РУШДИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ВА РАҚАМИКУНОНИИ ОН

Бинанда: 39 | Санаи нашр: 14 Январ 2025

Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат оид ба дастовардҳои кишвар маълумотҳои муфид ва лозимиро пешкаши сокинони ҷумҳурӣ мегардонанд.

Дар таърихи 28.12.2024 дар Паёми солона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои лозимиро вобаста ба рушд додани соҳаи энергетика ва рақамикунонии он дар сатҳи иқтисоди миллӣ пешниҳод намуданд:

Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст.

Ҳоло корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони неругоҳи «Себзор» ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома доранд.

То имрӯз ду агрегати неругоҳи «Норак» ва се агрегати неругоҳи «Қайроққум» пурра навсозӣ карда шуд.

Соли 2025 бо таҷдиду навсозии боз се агрегати дигар дар неругоҳи «Қайроққум» иқтидори он иловатан 24 мегаватт зиёд гардида, ба 174 мегаватт мерасад.

Инчунин, як агрегати дигар дар неругоҳи «Норак» таҷдид шуда, иқтидори он 40 мегаватт зиёд мегардад ва сохтмони неругоҳи «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом расонида мешавад.

Яъне иқтидорҳои мавҷудаи энергетикии мамлакат дар соли 2025 танҳо аз ин ҳисоб 180 мегаватт зиёд мегарданд.

Дар баробари ин, соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иктидори 200 мегаватт оғоз мегардад.

Имрӯзҳо бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст.

То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун» ба анҷом расонида шудаанд.

Сохта ба истифода додани чунин неругоҳҳои обию барқӣ дар мамлакат инчунин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва рақамикунонии соҳаи энергетика таъсирбахш буда, барои рушди иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамояд ва сатҳи ММД-ро то андозае метавонад баланд бардорад.

Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сари вақт маблағгузорӣ намудани сохтмони ин иншооти стратегӣ мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст.

Дар ин ҷода бо як қатор созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд ҳамкориҳои судманд ҷиҳати ҷалби маблағҳои имтиёзнок дар ҳаҷми 33 миллиард сомонӣ (ё 3 миллиард доллар), аз ҷумла 12,5 миллиард сомонӣ грант (ё 1 миллиарду 150 миллион доллар) идома доранд.

То имрӯз созишномаҳои маблағгузории иншооти неругоҳ бо 6 созмон дар ҳаҷми умумии 10 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 3,8 миллиард сомонӣ грант ба имзо расонида шуда, соли 2025 маблағгузорӣ аз ҷониби онҳо оғоз мегардад.

Аз ҷумла 17-уми декабри соли ҷорӣ Шӯрои директорони Бонки Умумиҷаҳонӣ дар хусуси дар марҳалаи аввал ҷудо намудани 3,8 миллиард сомонӣ грант барои сохтмони неругоҳи «Роғун» қарор қабул кард.

Инчунин, аз ҷониби Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ дар ҳаҷми 2,9 миллиард сомонӣ, Бонки исломии рушд 1,6 миллиард сомонӣ, Фонди Саудии рушд 1,1 миллиард сомонӣ, Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ 272 миллион сомонӣ ва Фонди Кувайтии рушди иқтисодии арабӣ 180 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардидаанд.

Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.

Вобаста бо андешаҳои дар боло зикргардида гуфтан мумкин аст, ки соҳаи энергетика яке аз соҳаҳои калидӣ дар шароити иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, Роҳбари давлат ба рушди соҳаи мазкур даққати махсус зоҳир менамояд ва дар ҳар як баромадҳояшон вобаста ба соҳаи энергетика ва рақамикунонии он андешаҳои муфид пешкаши аҳолии мамлакат мегардонанд.  

Диловар Хоҷазода, н.и.и., и.в. дотсент, декани факултети иқтисодиёт ва тиҷорати ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top