“Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид ва минбаъд ҳар сол дар кишвари мо ин сана ҳамчун рӯзи ид мутантан таҷлил мегардад.
Бояд қайд намуд, ки Парчам ҳамчун рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буда, аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод. Парчамро парчамдорон дар ҷангу муҳорибаҳо пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтидани парчам нишони шикасту мағлубияти давлат маҳсуб меёфт.
Парчам нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлату миллат ба ҳисоб рафта, дар фаъолияти давлатдорӣ, аз ҷумла дар гузаронидани маъракаҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, инчунин дар муносибатҳои байналмилалию дар ҳаёти ҳамарӯзаи ҷомеа мавқеъ ва нақши муҳим дорад.
Вобаста ба парчамдориву парчамбардории халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ чунин қайд намудаанд, ки: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нирӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуданд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».
Дирафши ковиёнӣ парчами давлатии шоҳони қадими эронинажод, аз рӯзгори подшоҳии Пешдодиён то Сосониён буд. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, ки намунаи осори барҷастаи ватандӯстию ватанпарварӣ ва тарғибгари некию мардонагист, аз муборизаи Коваи оҳангар оварда шудааст. Коваи оҳангар пешдомани чармини худро дирафш кард ва халқи ситамдидаро ба мубориза даъват намуд, ки ин ҳолатро Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» чунин ба қалам додааст:
Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,
Ба ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.
Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд,
Ҷаҳонро саросар сӯйи дод хонд.
Аз он чарм к-оҳангарон пушти пой,
Бипӯшанд ҳангоми захми дирой.
Ҳамон Кова он бар сари найза кард,
Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард.
Хурӯшон ҳамерафт найза ба даст,
Ки «Эй номдорони яздонпараст.
Касе к-ӯ ҳавои Фаридун кунад,
Сар аз банди Заҳҳок берун кунад.
Яко-як ба назди Фаридун шавем,
Бад-он сояи фарри ӯ биғнавем.
Бипӯед, к-ин меҳтар Оҳарман аст,
Ҷаҳонофаринро ба дил душман аст».
Имрӯз тасвири «Дирафши ковиён» дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст, ки он ифодагари рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад.
Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ, ки дар масири таърих бо номи «Дирафши Ковиён» ёд карда мешавад, ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманди миллӣ, эътиқод ва эътимод доранд.
Парчами миллии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дар бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ парафшонӣ мекунад, ки ифтихори ҳар яки мо мебошад.
Таманнои онро дорем, ки Парчами давлатии Тоҷикистони азиз ҳамеша парафшон бошад.
Дар само чун ёру анбози фаришта,
Ҳамдаму ҳамсозу ҳамрози фаришта,
Боли ӯ чун боли парвози фаришта,
Ҷилваҳояш ҷилваи нози фаришта,
Парфишони Парчами давлат муборак!
Бахти миллат, давлати миллат муборак!
Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Махсумзода Нигина Давлат, муаллими калони кафедраи андоз ва суғуртаи ДДТТ