ПАРЧАМ - ИФТИХОР ВА САОДАТИ ВАТАНДОРИСТ

Бинанда: 183 | Санаи нашр: 22 Ноябр 2024

Тоҷикистон чун давлати мустақил, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона Конститутсия ва рамзҳои давлатии худро дорост, ки дар маҷмӯъ он ҳамаро муқаддасоти давлат меноманд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамз ва саодати истиқлолияти давлат, эҳёгар ва ҳастии миллати тоҷикон аст. Зеро парчам инъикосгари истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои ба мо дӯст ба шумор меравад. Зери парчам ҳар яки мо ба зиндагии ором, сулҳу осоиш, талош ба ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ равона мегардем.

Ҳар давлати соҳибистиқлол новобаста аз мавқеи ҷойгир шуданаш рамз ва муқаддасоти худро дорост. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон низ муқаддасоте мебошанд, ки ҳар як шаҳрванди кишварамонро дар рӯҳияи шарафмандӣ, ифтихори миллӣ, давлату давлатдорӣ, ватанпарастӣ тарбия менамояд.

Мутобиқи моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - парчам, нишон ва суруди миллӣ аст.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи фардо ва лоиқи эҳтироми ҳар як шахс мебошад. Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва бисёр давлатҳои олам партавафшон аст, зеро парчам аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва озоду ягонаи Тоҷикистон дарак медиҳад.

Парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод. Парчамро аз замонҳои қадим дар ҷангу муҳорибаҳо парчамбардорон пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтодани парчам нишони шикасту мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт.

Ниёгони мо ҳамчунин ба маънии “парчам” бештар аз калимаи дирафш ё дирафши ковиёнӣ истифода кардаанд. Дирафши ковиёнӣ-парчами давлатии шоҳони қадими эронинажод, аз Пешдодиён то Сосониён буд. Бархе муаррихон нахустин парчами миллии тоҷиконро марбут ба парчами чармини Коваи оҳангар донистаанд, ки бо он Кова бар зидди беадолатиҳои Заҳҳоки морон бархост ва пешдомани чармини оҳангарии худро ба найзае овехта, онро парчами мубориза бар зидди бедодгарӣ ва беадолатӣ қарор дод.

Парчами Тоҷикистони азиз чун рамзи соҳибистиқлолии давлат 24-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. 

Имрӯз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлол бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад.

Эҳтироми парчам – эҳтироми Ватан аст. Партавафшон бод парчамат Тоҷикистони азиз!

 

Мавҷуда Ҳикматова, муаллими калони кафедраи менеҷмент ва маркетинги ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top