Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бурду бохти тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд, ки мактабу маориф яке аз мавзуъҳои меҳварӣ ва афзалиятноки он маҳсуб меёфт.
Пешвои миллат дар паёмашон таъкид карданд, ки “сабаби асосии бадбахтии миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад”.
Сарвари давлат дилсӯзона ёдрас намуданд, “то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳад монд”.
Ҷои шак нест ва ҳамагон ба хубӣ медонем, ки таълиму тарбия ҳеҷ касро ба танҳоӣ даст намедиҳад, зеро мутахассиси баландпоя ва ҳамзамон тарбиятдидаро ба истилоҳ се ниҳод – оила, макотибу мадорис ва ҷомеа дар ҳамдастию ҳамкории зич ба воя расонида метавонанд.
Агар назар ба андеша ва таҷрибаи бузургонамон намоем, ин ҷиҳат бахубӣ эҳсос мегардад. Чунончи, Унсурулмаолии Кайковус дар асараш «Қобуснома» фарзандаш Гелоншоҳро чунин насиҳат кардааст: “Бидон ва огоҳ бош, эй писар, ки мардуми беҳунар доим бесуд бошад чун мағелон, ки тан дораду соя надорад, на худро суд кунад ва на ғайрро. Аммо ҷаҳд кун, ки агарчӣ асилу гавҳарӣ бошӣ, гавҳари тан низ дорӣ, ки гавҳари тан аз гавҳари асл беҳтар”, яъне бузургӣ хираду донишрост, на гавҳару тухмаро.
Бо эътибори таҷрибаи таҳсилкарда ва анъанаи судманди ниёгонамон Мавлоно ба тарбияи Зиёвуддин Юсуф аз кўдакии ў машғул шуда, дар «Туҳфат-ул-Аҳрор», «Сабҳат-ул- аброр», «Юсуф ва Зулайхо», «Лайлӣ ва Маҷнун» ва «Хирадномаи Искандарӣ» фаслҳои алоҳидаеро ба насиҳат ва панди фарзанди арҷмандаш бахшида, ўро ба касби дониш, ахлоқи нек ҳидоят кардааст. Аз ҷумлаи муҳимтарин вазифаҳое, ки Мавлоно Ҷомӣ дар назди ҷигаргўша ва нури дидагони хеш мегузорад, ин а) арҷ гузоштан ба ҳар лаҳзаи вақт ва босамар истифода бурдан аз он:
Ҳар нафас омад гуҳаре арҷманд,
Қимати он бештар аз чуну чанд.
Он гуҳар аз даст мадеҳ ройгон,
Хоса. ки дар мадҳи фурўмоягон.
б) тангии вақт ва кўтоҳии умри инсон:
Дар талаби илм камар чуст кун,
Даст зи ашғоли дигар суст кун.
в) интихоби илми ногузир ба қадри тавон:
Илме, ки ногузири ту бошад, бар он гарой,
В-онро, к-аз он гузир бувад, ҷўстуҷў макун!
В-он дам, ки ҳосили ту шавад илми ногузир,
Ғайр аз амал ба мўҷиби он орзу макун!
г) такя ва ифтихори пуч накардан ба аслу гавҳари хеш:
Чу нодонон на дар банди падар бош,
Падар бигзору фарзанди ҳунар бош.
Чу дуд аз равшанӣ набвад нишонманд,
Чи ҳосил, з - он ки оташрост фарзанд.
ғ) маҷҷонӣ ё ба осонӣ ба даст наомадани касби ҳунар:
Меҳнати ин кор ба худ дармадеҳ,
Ранҷ кашӣ дар талаби илм беҳ.
Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Қуфлкушои ҳама дарҳост илм.
Мусаллам аст, ки одамиро ҷиҳати расидан ва дастрасӣ ба ин аҳдофи ногузири зист ранҷу заҳмат ва саъйу кўшиш ба харҷ бояд, то матлаб ҳосил гардад, зеро ба ҳеҷ ваҷҳ он ройгону маҷҷонӣ ўро насибу рўзӣ нагардад. Чун фардро, ки қодир нест, ҳатто ниёзҳои ибтидоии худро дар танҳоӣ бароварда созад, зарурияти ногузир ба ҷомеа омехтан ва пеша кардани касби илму ҳунаре пеш ояд, бешак тақсимоти ҷамъиятии одилонаву оқилонаи меҳнатро, ки аз аркони муҳимтарини рў ба таҳрику рушди иқтисоду ҷомеаи башарист, мақом афзояд.
Аз ин дид қавли Закариёи Розӣ: «Одамӣ ҳар яке дар ҳолат ба як фанне ё ҳунаре махсус мебошад», - қиммати баланди илмӣ касб кунад, ки ҷои баҳс намонад.
Мавлоно Ҷомӣ аз муътақидон ва пайравони пешвои аҳли тариқати «Нақшбандия»- хоҷа Аҳрори Валист ва шиори онҳо «Дил ба ёру даст ба кор» буд.
Шайх Саъдӣ дар «Гулистон», ки «Баҳористон» назира ба он аст, баҳри хотирҷамъии падари фарзандро касбомўхта меафзояд:
Чу бар пешае бошадаш дастрас,
Куҷо дасти ҳоҷат барад пеши кас.
Дарвоқеъ, «дасти ҳоҷат набурдани пешавар пеши касе»-ро Сайидо ҳам таъкид менамояд:
Шир мегардад бурун аз кӯҳ, баҳри Кӯҳкан,
Ризқи худ соҳибҳунар аз санг пайдо мекунад.
Чун Ҷомӣ касеро маълумтар нест, ки ба даст овардани илму ҳунар на корест саҳл ва муштоқону толибонро ба сабурию бурдборӣ хондаву ба маҳсули фараҳфизои он умедвор менамояд:
Кай афтад ба каф мардро дурри ноб,
Сари худ набурда фурў зери об.
Вобаста ба ин масъалаи муҳимми дигареро, ки Ҷомӣ дар «Баҳористон» пеш мегузорад, шинохти қадри инсони ҳунарманд ва арҷ гузоштан ба меҳнати ўст.
Қимати мард на аз симу зар аст,
Қимати мард ба қадри ҳунар аст.
Эй басо банда, ки аз баҳри ҳунар,
Қадраш аз хоҷа басо бештар аст.
В-эй басо хоҷа. ки аз беҳунарӣ.
Дар раҳи бандаи худ пайсипар аст.
Барои исботи андеша ин ҳикоят меорад:
Искандар яке аз кордоронро аз амале азл кард ва амале хасис ба вай дод. Рўзе он мард ба Искандар даромад.
Гуфт: «Ҷӣ гуна мебинӣ амали хешро?»
Гуфт: «Зиндагонии подшоҳ дароз бод, ки мард на ба амал бузургу шариф гардад, балки амал ба мард бузургу шариф шавад. Дар ҳар амале, ки ҳаст, некўсиратӣ мебояд ва инсофу дод». Искандарро хуш омад, амали вайро ба вай боз дод.
Боядат мансаби баланд, бикўш,
То ба фазлу ҳунар кунӣ пайванд.
На ба мансаб бувад баландии мард,
Балки мансаб шавад ба мард баланд.
Ҳакими донишманд ва порсою закӣ пас аз таҳсилу таъаллуми босубот аҳли ҷомеа, бахусус ҷавононро ба татбиқи донишу таҷрибати андўхта. ба кўшишу саъй, меҳнати поку нафъовар мехонад, ки гуфта:
Ҳаким касеро гўянд, ки ҳақиқати чизҳоро ба он қадар, ки тавонад, бидонад ва амал ба муқтазои он чӣ тааллуқ ба амал дорад, маликаи нафси худ гардонад.
Хуш он, ки ба тарки ҳаззи фонӣ бикунӣ,
Тадбири бақои ҷовидонӣ бикунӣ.
Кўшиш бикунию ҳар чӣ битвон донист,
Донӣ, пас аз он ҳар он чӣ донӣ, бикунӣ!
Ба андешаи ман, ин даъвати хирадмандонаи орифи порсо имрўзҳо ҳам ҳар фарди равшанзамиру меҳанпараст ва бонангу ифтихори миллидоштаро бар канор нахоҳад гузошт, ки аз зубдатарин таълимоти инсондўстонаи ўст:
Шамъ шав, шамъ, ки худро сўзӣ,
То ба он базми касон афрўзӣ!
Абр шав, то ки чу борон резӣ,
Бар гулу хас ҳама яксон резӣ!
Дарвоқеъ рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа маҳсуб меёбад.
Мо – дастандаркорони ин соҳа дастуру супоришҳои ҳадафмандонаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, минбаъд низ ба хотири ободӣ ва рушди устувори Тоҷикистони маҳбуб тамоми дониш ва маҳорати хешро равона намуда, насли шоистаи ояндасозро, ки Сарвари кишвар ба онҳо эътимоди комил доранд, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва сидқан илму касбу ҳунаромӯзӣ тарбия менамоем.
Насриддиниён Бобишоҳи Ҳасанпур, н.и.ф., дотсенти кафедраи забонҳои ДДТТ