КОНСТИТУТСИЯ – ҚУТБНАМОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Бинанда: 242 | Санаи нашр: 25 Октябр 2024

Дар таърихи ҳар халку миллат баъзан ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки онҳо тақдири ояндаи ҳалқу миллатро аз пароканда ва нобудшаваӣ нигоҳ дошта, ба ояндаи дурахшон, ҳидоят менамоянд. Ана ҳамин гуна воқеияти таърихии тақдирсози миллати бузургвори мо – ин Конститутсияи давлати соҳибистиклоли Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.

Аҳамияти таърихии тақдирсози ин кутбнамои миллату мамлакат ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ дар он ифода меёбад, ки он аввалин бор дар тамоми давраи мавҷудияти чандинҳазорсолаи миллатамон ба таври қонунӣ ба ҷаҳониён истиқлоли ба даст овардаи давлати мо ва роҳи интихоб кардаи ҳалкамонро дар давлатдории муосиру тамаддун эътироф ва эълон намуд.

Аввалин маротиба Конститутсияи мо инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ ҳисобида, ба он боби алоҳида ҷудо намудааст. Дар ин боб он меъёрҳои умумиэътирофшудае омадаанд, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз соли 1948, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ аз соли 1966 ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз соли 1966 мустаҳкам гардидаанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба Эъломияи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ва Изҳороти истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 асос ёфтааст.

Дар моддаи аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон орзуи халқи бузургворамон сабт карда шуд, зеро халқи мамлакати мо тарафдору бунёдгари давлати дунявӣ, ягона, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ мебошад.

Ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд, ки пурра, ҳаматарафа ба фаҳм ва қимати чунин муқаддасоти конститутсиониамон - мафҳумҳои давлати дунявӣ, ягона, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ бирасад, ин арзишҳоро пурра дарк намояд ва барои ҳарчи зудтар амалигардонии ин мақсаду маром, роҳи пешгирифтаи халки азизу бузургворамон ҳиссагузор бошад.

Халқи мо мутобиқи Конститутсия сохти давлатдории ҳозиразамону дунявиро худ интихоб кард. Ин роҳи пешгирифтаи халқи мо бебозгашту тағйирнопазир мебошад, ки дар моддаи 100-уми Конститутсия махсус қайд шудааст: «Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзии он, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатамон тағйирнопазиранд».

Барои ҳаллу фасли масъалаҳои баҳсталаби аҳамияти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоидошта халқи мо дар раъйпурсӣ, муҳокима, маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоиҳои осоишта ширкат варзида, фикрашонро озодона баён менамояд. Ҳар яки мо ҳуқуқ дорем, ки ба ҳама зинаҳои ҳокимияти давлатӣ ва мансабдорони он муроҷиат намоем. Озодии танқид, баёни бисёрандешӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ, ҳуқуқу озодиҳои зиёд барои мо таъмин гардида, барои амалигардонии онҳо Конститутсия кафолат додааст.

Хизмати дигари бебаҳою таърихин Конститутсия аз он иборат аст, ки мамлакатамонро чун як рӯде ба дарёҳои калон, ба баҳрҳою уқёнусҳои бузургу беканори тамаддуни ҷаҳонӣ ҷорӣ намуд. Имрӯз мо ба давлатҳои дигар озодона равуо мекунем, шаҳрвандони давлатҳои дигар ва ашхоси бешаҳрвандӣ бе монеа ба ватани мо омаду рафт ва зиндагию кор мекунанд. Барои мусофират, интихоби маҳалли зист дар дигар давлатҳо ва боз баргашта ба ватанамон омадан ҳуқуқ дорем.

Дастоварди бузургтарини дигаре, ки халқи азизу бошарафи мо тавассути ин санади олии ҳуқуқии тақдирсоз ба даст овардааст, ин ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ, озодии виҷдон, ташкили ҳизбҳо ва ҷараёнҳои сиёсӣ мебошад.

Конститутсия ба мо ҳуқуқҳои зиёди иҷтимоӣ: дахлнопазирии ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф, номус, обрӯ, манзили истиқоматӣ, маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот, мухобирот, ҳуқуқ ба соҳибкорӣ, соҳибии моликияту мерос ва таҳсил додааст.

Конститутсияи кишвар барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ва шахсони дар сарзамини мо кору зиндагидошта вазифа ва уҳдадориҳо муқаррар кардааст, ки иҷрои онҳо барои ҳама қатъиян ҳатмист.  

Ҳифзи табиат - муҳити зист ва набототи он, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ки аз гузашта то ба давраи мо омода расидаанд, гувоҳи ёдбуди аҷдодону гузаштагони мо мебошад. Додани андоз, боҷ, ҷарима ва дигар пардохти хатмӣ, ки қонунҳои амалкунанда ҷорӣ кардаанд, бояд иҷро карда шавад.

Имрӯз яке аз масъалаҳои ниҳоят муҳим – ин ҳаматарафа омӯхтани Конститутсия, муқаддас нигоҳ доштани рамзҳои давлатӣ: парчам, нишон, суруди миллиамон мебошад.

Гиромидошти Конститутсия ҳамчун қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарчашмаи асосии қонунгузории кишварамонро ташкил медиҳад, моро водор месозад, ки онро мавриди эҳтиром қарор дода, ҳар як меъёри онро сармашқи кори худ карда, нуктаҳои асосии онро дар ҳаёт татбиқ намоем.

Тошмуҳаммад Маҳмадхонов, дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва

зиддикоррупсионии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top