Тоҷикистон бо назардошти равандҳои рушди иқтисодиёти чаҳонӣ дар ҷодаи рақамикунонии иқтисодиёти миллии кишвар қадамҳои устувор гузошта, дар ин раванд чораҳои мушаххас меандешад. Баҳри пурра гузаштани мамлакат ба иқтисодиёти рақамӣ ҳоло тамоми имкониятҳо мавҷуд буда, пояи асосии онро ташаккули ҳукумати электронӣ гузоштааст.
Дар Тоҷикистон бо максади баланд бардоштани дараҷаи маърифати техникии ҷомеа ва ҳамаҷониба татбиқ намудани технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ дар иқтисоди миллии кишвар ва бо мақсади амалисозии стратегияҳо ва барномаҳои давлатии рушд бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, таҳти рақами 643 «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш (28.12. 2024) оид ба ин масъала иброз доштанд, ки “Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст”.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон махсус қайд намуданд, ки “Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ;
Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот;
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ;
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ;
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ;
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот;
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.”
Ин гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ва сохторҳои ҷомеа баҳри ғанӣ гардонидани буҷаи давлат ва дур будан аз коррупсия сайъу кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Зубайдов Саидаҳмад, д.и.и., дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии ДДТТ