КОНСТИТУТСИЯ - БАХТНОМАИ КИШВАРИ МО

Бинанда: 181 | Санаи нашр: 01 Ноябр 2024

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишварамон рӯйдоди воқеан ҳам сарнавиштсоз мебошад, ки он 30-сол қабл 6-уми ноябри 1994 ба тариқи демократӣ ва раъйпурсии умумихалқӣ, ки аксарияти мутлақи ҳамватанони мо ба тарафдории он овоз доданд, қабул гардид ва моро ба ояндаи нек умедвор сохт. Ин сана сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд. Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду инкишофи давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши муҳим мебозад.

Маҳз бо шарофати Конститутсия ва дар заминаи амалӣ гардидани меъёрҳои он фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ барқарор ва барои рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии давлат шароити мусоид муҳайё гардид. Кишвари азизамон бо роҳи гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ то имрӯз дар самтҳои ҳифзи истиқлоли давлатӣ, демократикунонии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқиву фарҳангӣ, таҳкиму тақвияти низоми давлатдории миллӣ ва аркони бунёдии он ба дастовардҳои басо арзишманди таърихӣ ноил гардид.

Тибқи Конститутсия давлати мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон эълон гардида, имрӯз тавассути ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалии сайёра нақши арзанда мегузорад.

Бахусус, ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва рафъи дигар мушкилоти ҷаҳониву минтақавӣ боиси дастгирии ҷомеаи башар гардидаанд.

Конститутсия – Низомномаи зиндагии мардуми тоҷик ниҳоят дурандешона бо назардошти пешрафту комёбиҳои халқу кишвар, саодати он тарҳрезӣ ва иншо гашта, шумораи муқаддасоти миллии моро дар баробари Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва нангу номуси халқи азизамон комил гардонид.

Дар Конститутсия барҳақ таъкид шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин ҷавҳари конститутсионӣ дар радифи соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани давлат муҳтавои иҷтимоӣ онро ифода менамояд.

Воқеан, натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ машғул аст. Имрӯз мо ифтихор дорем, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошем ва дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунем.

Бо назардошти ҳамаи ин гуфтаҳо моро зарур аст, ки ба қадри тинҷию осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва озодию истиқоли миллии худ бирасем, дар фаъолияти ҳаррӯзаамон қоидаҳои муқарраркардаи Конститутсияи кишварро ба роҳбарӣ гирифта, баҳри ободӣ ва ҳифзи истиқлолу якпорчагии он ҳаматарафа талош варзем.

Файзулло Шамсов, муаллими калони кафедраи назарияи иқтисоди ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top