НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАШАККУЛЁБИИ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ: ҶАНБАҲОИ СИЁСИВУ ТАЪРИХӢ

Бинанда: 176 | Санаи нашр: 30 Сентябр 2024

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 марти соли 2013 зимни вохӯрӣ бо кормандони дипломатии кишвар ба ифтихори ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ чунин изҳор доштанд: “Иштироки густурдаи давлати мо дар фаъолияти созмонҳои байналмилалию минтақавӣ аз зарурате сар задааст, ки кишварамон дар таҳкими амнияту суботи байналмилалӣ аз рӯи имкон саҳм гузошта, ҳимояи манфиатҳои хешро ба таври афзал таъмин намояд, инчунин, имкониятҳои технологӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва зеҳнии онҳоро барои иҷрои ҳадафҳои дарозмуддати сиёсати хориҷии Тоҷикистон – ташкил ва фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи ислоҳоти муваффақона дар дохили кишвар ва такомулу инкишофи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷалб намояд”.

Бо гузашти замон ва бо шарофати сиёсати созандаву бунёдгаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон гардишҳои куллӣ ва марҳилаҳои нави таърихӣ ба амал омаданд. Мамлакатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ вобаста ба барқарории сулҳу субот ва амалӣ гардидани рукнҳои демократия дар Тоҷикистон хоҳони густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар тамоми арсаҳо бо Тоҷикистон мебошанд. Эътирофи равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ, зина ба зина пешрафт ва рушди иқтисод, амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ ва дастовардҳои даврони истиқлоли Тоҷикистон аз ҷониби мамлакатҳои ҷаҳон худ гувоҳи рушди бемайлони кишвари азизамон дар тамоми соҳаҳо мебошад, ки ин раванд аз Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад.

Дар баробари ҳалли масъалаҳои мураккаби сиёсати дохилӣ, муаррифии ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ ва ба даст овардани эътирофу эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба Тоҷикистон коре буд басо мушкил. Барои ба сомон расонидани ин рисолати муҳим Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29-уми сентябри соли 1993 бори аввал аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоламонро бо нақшаҳои бунёдкорона, ба ҳайси субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд.

Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф шудааст ва дар ҳамин замина бо ҳамаи давлату созмонҳо ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.

Маврид ба таъкид аст, ки бо дарназардошти равандҳои муосир сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам бештар хусусият ва муҳтавои прагматикӣ ва воқеъбинонаро рушд медиҳад, ки он ба татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои милливу давлатии кишвар мусоидат мекунад.

24-уми сентябри соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд. Зимни мулоқот аз ҷумла ба масоили тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо, татбиқи Рӯзномаи - 2030 ва натиҷаҳои Саммити оянда таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Сулҳу амният гаронарзиштарин сармояи инсоният ба шумор рафта, ҳамчун кафили зиндагии арзанда барои одамон маҳсуб мегардад. Маҳз иродаи қавӣ, талошҳои пайваста ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис бар он гардид, ки дар кӯтоҳтарин муддат сулҳу амният дар Тоҷикистон барқарор шавад.

Имрӯз фазои сулҳу субот ва ваҳдати сартосарии тоҷикон имкони бештар фароҳам овардааст, то Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масоили гуногуни ҷаҳонӣ аз қабили мушкилотҳои обу иқлим, ҳифзи табиат, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ва амсоли инҳо ташаббусҳои созанда ва ҷаҳониро нишон диҳад.

Дар идомаи ташаббусҳои муфиди худ 24-уми сентябри соли 2024 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуда, дар Ҳамоиши Оянда пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад.

«Имрӯз мо шоҳиди афзоиши низоъҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ҳастем, ки садҳо ҳазор талафоти ҷониро байни аҳолии осоишта дар пай доранд», - зикр доштанд Президенти Тоҷикистон. Ҳамзамон таъкид намуданд, ки роҳбарони давлатҳоро зарур аст, ки атрофи ҳадафҳои умумӣ бо мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми кураи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шаванд.

«Вақти он расидааст, ки мо аз иқдоми муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем», - изҳор доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамзамон суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили вобаста ба тағйирёбии иқлим, ки боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ гардидааст, вобаста буд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар оянда низ миллати сулҳдӯсту сулҳпарвари тоҷик дар атрофи сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳидтар гардида, дар ободию шукуфоии кишвари азизамон - Тоҷикистон саҳми бештар мегузоранд.

Усмон Сафаров, муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top