Ҳамасола дар ҷумҳурии азизамон ҳамоишҳову ҷашнвораҳо дар робита ба эҳёи бузургони гузаштаи халқамон ва пос доштани арзишҳои миллиамон таҷлил карда мешаванд, ки ин нишонаи олии арҷгузорӣ ба гузашта, имрӯза ва ояндаи фарзонафарзандони миллати шарафманди тоҷик дар тули асрҳо буда, таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар байни онҳо мақоми махсусро касб кардааст.
Муайян гардидани рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” асосҳои ба худ хосро доро мебошад, зеро аз ибтидои ҳамин рӯзи тақдирсоз марҳилаи нави давлатдории тоҷикон оғоз ёфта, Президенти ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намуданд.
Бо дарназардошти эҳтиром ва эътирофи хиради азалӣ, фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, ба даст овардан ва таъмин намудани сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва болоравии обрӯву эътибори мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” таҷассум ёфтааст.
Таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки абармардон ва шахсиятҳои таърихие буданд, ки онҳо дар марҳилаву вазъияти барои кишварашон мураккабу ҳассос ба сари ҳокимият омада, зимоми давлатдориро бар дӯши худ гирифта, барои баланд бардоштани обрӯву нуфузи давлати худ нақши абадӣ гузоштаанд.
Агар ба корнома ва муҳимтарин тасмимҳои Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори барҷаста аз назари таҳқиқ нигарем ба чунин ҷамъбаст ва натиҷагирӣ метавон расид, ки онҳо мӯҳтавои фаъолияти пурсамар ва назарраси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳанд:
- хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат, оромӣ ва субот дар ҷомеа;
- тақвияти пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, барқарорсозии ниҳодҳои ҳукумат, шохаҳои ҳокимияти сиёсӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қонуният, адолат ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат;
- ислоҳоти конститутсионӣ, низоми ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол, иқдом ва ташаббус дар самти эҷод ва қабули қонунҳои нави миллӣ;
- иқдом ва ташаббусҳо дар самти ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ оид ба об, дипломатияи об ва ҷонибдории он аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ;
- таъмини рушди устувори ҷомеа, пешрафти иқтисодиёт, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ;
- таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар;
- аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон;
- таъмини амнияти озуқавории мамлакат, амалӣ намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаи ватанӣ;
- саноатикунонии босуръати кишвар барои таъмини устувории иқисодиёт;
- таҳкими ғоя ва андешаи миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ, ватандӯстии мардум, эҳёи мерос ва суннатҳои таърихиву фарҳангӣ;
- сиёсати муваффақонаи хориҷӣ, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, сиёсати дарҳои кушод ва ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро дар атрофаш муттаҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардум ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта ва эътироф шудаанд.
Дар ин маврид шахсиятҳои барҷастаи арсаи сиёсат доир ба фидокориҳои роҳбари давлати тоҷик ибрози ақида намудаанд, аз ҷумла, Президенти Федератсия Руссия Владимир Путин чунин ибрози андеша намудааст “Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди давлатҳои мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар”.
Қаҳрамони миллии Афғонистон, шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд Президенти моро самимӣ дӯст медошт ва боре таъкид карда буд, ки “Шумо тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон доред. Тасаввур кунед, мо зиёда аз сӣ сол боз барои сулҳ дар Афғонистон мубориза мебарем. Ин абармарди миллат барои Шумо дар як сол сулҳи бебозгашт овард. Акнун тасаввур кунед, ки Шумо чӣ гуна Пешвое доред. Ин гуна Пешворо ҳама хайрхоҳони ҷаҳон орзу мекунанд”.
Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб эҳсос мекунанд, ки Пешвои миллат тамоми захираву имкониятҳоро барои ободию гулгуншукуфоии кишвар ва беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ сафарбар менамоянд.
Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба ватан баргашт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги ӯро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар партави сиёсати ин абармарди таърих кору фаъолияти пурсамар намоем ва барои расидан ба ҳадафҳои судманди миллӣ аз тамоми имконот истифода намоем.
Бигзор, хуршеди озодиву истиқлолият ба хонадони ҳар фарди кишвари маҳбубамон Тоҷикистон то абад файзу баракат ва нуру зиё бахшад!
Амонов Саҳбон Сарватҷонович, н.и.и., дотсент, масъули маҷаллаи Паёми ДДТТ