Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 ба таври райъпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст ва он ҳамчун шиноснома миллату давлатро дар арсаи дохилӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ карда, аз ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ афзалият дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамуд, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт. Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад. Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз мо 30 - солагии қабули онро ҷашн гирифта истодаем, қонунест, ки нисбати ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ афзалият дошта, дар он тамоми самтҳои дохилию хориҷии ватани азизамон дарҷ шудааст. Ин муҳлат барои таърих тӯлонӣ набошад ҳам, дар ин муддат Қонуни асосӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт. Таҳияи лоиҳаи Конститутсияи амалкунанда раванди дуру дароз ва пур аз ихтилофро аз сар гузарондааст
Омили асосие, ки барои қабул намудани Конститусияи нав замина гузошт, мустақил ва соҳибихтиёр эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тоҷикистонро лозим омад, ки барои муқаррар намудани асосҳои сохтори конститутсионии давлат ва гузаштан ба муносибатҳои сифатан нави ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қонуни асосии нав қабул кунад, то тавонад ин муносибатҳоро дар шакли нав ва бо диди нав танзим намояд.
Конститутсияи амалкунанда, дар муқоиса аз дигар конститутсияҳои собиқ аввалин шуда асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро пурра дар шакли нав муқаррар кард ва роҳи минбаъдаи инкишоф ва пешрафти ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян кард. Аз вақти қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар самти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ватани азизамон дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ омада истодааст. Он як қатор арзишҳои демократии сохтори конститутсиониро ба монанди: соҳибихтиёрӣ ва мустақилият, давлати ҳуқуқбунёд, ҳокимияти халқӣ, волоияти қонун, бисёрҳизбӣ, эътирофи шахсият ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои он, таҷзияи ҳокимият ба се шохаи мустақил, гуногунандешии сиёсӣ ва мавкуравӣ, инкишофи худидоракунии маҳаллӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва ҳимояи баробарии ҳамаи шаклҳои моликият, тақвияти назорати судӣ, институти президентӣ ва ғайраҳоро дар худ таҷассум намуд, ки конститутсияҳои қаблӣ ин гуна арзишҳоро надоштанд. Конститутсия истиқололияти давлатиро ба расмият дароварда, роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеаи навинро муайян кард. Дар ҷомеае, ки мо зиндагӣ дорем, хеле зуд тағйирёбанда мебошад, муносибатҳои нав ба вуҷуд меоянд ва барои пурра танзим намудани онҳо моро зарур меояд қонунгузории миллиамонро низ такмил диҳем. Бинобар ин, бо мақсади комилан ба талаботи байналмилалӣ мувофиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ ва қавитар намудани ваҳдати миллӣ лозим омад, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намоем. Ин тағйиру иловаҳо 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шудаанд, ки минбаъд ҷиҳати гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҷомеа замина гузоштанд. Ислоҳоти ҳуқуқӣ аслан се шохаро фаро гирифт: таъминоти ҳуқуқии ислоҳоти сиёсӣ; таъминоти ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ; ислоҳоти ҳуқуқии низоми судӣ. Ислоҳоти ҳуқуқӣ дар ҳаёти сиёсӣ асосан барои аз нав ташкил намудани мақомоти асосии ҳокимияти давлатӣ равона гардида аст. Аз ҷумла, бо мақсади ба реҷаи касбӣ ва доимоамалкунанда табдил додани мақоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон - Маҷлиси Олӣ ба ду маҷлис: Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҷудо карда шуд. Ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ иҷозат дода шуд, ки онҳо минбаъд ба рушд ёфтани гуногунандешии сиёсӣ, озодии виҷдон ва озодии сухан шароит ба вуҷуд оваранд.
Фатҳиддин Шамсов, н.и.т., дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории ДДТТ