РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

Бинанда: 48 | Санаи нашр: 16 Январ 2025

(дар партави Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

Яке аз вазифаи асосии соҳаи кишоварзӣ пеш аз ҳама таъмин намудани аҳолӣ ба маҳсулоти озуқаворӣ ва корхонаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ бо ашёи хом мебошад. Афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ барои беҳтар таъмин гардидани талаботи истеъмоливу саноатии мамлакат мусоидат мекунад. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2019-ум 39 миллиард сомониро ташкил дода, он дар соли 2024 ба 73 миллиард сомонӣ расидааст, яъне дар панҷ сол 1,9 баробар афзудааст. Соҳаи кишоварзӣ бахши асосии иқтисодиёти мамлакат буда, аз 3/4 ҳиссаи даромади миллиро ташкил медиҳад. Ба ин соҳаи муҳим 15 фоиз фондҳои асосӣ, қариб 23 фоизи фондҳои асосии истеҳсолӣ ва 60 фоизи аҳолии бевосита дар иқтисодиёти мамлакат машғулбуда рост меояд. Ҳоло соҳаи кишоварзӣ 48 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти ҷумҳуриро истеҳсол мекунад.

Пас аз истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат ислоҳоти иқтисодӣ оғоз шуда, соли 1992 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ислоҳоти замин» марҳилаи қисман тақсим намудани заминҳои минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ оғоз гардид. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1995 то соли 1997-ум 75 ҳазор гектар замин барои истифода ба аҳолии деҳот тақсим карда шуд, ки ин амал барои таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ мусоидат намуда, ҷиҳати истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои замин ва об, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нақши муҳим бозид. Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, зотпарварӣ ва таъмин намудани рушди инноватсионии соҳа бояд чораҳои саривақтӣ амалӣ карда шаванд.

Дар даврони истиқлол ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ислоҳоти замин, таҷдиди хоҷагиҳо ва қабули барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ ва таъминот бо техникаи кишоварзӣ ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Дар маҷмуъ то имрӯз барои рушди соҳаи кишоварзӣ 13 барномаи давлатии соҳавӣ қабул гардидааст. Дар мамлакат ба инкишофи комплекси кишоварзию саноатӣ диққати асосӣ дода мешавад, зеро шароити табиию географии Тоҷикистон барои парвариши зироатҳои гармидӯст ва соле рӯёнидани 2-3 ҳосил дар як сол мусоид мебошад.

Дар ин раванд супориши давлатӣ ва нархи маҳсулоти кишоварзӣ озод эълон карда шуд, ки ба соҳибихтиёрии деҳқон барои парвариши маҳсулот мусоидат намуд. Гузариш ба шакли нави муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкил намудани шаклҳои нави хоҷагидорӣ, ғайридавлатӣ гардондани моликият дар соҳаи кишоварзӣ ба тағйироти куллӣ оварда расонид. Дар соҳаи кишоварзии мамлакат шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 54,3 ҳазор ададро ташкил медиҳанд, аз он ҷумла 890 адад ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ, 819 адад хоҷагиҳои деҳқонии ҷамъиятӣ ва 357 адад хоҷагиҳои кооперативӣ. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки саҳми бахши хусусӣ дар рушди соҳаи кишоварзӣ пайваста афзуда истодааст. Мавриди зикр аст, ки масоҳати заминҳои кишоварзии Тоҷикистон 4,2 миллион гектар буда, ҳамагӣ 20 фоизи он кишт карда мешавад. Айни ҳол масоҳати заминҳои обӣ 950 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Масоҳати заминҳои барои кишт мувофиқ 937,3 ҳазор гектар ё 5,8 фоиз, якҷоя бо адирҳо тақрибан ба 1 миллион гектар мерасад. Зиёда аз 82 фоизи киштзорҳо обӣ ва боқимонда лалмӣ мебошанд.

Тибқи маълумоти оморӣ соли 2023 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ ба 18 миллиарду 658,7 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 7,9 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ 13 миллиарду 224,3 миллион сомонӣ ё 110,4 фоиз ва дар соҳаи чорвопарварӣ 5 миллиарду 434,4 миллион сомонӣ ё 102,4 фоиз нисбат ба соли 2022 зиёд ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи маҳсулоти растанипарварӣ ба 70,9 фоиз ва чорвопарварӣ ба 29,1 фоиз баробар гардид. Ин нишондиҳанда дар хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд 21,1 фоиз, Хатлон 5,5 фоиз, Бадахшон 0,5 фоиз ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 15,6 фоиз баробар шудааст. Аз ҷумла, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 45,5 фоизи ҳиссаи умумии ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ рост меояд. Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 44,3 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда дар хоҷагиҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 96,7 фоиз, вилоятҳои Суғд 38,5 фоиз, Хатлон 44,5 фоиз ва шаҳру наҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 49,3 фоизро ташкил медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни аксар суханрониҳояшон ба масъалаҳои ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин, гирифтани се-чор ҳосил дар як сол, афзоиши майдони кишти зироати таъиноти ғизоӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил ва таъмини муттасили бозори дохилӣ бо маводи озуқаворӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Рустамзода Фитрат Музафар, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ

Воҳидзода Зеваршо, сардори шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top