Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои хурофотпарастӣ, ифротгароӣ ва терроризму экстремизм таваҷҷуҳ зоҳир карда, қайд намуданд, ки “ ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд.
Вобаста ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад.
Дар ин ҷода, мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст”.
Яке аз проблемаҳои муҳимми ҷаҳони муосир афзоиши хатари терроризми байналхалқӣ мебошад, ки бо шиорҳои бофтаю сохтаи исломӣ пардапӯш шудааст. Дар асл ислом бо терроризм ва ташкилотҳои экстремистӣ ҳеҷ умумияте надошта, баръакс таълимоташ зидди ин падидаҳои хатарнок нигаронида шудааст. Бо вуҷуди ин қувваҳое ҳастанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии хеш аз дини мубини ислом сӯистифода мекунанд, моҳияти ҷинояткорию моҷароҷӯии худро бо шиорҳои исломӣ пардапӯш мекунанд ва ба ин васила ба дини мубини ислом доғ меоранд.
Дини мубини ислом як сарчашмаи покизаи маънавӣ ва ахлоқӣ мебошад, ки мо ба он эҳтиром меоварем ва дар баробари ин кишвари мо бисёр принсипҳои ҷомеаи мутамаддинро пазируфт ва аз тарзи зиндагии дунявӣ бархурдор гашт.
Дар тамоми ҷаҳони ислом хурду калон ҳангоми дидор бо якдигар бо хитобаи “Ассалому алейкум” муроҷиат менамоянд, ки маънои он “Ман ба Шумо сулҳ ва офият мехоҳам” ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дини ислом ба зоти худ сулҳпарвар ва инсондӯст мебошад, мо бояд мутобиқи ҳамин рукни дини хеш зиндагонӣ ва амал намоем.
Аз пайвастани дин бо сиёсат рӯҳи инсонпарварона ва арзишҳои баланди динӣ коста мешаванд. Бинобар ин терроризмро ба дин напайваста, моҳияти онро ифшо намудан ва пешгирӣ кардан зарур аст.
Имрӯз дар миёни ҷаҳони ислом ва Ғарб садде аз нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст, ки торафт азиму хатарнок мегардад. Мутаассифона, дар тафаккури доираҳои муайяни Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, гӯё экстремизм хоси табиати дини ислом - яке аз динҳои ҷаҳонӣ мебошад, чунин муносибат ба мардуми мусулмон, ки аз уқёнуси Ҳинду Ором то уқёнуси Атлантик маскунанд ва панҷяки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд аз рӯи инсофу адолат нест. Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсонро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум мекунад. Терроризм ва экстремизмро ба ислом пайрав додан хатои маҳз аст ва он ба ягон дин, мазҳаб ва миллат хос нест. Инро бояд ҳам дарк кунанд.
Кӯшишҳои беасосу ғаразноки доираҳои муайяни ҷаҳон ва муқобилгузории динҳои ҷаҳонӣ, бахусус даъвоҳои беасосу бардурӯғ нисбати дини моҳиятан инсонпарвари ислом ва кӯшишҳои ғаразноку моҷароҷӯён дар хусуси бо терроризми байналмилалӣ алоқаманд донистани он бояд аз байн бардошта шавад.
Аслан созмонҳои террористию экстремистӣ аз арзишҳои ислом бархурдор нестанд ва ин дини покро ҳамчун парчами фаъолияти харобкориҳои худ истифода мебаранд.
Ҳамаи динҳо сазовори эҳтироманд ва бояд ҳамчун сарчашмаи бузурги маънавӣ ва воситаи муассири тарбияи ахлоқӣ истифода шаванд.
Моро ҳамчун омӯзгор зарур аст, ки бо таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.
Вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир мо олимону донишмандони кишварро водор менамояд, ки ба таҳқими давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои стратегии тоҷикон эътибори беандоза диҳем.
Ватани худро сидқан дӯст дорем, шукронаи соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи Ватан омода бошем, барои рӯзгори осудаву ором шабу рӯз заҳмат кашем, Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам озоду пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем. Барои наслҳои ояндаи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд.
Масъуд Қаҳҳоров, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забонҳои ДДТТ