

Ҷашни Наврӯз мардумонро ба тозагӣ, аз ҷумла тоза намудани манзили зист, аз ҳар гуна алафҳои баҳорӣ омода намудани таомҳои миллии баҳорӣ ва анъанаи пухтани суманак, ки миллати тоҷик онро аз давраҳои қадим то ба имрӯз риоя намуда истодаанд, ҳидоят менамояд.

Қайд намудан зарур аст, ки дар тӯли таърих Наврӯз дар баробари дигар арзишҳои миллиамон миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, исбот кардааст, ки миллати тоҷик дорои таърих ва тамаддуни қадима мебошад ва бунёди худшиносиву хештаншиносии мардуми тоҷикро ташкил намудааст.

Ифтихори дигари миллати тоҷик дар он зоҳир меёбад, ки маҳз бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми байналмилалиро касб намуд, ки ин барои ҳар як сокини мамлакат ифтихори бузур мебошад.

Аз ин рӯ, бояд ба хотири ҳифз намудани ҷашни ниёгонамон ба ин арзишҳои бебаҳо пайваста эҳтиром гузорем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, то тавонем ба наслҳои минбаъда мерос гузорем.

Бо итминони комил гуфта метавонем, ки дар соли нави аҷдодӣ сокинони мамлакатамон ба хотири рушди Ватан ва беҳтар намудани шароити зиндагӣ заҳматҳои шабонарӯзӣ кашида, барои баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат ва пешрафти он саҳми назарраси хешро мегузоранд.

 

Рустамзода Фитрат Музаффар, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top