МАҚОМУ МАНЗАЛАТИ ЗАН – МОДАР

Бинанда: 52 | Санаи нашр: 11 Январ 2025

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар”, ки 28.12.2024 дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор гардид, Пешвои миллат нисбати зан - модар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, қайд карданд: “Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст”.

Дар Паёми Роҳбари давлат қайд гардид, ки ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.

Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.

Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.

Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд.

Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.

Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.

Сарвари давлат мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳоро дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа дар замони соҳибистиқлолӣ назаррас арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем. Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд. Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд”.

Манучеҳра Асоева, муаллими калони кафедраи менеҷмент ва маркетинги ДДТТ

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top