(дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардид, ки ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имкониятҳои транзитии он ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии рушди кишвар пазируфта шудааст.
Дар соли 2024-ум дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 155 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба маблағи умумии 4,6 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Аз ҷумла роҳҳои мошингарди «Роғун – Обигарм – Нуробод» ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ ба дарозии 76 километр ва «Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара» – 69 километр ба маблағи 800 миллион сомонӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда шуданд.
Бояд зикр намуд, ки соли 2024-ум таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингарди «Данғара – Гулистон» – 50 километр ва «Гулистон – Фархор» ба дарозии 33 километр оғоз гардид.
Инчунин, дар Паёми имсола баён гардид, ки соли 2025 дар ҳудуди вилояти Суғд бунёду барқарорсозии 52 километр роҳҳои мошингарди аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалидошта ва дар мавзеи Барсеми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4,5 километр роҳ, 550 метр долонҳои зидди тарма, пул бо дарозии 82 метр аз болои дарёи Шорф ва пул аз болои дарёи Ғунд бо дарозии 200 метр ба анҷом расонида мешавад.
Солҳои охир таъмиру сохтмони роҳҳои маҳаллӣ вусъат пайдо карда, танҳо дар соли 2024-ум аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ва мардуми Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ, зиёда аз 2 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид гардида, бунёду азнавсозии 23 пул ба анҷом расидааст.
Хурсандиовар аст, ки тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ бо таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингард дар зарфи панҷ соли охир, мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда аз зинаи 50 ба 44-ум баромада, нисбат ба солҳои қаблӣ 6 зина баланд гардид.
Ҳамин тавр, нақлиёт яке аз соҳаҳои муҳимми хоҷагии халқи мамлакат буда, он ҳамчун омили асосии ҷойгиронии истеҳсолот, рушди иқтисоди миллӣ ва ташаккул додани муносибатҳои мутақобилаи судманд ба ҳисоб меравад. Шабакаи роҳҳои Тоҷикистон дар шароити хос ташаккул ёфта, он ба вазъи муосиру имкониятҳои рушди минбаъда низ таъсири мусбӣ мерасонад. Бо мақсади пурра ба меъёрҳои замонавӣ мутобиқ гардонидани роҳҳои мошингард, инфрасохтори нақлиётӣ ва ба мамлакати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои стратегӣ муваффақона амалӣ гардида истодааст, ки он ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Иброҳимзода Гулҷаҳон Холназар, ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ