АРТИШИ МИЛЛӢ - СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ

Бинанда: 233 | Санаи нашр: 21 Феврал 2025

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии хеш минбаъд низ содиқ мемонанд, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷавонмардона иҷро мекунанд ва ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, амният ва суботу оромии ҷомеаро бо ҳушёриву зиракӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ таъмин мекунанд.

                                                                                                        Эмомалӣ Раҳмон

АРТИШИ МИЛЛӢ - СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ

Мусаллам аст, ки ҳеҷ як давлату миллат бе лашкари тавонову арзанда вуҷуд дошта наметавонад. Аз ин рӯ, барои таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми он ҷузъу томҳои махсус, яъне лашкар созмон медоданд. Сарчашмаҳои таърихӣ тасдиқ мекунанд, ки давлатҳои Ҳахоманишҳо ва баъдтар Суғду Бохтар, Хоразму Порт дорои лашкарҳои пурқувват буданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ, сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт.

Яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд. 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд.

Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд.

Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ки аз рӯзҳои нахустини таъсис ёфтанашон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумат ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ қарор доранд, баҳри рушди таъминоти онҳо чораҳои мушаххаси саривақтӣ андешида шуданд. Бо мақсади мустаҳкам ва пурзӯр шудани Артиши миллӣ Ҳукумати мамлакат як қатор қонунҳои дахлдори давлатиро барои фаъолияти минбаъдаи сохторҳои низомӣ таҳия карда, ба тасвиб расонидааст, ки онҳо шакли сохтори замонавии Қувваҳои Мусаллаҳро муайяну мушаххас ва тасдиқ намуда, ба меъёрҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Алимардонзода Бобохон, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top