ПАЁМ – РОҲНАМОИ ҶАВОНОН БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Бинанда: 70 | Санаи нашр: 15 Январ 2025

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар», ки санаи 28-уми декабри соли 2024 баргузор гардид, дурнамои сиёсати ҷавонони кишварро дар баробари дигар самтҳои асосии ҷумҳурӣ баррасӣ намуданд.

Рӯй овардан ба ҷавонон аз ҷониби Сарвари давлат ин нишонаи бовариву эътимодашон ба ин қишри ҷомеаи имрӯза мебошад. Чи тавре ки Пешвои миллат қайд намуданд “Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад”.

Дар радифи ин ҳидоятҳои Пешвои миллат мо ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба ин бовариву эътимодашон дар рушду нумуи кишвари азизамон саҳмгузор ва барои амалӣ гардидани сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат тамоми кӯшишу ғайрати худро равона намоем.

Боиси ифтихори мо ҷавонон аст, ки Сарвари давлат идомабахши фаъолияти насли калонсолро маҳз дар фаъолияти пурсамари ҷавонони имрӯза мебинанд. “Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт”.

Боиси қайд аст, ки бо ташаббуси як қатор ҷавонони муваффақ имрӯз дар бисёр соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии мамлакат навовариву пешравиҳо ба назар мерасанд. Дар ин росто Сарвари давлат дар ҳамаи баромадҳои худ, аз ҷумла дар Паёми имсолаашон маҳз ба ҷавонон рӯ оварда, таъкид намуданд, ки пешрафти давлат, ояндаи дурахшони мамлакат марбут ба ин кишри ҷомеа мебошад.

Чи тавре ки таъкид намуданд “Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем. Мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад.

Ҳоло 61 % шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда дар хизмати давлатӣ 49 % мебошад”.

Эътимоди Сарвари давлат ба ҷавонон бори дигар мо ҷавонони кишварро руҳбаланд намуда, дар замири ҳар як ҷавони ватандӯст меҳру муҳаббати самимӣ нисбат ба Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳо ва муқаддасоти миллиро парварида, дар амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ содиқ мемонем.

Самиаъло Асадуллозода, мудири шуъбаи ҷавонони ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top