БА ИФТИХОРИ СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

Бинанда: 100 | Санаи нашр: 19 Декабр 2024

Ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ эълон шудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 март “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.

Дар асоси Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди СММ баргузор мегардад. Қабули ин Қатънома иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешанд.

Мояи ифтихор ва сарфарозист, ки панҷумин ташаббуси ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаи об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд. Имрӯзҳо дар ҷомеаи илмиву ҷамъиятии кишварамон дар доираи ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат ва Қатъномаи қабулгардида барнома ва амалҳои мушаххас барои ҳифзи пиряхҳо роҳандозӣ гардида истодаанд. Бояд гуфт, ки таъсиси Маркази пиряхшиносӣ дар кишвар аз аввалин иқдомҳои саривақтиву муҳим дар ин ҷода мебошад.

Ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим, аз ҷумла, доир ба масоили ҳифзи пиряхҳо ва манбаву сарчашмаҳои оби тоза дар тамоми ҷаҳон тарафдорон ва ҳамфикрони зиёд пайдо намуда, ҳалли ин масъалаи муҳимро дар мадди аввали ҷомеаи ҷаҳонӣ гузоштаанд.

Пешвои муаззами миллат соли 2021 дар нахустин ҷаласаи роҳбарони Эътилофи обу иқлим дар хусуси босуръат об шудани пиряхҳо, истеъмоли аз ҳад зиёди об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисод, оқибатҳои манфиву мудҳиши ин мушкилоти ҷаҳонӣ ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши пиряхҳо ва махзанҳои барф дар сатҳи ҷаҳонӣ, хусусан дар манотиқи кӯҳсор шуда метавонад.

Мавриди қайд аст, ки дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор пиряхи хурду бузург мавҷуданд, ки масоҳаташон ба 11146 километри мураббаъ баробар буда, 8 фоизи ҳудуди кишварро дар бар мегирад. Пиряхҳо асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳҳои Ҳисору Олой дар баландиҳои 3000-3500 то баландиҳои 3500-5300 метр ҷой гирифтаанд. Захираи умумии ях дар пиряхҳои кишвар ба 845 километри мукааб баробар буда, пиряхҳои хурд бо масоҳати 1 километри мураббаъ танҳо 20 фоизи шумораи умумии пиряхҳои кишварро ташкил менамоянд, вале 85 фоизи ҳаҷми ях дар онҳо мутамарказ гардидааст. Дар пиряхҳои Тоҷикистон 456,9 километри мукааб об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд.

Мутахассисони Маркази омӯзиши пиряхҳо ҷиҳати тадқиқу омӯзиши пиряхҳои Федченко, Хирсон, РГО ва пиряхҳои ҳавзаи кӯлҳои Қарокӯл ва Искандаркӯл корҳои муҳимми пажӯҳишӣ анҷом дода истодаанд. Аз ҷумла, аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳо дар доираи Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон экспедитсияҳои муштарак ташкил намуданд, ки дар он мутахассисони пажӯҳишгоҳҳои Швейтсария низ ширкат варзиданд.

Маврид ба зикр аст, ки манбаъҳои обӣ, хусусан пиряхҳои Тоҷикистон як мавзеи нотакрор ва нодире ҳастанд, ки таҳқиқоти муштараки байналмилалиро тақозо доранд. Ҷолиб аст, ки барои ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ якчанд асноди меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаст, аз ҷумла:

 – Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030;

 – Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025;

 – Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи ошомиданӣ барои солҳои 2008 - 2020;

- Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030;

– Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019 – 2030 ва ғайра.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки иқдомҳои сатҳи ҷаҳонии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, нақши калидӣ мебозад.

Шарифзода Лайло, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 250103-иқтисодиёти ҷаҳони ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top