Садқаи ҷону ҷони ту,
Бӯса занам ба шоми ту.
Пок ба мисли тифлаке,
Садқаи номи поки ту!
Шуълаи осмон зи туст,
Ҷилваи остон зи туст.
Хандаи бӯстон зи туст,
Ай дами меҳри ховарӣ!
Оби бақои ман туӣ,
Сеҳри баҳори ман туӣ.
Рози ниҳони ман туӣ,
Нахли баҳорро барӣ!
Ишқи ту бар равони ман,
Лутфи ту бар забони ман.
Сидқи ту бар байони ман,
Аз ту бувад суханварӣ!
Рӯзи ту бар суҷуди ман,
Сӯзи ту бар вуҷуди ман.
Меҳри ту дар дуруди ман,
З-он ту ҳайотпарварӣ !
Хуни дили сиришти ту,
Чун дамад аз сиришкӣ ту.
Гӯядам аз биҳиштӣ ту,
Бар лабам оташи тарӣ!
Давлату ҳусну нози ман,
Ҳикмати ишқу сози ман.
Модари ғамгусори ман,
Дар ду ҷаҳонам зиндаӣ!!!
Давлатмо Зайдуллоева, мудири китобхонаи илмӣ