МОДАР – САРЧАШМАИ ЗИНДАГӢ

Бинанда: 386 | Санаи нашр: 07 Март 2025

Модарам, эй модари ҷонпарварам,

Пеши поят сар ниҳам, эй сарварам!

Кӯдакам ман дар нигоҳат то ҳанӯз

Мегузорӣ дасти шавқат бар сарам.

Ҷашн гирифтани «Рӯзи Модар» таърихи тӯлонӣ дошта, бо гузашти солҳо дар аксари давлатҳои пешрафта бо тарзу усулҳои гуногун роҳандозӣ мешуд.

Мавриди зикр аст, ки ин санаи муқаддас дар аввал ҳамчун рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон қайд гардида, он на «Рӯзи Модар», балки ҷашни занони инқилобгар ном дошт.

Мардуми соҳибфарҳанги мо аз даврони қадим ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузоштанд ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз сунатҳои миллии мо ба шумор меравад.

Яъне, ниёгони соҳибилму бофарҳанги мо ба қадру қиммат ва эҳтироми модар, ҳамчун парвандаи арзишҳои волои умумиинсонӣ, ба монанди муҳаббат, дӯстӣ, адолатпешагиву ҳақталошӣ, тарбиятгари инсони поксиришту накӯкор, далеру шуҷоъ ва ватандӯсту ватанпарвар мерасиданд.

Дар ин росто хизматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба қадру қимат ва эҳтироми зан-модар ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ, бузургтарин ва муқаддастарин инсон, нахустустоди инсоният бениҳоят бузург аст. Ин нуктаҳо дар ҷаҳду талошҳои пайвастаи Сарвари давлат, дастуру супоришҳо, паёмҳои табрикотӣ ва суханрониҳояшон аз минбарҳои баланди сатҳи милливу байналмилалӣ, ҳангоми вохӯриҳо бо аҳли ҷомеа равшан ифода ёфтаанд. Аз ҷумла Сарвари давлат қайд намуданд, ки: «Дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, руҳафтодаву дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо болу парвоз ва неруи зиндагӣ ато мекунад».

Ҳар хонадоне, ки аз нусрату баракати зан баҳравар нест, онҷо баракат нест. Дар урфият мегуянд: «Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст». Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз одамизотро аз гирдорҳои зиндагӣ беҳтар аз муҳаббати модар роҳбаладӣ ва ҳимоя карда наметавонад. Ва ба ҳамин маънӣ Сарвари кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо занони фаъоли Тоҷикистон иброз доштанд, ки «Ҷомеае, ки ба зан - модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад». Мо аминем, ки худшиносӣ, маърифати баланд, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешии зани тоҷик, ки дар идоракунии давлат ва ҷомеаи солим низ ҳиссаи арзанда гузошта метавонад, калиди бахту саодат ва роҳ ба сӯи комёбиҳост.

Дар фарҷом, модарону бонувони азизу арҷмандро ба муносибати фарорасии иди «Рӯзи Модар» самимона табрик гуфта, ба аҳли хонадонашон бахту саодат, ободиву осоиштагӣ ва хушҳоливу хушрӯзиро орзу менамоем.

Иброҳимзода Гулҷаҳон Холназар, ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top