КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ

Бинанда: 148 | Санаи нашр: 05 Ноябр 2024

Имрӯзҳо мо халқи соҳиббахту соҳибиқболи Тоҷикистон дар арафаи ҷашни мубораку хуҷастаи миллату давлат – Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Бояд гуфт, ки маҳз бо қабули Конститутсия дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон таҳаввулоти бузург ба вуҷуд омад. Қабули Конститутсия дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллӣ, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳим гузоштааст.

Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоламон 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи давлатдорӣ бо тантана таҷлил карда мешавад, зеро қонуни асосии кишвари мо кафили амнияти ҳар як сокини мамлакат маҳсуб ёфта, он инсонҳоро тимсоли шаҳкитоби раҳнамоест, ки бо қутбҳои он ба сӯйи ояндаи дурахшон раҳсипар менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар худ орзуву омоли чандинасраи халқи худогоҳу хештаншиносро баҳри бунёди ҷомеаи адолатпарвар инъикос намудааст, барои устувории соҳибихтиёрӣ, пойдории ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, суботи сиёсӣ, таъсиси низоми самарабахши мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ба миён омадани рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими ғояҳои инсондӯстона дар тафаккури ҷомеа, татбиқи асли таҷзияи ҳокимият ва шинохти кишвари азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ нақши созгору таърихӣ дорад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсияи сифатан нав ва қабули он дар ҳаёти ҷумҳурӣ ҳақиқатан воқеаи таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ маҳсуб меёбад. Ин ҳуҷҷати бо роҳи демократӣ қабулшуда ба ҳисоб рафта, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мустаҳкам менамояд. Дар он шакли идоракунӣ, сохтори давлатӣ ва рељаи сиёсӣ муайян карда шуда, давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон мустаҳкам гардидааст.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва дар ин замина тақвият бахшидан ба дурнамои ташаккули соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ мусоидат намуда, ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи давлати Тоҷикистон ва низоми қонунгузорӣ замина гузошт.

Конститутсияи кишвар барои бунёди давлатдории навини Тоҷикистон аҳамияти таърихию ҳуқуқию сиёсӣ дошта, он кишвари моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаю иҷтимоӣ эълон намуда, барои таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат, рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва муҳайё намудани фазои мусоид барои рушди озодонаи ҳар фард заминаи боэътимоди ҳуқуқиро ба вуҷуд овард.

Бояд зикр намуд, ки вобаста ба рушди кишвар ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тағйиру иловаҳои минбаъдаи он сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон дар самти танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ марҳила ба марҳила инкишоф ёфтааст. Дар Конститутсия меъёрҳои зиёде ҳастанд, ки дурнамо, равиши асосӣ ва стратегияи инкишофи қонунгузорӣ ва дар шакли умум принсипҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамоянд.

Маҳз бо шарофати қабули Конститутсия унсурҳои асосии давлатдории муосири Тоҷикистон, махсусан демократия, соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, ягонагӣ ва иҷтимоӣ муайян гардида, дар саҳифаи таърих марҳилаи нави бунёди давлати миллии тоҷиконро кушод.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи мо масъулу вазифадор ҳастем, ки пешоҳанги татбиқи аслҳои Конститутсия ва пайравони ҳақиқии Пешвои муаззами миллат бошем. Саодати мо дар ҳамин амали ватандӯстона ифода меёбад.

Назира Азизова, муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии ДДТТ

 


 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top