АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ

Бинанда: 119 | Санаи нашр: 09 Январ 2025

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 5 соли сипаригардида ва дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллиро барои солҳои минбаъда муайян намуданд.

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони бинои наву пуршукӯҳи Парлумони кишвар зимни ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Дар толор аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шурои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони иттиҳодияҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, тоҷирону соҳибкорон, ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум ҳузур доштанд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, ки бори нахуст дар бинои наву боҳашамати Парламенти кишвар ироа гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро таҳлил намуда, зарур шумурданд, ки дар шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ собитқадамона таъмин шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд. Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмини нишондиҳандаҳои пешбинишудаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободонии шаҳру деҳоти кишвар мусоидат намуд.

Аз иқдомҳои шоистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳамаи қишрҳои ҷомеа ёдовар шуда, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба - солҳои 2020, 2022, 2023 ва 2024 дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд.

Баҳри иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушд бахшидан ба иқтисоди кишвар дар соли 2025 вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз Сарвари давлат дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд. Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки то охири соли 2025 лоиҳаи “Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 - 2030” таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод гардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шаванд.

 

Саидмуъмин Саидов, сармутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top