МОДАР - ОФАРАНДАИ НУР ВА МЕҲР

Бинанда: 209 | Санаи нашр: 04 Март 2025

Модар чӣ хел калимаи ширин ва дилангез аст. Вақте, ки Модар мегӯем тамоми бадану рӯҳамонро як эҳсоси хубе фаро мегирад, ки мо аз он ҳаловат мебарем. Модар ба мисли замин якто аст ва муҳабати ӯ барои мо фарзандон беканора ва ҷовидона аст. Чуноне ки бузургон фармудаанд:

Як шаба ранҷе, ки Модар кашид.

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Биҳишт, ки ризои модарон аст, дар зери қудуми Модарон аст. Бале воқеан ҳам Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, химматбаландтарин шахси башар аст. Канори модар худ мақсади аввалини ҳаёти мост. Мисли оғӯши модар биҳиштосо макони дигаре нест. Модар мисли замин танҳо ва яктост. Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозиру чӣ ғоиб пайваста дар ёди фарзанд ҳаст.

Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.

Суханҳои ҳикматомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи занон ва бонувон:

• Дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст. Беҳуда нест, ки дар таърихи ҳамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ эҳтироми волидайн яке аз меъёрҳои меҳварии ахлоқӣ буда, мақому мартабаи модар аз ҳама баланд аст;

• Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

Мо аз ин рӯ ҷашни Рӯзи Модарро бо фарорасии баҳор мутобиқ карда, ин ду рамзи некиву саодатро пайи ҳам таҷлил менамоем. Зеро меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат, таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошанд.

Амида Алиназарова, ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top