НАҚШИ САРФАРМОНДЕҲИ ОЛИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАЪСИС ВА ТАШАККУЛИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Бинанда: 223 | Санаи нашр: 21 Феврал 2025

Дар таърихи навини давлатдории Тоҷикистон таъсиси Артиши миллӣ кори саҳлу осон набуд, зеро Артиши миллӣ рукни асосии давлат ва сипари боэтимод ба ҳисоб рафта, вазифаи он ҳимояи марзу буми давлат ба шумор меравад ва мо имрӯзҳо дар арафаи ҷашн қарор дорем ва онро бо як шукуҳу шаҳомату хосса таҷлил менамоем.

Қайд намудан зарур аст, ки баъди барҳам хурдани собиқ мамлакати Иттиҳоди Шуравӣ мамлакатҳои навтаъсис дар заминаи биною иншоотҳои амниятӣ дошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро таъсис доданд.

Инчунин, Тоҷикистони азизи мо баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ Артиши миллии хешро дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассос, ки дар мамлакат ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт, хатари мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлолияти он таҳти хатари нестшавӣ қарор дошт, таъсис дод. Яке аз мақсадҳои асосии таъсиси Артиши миллӣ ин таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Тоҷикистон ва оромии ҳаёти осоишта дар мамлакат ба шумор мерафт.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба дар вохӯриҳои хеш қайд намуданд, ки дар замони таъсис додани Артиши миллӣ дар мамлакат ягон таҷҳизот, техникаи ҳарбӣ мавҷуд набуд, мо таъсиси Артиши милли хешро аз сифр оғоз намудем. Лекин бо азму иродаи қавӣ, устувор, донишу малакаи роҳбарӣ ва аз ҳама муҳим дӯст доштани ин ватани азиз Роҳбари давлат бо иқдомҳои шоиставу наҷибонаашон давра ба давра Артиши миллиро бо яроқ, лавозимоти ҳарбӣ, сару либос ва маводи хӯрокаву ҷойи зист таъмин намуданд.

Қайд намудан зарур аст, ки дар шароити муосир Артиши миллии мамлакат яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сипари боэътимоди давлат таҳти роҳбарии бевоситаи Сарфармондеҳи олии мамлакат, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи фарзандии хешро дар назди халқу миллат ба таври баланд иҷро намуда, Тоҷикистони ҷангзадаро ба мамлакати созандаву бунёдкор ва ваҳдату ягонагӣ табдил доданд. Ҳамин хизматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат аст, ки Тоҷикистон ҳамасола дар байни дигар мамлакатҳои ҷаҳон яке аз кишвари амнтарини ҷаҳон эътироф гардид.

Таҳти роҳбарии бевоситаи Сарфармондеҳи олии мамлакат омода намудани кадрҳои баланди соҳибтахассуси ҳарбии дорои малакаву маҳоратҳои касбӣ ва баланд бардоштани донишҳои ҳарбии онҳо ҳамкориҳо бо мамлакатҳои пешрафта густариш ёфта, ҳамасола кормандони ин соҳа барои баланд бардоштани малакаву маҳоратҳои хеш ва истифода аз таҷрибаи мамлакатҳои пешқадам ба мамлакатҳои гуногун барои мубодилаи таҷриба равон карда мешаванд, ки ин пеш аз ҳама барои мукаммал намудани Артиши миллӣ ва баровардани он ба сатҳи нав заминаи мусоид мегузорад.

Қайд намудан зарур аст, ки сафарҳои кории Пешвои миллат ба кадом шаҳру ноҳияе, ки сурат гирад ҳатман боздид аз қисмҳои ҳарбӣ оғоз меёбад, ки ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Пешвои муаззами миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати сарбозону афсарон ғамхорӣ менамоянд.

Нақш ва мақоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис додани Артиши миллии мамлакат бузург мебошад. Зеро дар шароите, ки Артиши миллӣ таъсис дода шуд, мушкилотҳои зиёд дар мамлакат вуҷуд доштанд, ба ҳамаи ин мушкилотҳои мавҷуда нигоҳ накарда бо як хислати ҷасурӣ, далериву мардонагӣ ва таҳаммулпазирӣ Пешвои муаззами миллат ин сипари боэътимоди давлатро таъсис доданд.

Пешвои муаззами миллат бо ин хизматҳои шоёнашон дар таъсис ва ташаккули Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ба ҷаҳониён исбот намуданд, ки миллати тоҷик миллати қадима буда, бо донишу рафтор ва гуфторашон ҷаҳониёнро ба ҳайрат оварданд ва Артиши миллӣ ба як артиши пурқудрат ва дар баробари артишҳои пешрафтаи ҷаҳон мавқеъ ва нуфузи хешро доро мебошад.

Рустамзода Фитрат Музаффар, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top